Главная / Илм / АТРОФИЯ

АТРОФИЯ

406efefda_320x200АТРОФИЯ (Atrophia; аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва trophe – ғизо), лоғарӣ, харобӣ, ҳолати бефаъолиятӣ ва ё худ хурд шудани ҳаҷм ва андозаи узвҳои бадан. Одатан, дар вақти бемориҳои гуногун ба вуҷуд омада, фаъолияти узвҳо вайрон ё тамоман қатъ мегардад. Сабаби пайдоиши А. бартарӣ доштани раванди диссимилятсия нисбат ба ассимилятсия аст. А. физиологӣ ва патологӣ (умумӣ ва ҷузъӣ) мешавад. А.-и физиологӣ ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст (мас., А.-и ғадуди панҷшохашакл дар давраи расидан ба балоғати ҷинсӣ, А.-и ғадудҳои ҷинсӣ, пӯст, устухонҳо дар пиронсолӣ ва ғ.). А.-и патологӣ (беҳолӣ, кахексия) ҳангоми камғизоӣ, бемориҳои сироятии музмин ё заҳролудӣ, ихтилоли фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ, системаи марказии асаб, полиомиелит, атеросклерози рагҳои майна, таъсири омилҳои физикавию химиявӣ ва ғ. инкишоф меёбад. Ҳангоми А. андозаи узв, одатан, хурд мешавад, вале баъзан он бинобар афзоиши бофтаи чарбӣ, ки ҷойи унсурҳои ҳуҷайраи атрофияшударо мегирад, ба назар калон менамояд. А.-и патологӣ то давраи муайян табобат мешавад. Бо мақсади муолиҷаи А. омилҳои ба вуҷуд орандаи онро рафъ сохтан лозим.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …