Главная / Гуногун / Аҳкоми дуруд фиристодан

Аҳкоми дуруд фиристодан

Ва ҷумҳури уламо бар онанд, ки амри ба салавоти бар он Ҳазрат (с) дар ин оят маҳмул аст бар вуҷуб, аммо ихтилоф дар миқдори он воҷиб аст. Имом Молик (paҳ) гӯяд, ки: «Дар ҳамаи умр як бор воҷиб аст ва зиёда бар он мандубу мустаҳаб ва дар баъзе мавозеъ истеҳбоби муаккада аст», яъне дар намоз баъд аз ташаҳҳуди аввал ба мазҳаби Имом Шофеӣ (paҳ) ва дар ташаҳҳуди охир воҷиб аст. Ба мазҳаби Имом Абӯҳанифа (paҳ) ва бархе аз уламои шофеия суннат аст. Ва аиммаро дар вақти гуфтану шунидани номи он Ҳазрат (с) ихтилоф аст, баъзе бар онанд, ки дар ҳар навбат дуруд гуфтан воҷиб бувад ва ҷамъе гӯянд, ки дар як маҷлис як навбат, ё се навбат воҷиб асту бас. Ва фатво бар он аст, ки номи он Ҳазрат (с) дар маҷлисе ҳар чанд бор, ки такрор ёбад, як навбат дуруд воҷиб аст ва боқӣ суннат.

surati-tarixiВа дар кайфияти салавот аҳодиси гуногун ворид шудааст.

Ва Имом Нурӣ (paҳ) фармуда, ки афзал он аст, ки ҷамъ намояд миёни аҳодиси мазкура, ки аксари он ба сиҳҳат пайваста ва алфози воридаро ба тамом биёрад, бар он ваҷҳ ки:

Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин абдика ва расулика-н-набиййи-л-уммиййи ва ало оли Муҳаммадив-ва азвоҷиҳи ва зуррийятиҳи камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима; ва борик ало Муҳаммадин-набиййи-л-уммиййи ва ало оли Муҳаммадив-ва азвоҷиҳи ва зуррийятиҳи  камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳима фӣ-л-оламина, иннака Ҳамиду-м-Маҷидун ва саллама таслиман касиран касиро.

Қитъа:

Ё Сайиду-л-аном, дуруди ҷаноби ту

Вирди забони мост маҳу солу субҳу шом.

Наздики ту чи туҳфа фиристем мо зи дур,

Дар дасти мост ҳамин салавоту вассалом.

Ва Қозӣ Абӯбакр гуфт: «Фарз гардонид Ҳақ ҷалла ва ало бар муъминон, ки салавоту салом фиристанд бар Пайғамбари вай (с) ва нагардонид мар онро вақте муайян, пас, воҷиб аст, ки бисёр гуфта шавад ва ғафлат варзида нашавад».

Масъала. Салавот гуфтан дар намоз фариза аст, ё суннат? Бар қавли Шофеӣ (paҳ) фариза аст ва бар қавли уламои мо суннат аст. Ваҷҳи қавли Шофеӣ (paҳ) он аст, ки Худованд азза ва ҷалла мефармояд, ки: «Инналлоҳа ва малоикатаҳу юсаллуна ала-н-набийи ё айюҳа-л-лазина оману саллу алайҳи ва саллиму таслимо». (тарҷума ва шарҳи ин оятро дар аввали китоб оварда будем) ва ба ҳадиси он Ҳазрат (с) он, ки «Ло салота ли ман лам юсалли алайя», яъне: «Нест намоз бар шахсе, ки то нагӯяд бар ман дуруд». Шофеӣ (раҳ) гуфтааст, ки субути ин салавот гуфтан ҳам ба ояту ҳам ба ҳадис аст, бояд ки фариза бувад. Ва уламои мо мегӯянд (paҳ), ки салавот гуфтан ба оят собит аст, валекин таъйини дар намоз ба амри Пайғамбар (с) аст. Ва он чи Расулуллоҳ (с) фармудаанд, аз роҳи фазилату камол фармудаанд. Далел бар он, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд, ки: «Нест намоз ҳамсояи масҷидро ҷуз дар масҷид». Ва агар ҳамсояи масҷид дар хона намоз мегузорад, раво бувад, лекин он фазилату камол набувад, ки дар масҷид гузорад, ин низ ҳамон ҳукмро дорад. Расулуллоҳ (с) фармудаанд, ки: «Намоз нест дар замини ғасбӣ». Ва низ фармудаанд (с), ки: «Намоз нест мар зани хашмгирифтаро». Ва агар эшон намоз гузоранд, раво бувад, ин низ ҳамон ҳукмро дорад, то агар касе намоз гузорад ва салавот нагӯяд, намозаш раво бувад, аммо он фазилату камол набувад, ки салавот гӯяд.[1]

Ва салавот гуфтан дар муддати умри худ як бор фариза аст, чунончӣ калимаи шаҳодатро як бор гуфтан фариза асту баъд аз он суннат аст, валекин бояд ки пайваста бигӯяд. Расулуллоҳ (с) фармудаанд, ки: “Ҳар кӣ як бор бар ман салавот гӯяд, боқӣ намонад бар вай аз гуноҳони вай заррае».[2]

Масъала. Ҷамоате дар як ҷой номи Расулуллоҳ (с) мегӯянд, ё мешунаванд, ҳар боре, ки мегӯянд, ё мешунаванд, салавот бар Расулуллоҳ (с) гӯянд, ё не? Абӯлҳасани Кархӣ (paҳ) гуфтааст, ки се бор гӯянд ва баъд аз он нагӯянд, гунаҳгор нашаванд, аммо зоҳири ривоят он аст, ки ҳар бор, ки гӯянд, ё шунаванд, бояд ки салавот гӯянд, зеро ки Расулуллоҳ (с) чунин фармудаанд, ки: “Ҳар кӣ номи ман шунавад ва бар ман салавот нагӯяд, пас, ҷафо кардааст бар ман».[3]

Масъала. Дар ҳангомаҳо номи Расулуллоҳ (с)-ро мегӯянд, салавот гуфтан шояд, ё не? Нарм шояд гуфтан баланд не, аз барои он, ки эшонро нияти ибодат нест ва муроди эшон гармии ҳангома аст, чун ту нарм[4] гуӣ, Худованди таоло савоби ибодат дар девони ту сабт гардонад.[5]

Масъала. Агар касе дар умри худ як бор ҳам дуруд нафиристод, пас, ҳалок шуд ва зиёнгор гардид, чун ки ӯ аз ҷумлаи муъминон набудааст.

Масъала. Дар хутбаи намози ҷумъа, агар ояти «Инналлоҳа ва малоикатаҳу юсаллуна ала-н-набийи ё айюха-л-лазина оману саллу алайҳи ва саллиму таслимо» хонда шавад, дуруд нахонад, магар дар дили худ. Ҳалқа баста, ё дар масоҷид ба овози баланд дуруду салом хондан ҷаҳл[6] ва бидъат аст. (Дурру-л-мухтор).[7]

Масъала. Ва чун номи гиромии он Ҳазрат (с)-ро дар китобе менависад «саллаллоҳу алайҳи ва саллам»-ро мукаммал бинависад ва танҳо бар «салъам», ё бар “Сод” кифоят накунад ва пеш аз исми гиромӣ «Сайидино» ва ё мисли он ҳар кадом лақаберо бинависад, мустаҳаб аст (Дурру-л-мухтор).[8]

Масъала. Дар намоз ғайр аз ташаҳҳуди охир дар дигар ҷо дуруд хондан макрӯҳ аст. (Дурру-л-мухтор).[9]

Масъала. Ба ғайри таҳорат хондани дуруд ҷоиз аси аммо ботаҳорат нуран ало нур аст. (Зоду-с-саид).[10]

Масъала. Рӯзи ҷумъа хондани дуруд аз дигар вақтҳо афзал аст ва шаби ҷумъа низ дар ҳукми рӯз аст.

Наъти Абдулҳайи Муҷаҳарфӣ (paҳ)

Ҳабиби Холиқи якто Муҳаммад,

Муҳибби Ҳазрати Мавло Муҳаммад.

Амири кишвари мулки ҳидоят,

Имоми Ясрибу Батҳо Муҳаммад.

Шавад Арши барин фарши раҳи ӯ,

Муқими тахти «Ав-адно» Муҳаммад.

Шаҳи қасри «Кафо биллоҳ» бошад,

Маҳи бадри фалакпаймо Муҳаммад.

Бувад сарви лаби ҷӯйи иродат,

Гули хуби чаманоро Муҳаммад.

Диҳад бар ташнакомони ҷаҳон об

Зи ҷоми сураи «Тоҳо» Муҳаммад.

Ба гулзори ҳидоят пурфиғон буд

Дамодам андалебосо Муҳаммад.

Ба гуфтораш, ки холӣ аз ҳаво буд,

Фиканда дар ҷаҳон ғавғо Муҳаммад.

Гунаҳгорони умматро ба маҳшар

Бувад охир фараҳбахшо Муҳаммад.

Ба ёдаш шод дилҳои муҳиббон

Фараҳбахшандаи ҷонҳо Муҳаммад.

Асои дасти ҳар афтода номаш,

Хаёлаш роҳати дилҳо Муҳаммад.

Тарабафзост, эй шамъи дилоро,

Ба дилҳо ёди рӯят, ё Муҳаммад.

Салоту ҳам саломи аз ҳад афзун

Ба рӯҳат, эй Ҳабиби мо, Муҳаммад.

Ба Абдулҳай насими боғи фирдавс

Расад аз хоки кӯят, ё Муҳаммад.

[1] «Салоти Масъудӣ». Саҳ. 58.

[2] «Салоти Масъудӣ». Саҳ. 58.

[3] «Салоти Масъудӣ». Саҳ. 58.

[4] Нарм — паст.

[5] «Салоти Масъудӣ». Саҳ. 59.

[6] Ҷаҳл – нодонӣ.

[7] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 242.

[8] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 242.

[9] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 243.

[10] «Раҷоу-л-мақбул». Саҳ. 243.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …