Яке аз вузаро маъзул шуд ва ба ҳалқаи дарвешон даромад. Баракати сўҳбати эшон дар ў сироят кард ва ҷамъияти хотираш даст дод. Малик бори дигар бар ў дил хуш кард ва амал фармуд, қабулаш наёмаду гуфт:
– Маъзулӣ беҳ, ки машғули.
Онон, ки ба кунҷи офият биншастанд,
Дандони сагу даҳони мардум бастанд.
Коғаз бидариданду қалам бишкастанд
В-аз дасти забони ҳарфгирон растанд.
Малик гуфто:
– ҳар оина моро хирадманди кофӣ бояд, ки тадбири мамлакатро бишояд. Гуфт: «нишони хирадманди кофи он аст, ки ба чунин корҳо тан надиҳад».
Ҳумой бар ҳама мурғон аз он шараф дорад
Ку устухон хўраду ҷонвар наёзорад.