Главная / Илм / АСАЛРИШҚА

АСАЛРИШҚА

melilotus-officinalis2АСАЛРИШҚА (Melilotus officinalis), говришқа, зардбеда, зарришқа, харбеда, гиёҳест як ё дусола. Аз 30 то 200 см қад мекашад. Пояи рости сершохча, барги сешохаи дарозрӯя ё байзашакл, гули зард, тухми гирда ё мудаввари дорчинӣ ё зарди сабзтоб дорад. Май – июн гул карда, июл – авг. тухм мебандад. Дар гулзорҳо, соҳили дарёҳо, канори ҷӯйҳо, киштзори юнучқа, гандум, ҷав, пахтазор ва боғҳо мерӯяд. Дар мавзеъҳои қ-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Сирдарё, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ (дар баландии 550 – 2600 м аз с.б.) дучор меояд. А.-ро дар давраи гулшукуфт меғундоранд.
Шифобахшии А.-ро Дисқуридус (Диоскорид), Теофраст, Ҷолинус, Закариёи Розӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалии Сино ва дигарон қайд кардаанд. Мувофиқи маълумоти Дисқуридус беҳтарин А. ҳамон аст, ки ранги заъфаронӣ ва бӯйи нисбатан тез дорад. Абӯалии Сино бо ҷӯшоби появу барги А. бемориҳои занонаро табобат менамуд. Марҳами А.-ро ба сар мебанданд (сардардро таскин мебахшад).
Дар тибби халқӣ ҷӯшоби баргу пояи А.-ро ҳангоми бемории роҳҳои нафас ва шуш (чун давои балғамовар) истеъмол мекунанд. Онро ҳангоми сардард ва чун давои таскинбахшу хобовар, бодрон (якчумчагӣ 2 – 3 маротиба дар як рӯз), пешоброн тавсия медиҳанд; марҳамашро ба захм, ниқрис ва тарбод мебанданд. Нақеъи «алафи» А. ҳангоми табларза, иллатҳои меъдаву рӯда, бодхӯра нафъ дорад. Чойи гули А.-ро бо маска ё равғани зард омехта барои табобати ҷароҳатҳо истеъмол менамоянд, ҳангоми шамол хӯрдан ба бадан мемоланд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …