Главная / Гуногун / ҲАММОМИ «БИРЕЗ-БИРЕЗ»

ҲАММОМИ «БИРЕЗ-БИРЕЗ»

Абўалӣ Сино дар пиронсолӣ ба дарди бедавое мубтало шудааст. Ў ҳис кардааст, ки умраш ба охир расида истодааст. Бинобар ин вай чил рўз дар таҳхона нишаста, аз ҳар хел гиёҳ чил шиша дору тайёр кардааст.

Баъд аз ин Ибни Сино яке аз шогирдони содиқашро, ки тамоми илму ҳунари ўро аз худ карда будааст, ба наздаш ҷеғ зада гуфтааст:

unnamed         – Агар ман мурам, ҷасадамро ба замбар андохта ба гармхонаи ҳаммом бару мон. Сонӣ ҳар рўз аз болои ҷасадам як шиша аз ҳамин дору рехтан гир. Баъд аз чил рўз ман баргашта зинда мешавам ва дигар намемурам. Он вақт туро ба мурод мерасонам, ту ҳам монанди ман табиби машҳур мешавӣ.

Пас аз чанд рўз Абўалӣ Сино вафот кардааст. Шогирди содиқ мурдаро ба замбар андохта, ба гармхонаи ҳаммом бурда мондааст ва ҳар рўз  аз он дору як шишаашро ба болои ҷасади устодаш рехтан гирифтааст.

Рўзи сию нўҳум ҷасади Абўалӣ Сино овоз бароварда гуфтааст:

– Бирез! Бирез! Бирез!

Шогирд шишаи охирини доруро гирифта аз шодӣ ба гармхона мерафтааст, ки пояш лағжида, шишаи дору аз дасташ афтода шикастааст. Гўё аз ҳамин сабаб Абўалӣ Сино зинда нашуда мондааст.

Мегўянд, ки ҳоло ҳам, агар одами поку нек ва раҳмдилу ростқавл аз назди вайронаи ҳаммом гузарад, садои «бирез-бирез!»-и ҷасади Абўалӣ Синоро мешунидааст*.

 

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …