Буд набуд, будгор буд,
Замин набуд шудгор буд.
Дар як мамлакати зебову куҳистонӣ панҷ апаву хоҳар буд. Апаи Билайн-моҳ, Индиго-бибӣ, Эмелте- гул, Вавилонхон ва аз ҳама хурдӣ ТК – Майдагул ном доштанд.
Бо мурури замон апаҳову хоҳарҳо бо ҳам унс гирифта калон мешуданд. Чун ба воя расидан ва духтарони қадрасу зебо гардиданд, овозаю дарвоза тамоми мамлакатро фаро гирифт, хостгорҳо низ пушти дари хонаи онҳо аз субҳ то шом ва аз шаб то рӯз мунтазир мемонданд.
Ман ҳам ҷавони қадрасу зебо ният кардам, бо яке аз онҳо ойла бунёд кунам. Ба ман бисёртар Эмелте-гул маъқул буд. Бо қади баланд, рӯйи гирд, дандонҳои сапсафед ва мӯйи суп-сурхи дарозаш маро мафтун карда буд. Хулас баъди чанд соли даводаву паропар билохира Эмелте-гул розӣ шуду мо шартномаи ақдро бо ҳам бастем.
Аз аввал бисёр зиндагӣ мушкил буд. Чун ҳангоми ба хонаи мо омадани Эмелте-гул, чандин таҷҳизоти рӯзгор аз ҷумла, интернет, мсн, голосовой ва як қаттор лавозимоти зиндагиро бо худ наоварда буд.
Мо ҳам бачаи шаҳр, эҳтиёҷе ба ин лавозимот надоштем. Чун эҳтиёҷоти худро дар интернет кафеҳо бароварда мекардем. Аз ин рафторӣ мо, Эмелте- гул нораҳат мешуд. Рашк оқибат кори худро кард. Эмелте-гул оҳиста оҳиста ба хона интернету мсн-у дигар лавозимоти зиндагиро билохира овардан гирифт. Акнун шабҳо ба кӯча баромадану интернет кафе билкул мамнуъ шуда буд. Ҳарчанд лавозимоти овардагӣ нуқсон доштанд, тез тез аз кор мебаромаданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, борӣ зиндагӣ ба дӯши ман буд.
Аз байн чандин сол гузашт, Эмелте-гулро тамоман шинохтан намешуд. Беҳудаву баҳуда ҷангҷол мебардошт. Мо бехабар гоҳу ногоҳ шартҳои шартномаро вайрон мекард. Бо хости дили худ онро гоҳ боло ва гоҳ поён меовард. Як рӯз нопурсида аз хона баромаду бедарак шуд, аз байн чанд рӯз гузашта бо симои тамоман ношинохтанӣ вориди хона шуд.
Ба замми ҳамаи ин номашро ҳам тағир додааст. Акнун вай Эмелте- гул неву Мегафон-гул шудааст.
Хуб мо бачаи мефаҳмидагӣ ба инан ҳам сабрро пешша кардем. Сари хамро шамшер намебурад-гуфта аз паи зиндагӣ шудем. Боз аз байн чандин соли зиндагии муштарак ҳам гузашт. Вазъият рӯз ба рӯз хароб мешуд. Акнун дигар аз ман намепурсидагӣ шуд. Кай хоҳад, чӣ хел хоҳад шартномаро тағийр медод. Тарофаҳои мо кӯҳна шуда гуфта, онро дигар мекард. Агар пеш барои интернегу нозу нузаш андак маблағ сарф мекардам, ҳоло сарамро набардошта мегабайтам тамом шуд, зуд мегабайт биёр. Ҳар мо намедонам ба кадом як хеши дураш 80 дирам, ҳамту муфт бо ду дасти адаб бурда медодам. Мабодо агар намедодам, тамом чанд шабу чанд рӯз қаҳрӣ мекард.
Рӯзе аз рӯзҳо аз ин зиндагӣ хаста шудам, хостам каме ҳам бошад ба баҳри Фесбук равам, каме ҳам бошад як чанд рӯз худро аз ин дору мадори зиндагӣ канор гирам. Чанд рузе дар баҳри Фесбук гашту гузор карданам, бинам чор ҷавон ончунон бо тоҷикӣ гуфтугӯ доранд, бовар накарданист. Аз хушҳоли худро ба онҳо наздик кардаму яку якбора ҳамаашонро шинохтам. Ин чор ҷавон ҳамаш бо ман хешу табор. Агар ба лаҳҷаи мардуми одди-якак карда гӯем “боҷоҳоям”. Осонакак карда гӯям шавҳарони Билайн-моҳ, Индиго-бибӣ, Вавилонхон ва ТК-Майдагул. Ба ғайр аз шавҳари ТК-Майдагул дигар ҳамаашон мондаву сарсону саргардон буданд. ТК -Майдагул тоқат накарда, шаҳрванди ким кадом як мамлакати бойро соҳиб шудаву шавҳарашро партофта рафтааст.
Билайнмоҳ бошад, мисли Эмелте-гул тағйири ном кардаст. ZTE моҳ шудаст.
Индиго-бибӣ аз апаву хоҳарҳо қафо намонда, номи аврупоӣ Тссел-бибиро гирифтааст.
Аҳволи шавҳари Тссел-бибӣ тамоман хароб буд. Чандин бор ба назди хонаи наздикони Тссел-бибӣ рафтааст, касе ҳатто ба пешвозаш набаромадааст. Билохира тоқати ҷавон тоқ шуда дар пушти дарвозаи волидони Тссел-бибӣ аз ӯ ҷудо шуду шартномаи ақдро бидаронд.
Ягона дар байнашон Вавилонхон тағйири ном накардаасту халос. Аммо феълу рафтораш айни апаву хоҳараш.
Баьди суҳбвтҳои тулониву самимӣ ба мани намефаҳмидагӣ маьлум гардид, ки ҳамон мушкилоте, ки ман дар зиндагӣ бо Мегафон-гул дорам, ин чор сағераи бепадари дигар ҳам дорад. Ҳама ҳайрону сарсону саргардон.
Ростӣ баьди вохурӣ намедонам чӣ кор кунам?! Бо шарту марти Мегафон-гул зиндагӣ кунам ва ё ҷудо шавам. Хубу ганда қариб 18 сол бо ҳам зиндагӣ дорем. Гоҳҳо зиндагии талх гоҳҳо ширин.
Ба қароре омадам як моҳаки дигар сабро пеша кунам. Бинам агар ягон тағйироту пешрави дар рафтору гуфтори Мегафон-гул пайдо нашавад, аз Мегафон-гул ҷудо мешаваму барқасдона яке аз апаву е хоҳарашро мегирам. Туй медиҳам ва ҳамаи Шумо азизонро ба оши наҳору рестаран даъват мекунам))).