Главная / Илм / АДЕНОИД

АДЕНОИД

adenoidАДЕНОИД (Adenoides; аз юн. Aden – ғадуд ва eidos – шакл), аз ҳад зиёд калон шудани бодомакҳои гулӯ. Асосан дар ширхораҳо ва кӯдакони 3 – 10 сола(баъзан аз 10-сола калон) мушоҳида мешавад. Ба А. баъзе бемориҳои сироятӣ, ки ҳангоми онҳо пардаи луобии даруни бинӣ ва бодомакҳо газак мегиранд (мас., сурхча, махмалак, гулӯзиндонак, грипп ва ғ.), инчунин газаки шадид ва музмини роҳҳои болои нафаскашӣ мусоидат мекунанд. Бинобар ин сари вақт ва дуруст муолича кардани ин бемориҳо барои пешгирии А. аҳамияти калон дорад. Душвор гаштани нафаскашӣ бо бинӣ, ки дар натиҷаи ҳалқу димоғро пур кардани бодомаки калон ба амал меояд, ҳамчунин тарашшӯҳи зиёд аз бинӣ аломатҳои аввалини А. мебошанд. Дар натиҷаи вайрон шудани нафаскашӣ бо бинӣ кӯдакон дар хоб хуррок мекашанд. Хоби ноором боиси беҳолӣ ва рӯҳафтодагӣ мегардад; чунин кӯдакон дар мактаб бад мехонанд. Кӯдакони ширмак синаро дуруст макида натавониста, ҷисман суст инкишоф меёбанд. Ғайр аз ин, А. дар ин синну сол сабаби бронхит ва бронхопневмония мегардад. Дар чинҳои А. баъзан ба миқдори зиёд бактерияҳо ғун мешаванд (аденоиди музмин). Аз ин лиҳоз онҳо метавонанд манбаи пайдоиши илтиҳоби шадиди халқу димоғ гарданд. Бисёр вақт дар баробари хуруҷи А. қувваи сомеа заъф меёбад. Дар аснои тӯл кашидани беморӣ кӯдак бо бинӣ нафас гирифта наметавонад, бинобар ин ӯ фақат бо даҳон нафас мекашад ва ҳамеша даҳонашро кушода мегардад; ҷоғи поён овезон ва чинҳои бинию лаб нест шуда, рӯй намуди хоса мегирад. Аз сабаби душвор гардидани ҳаракати хуну лимфа дар майна сар дард мекунад.Барои пешгирии оқибати нохуши А. ҳангоми пайдоиши аломатҳои аввалини беморӣ дарҳол ба духтур муроҷиат кардан зарур аст. А.-ро бисёр вақт бо роҳи ҷарроҳӣ, ки дар шароити менамоянд (баъди 1,5 – 2 соат кӯдакро ба хона ҷавоб медиҳанд); 2 – 3 рӯзи аввали баъди ҷарроҳӣ кӯдакро бистарӣ карда, то 5 – 7 рӯз аз таоми гарм (аз 18 – 200С боло), ғизоҳои сахт (мас, нони хушк ва ғ.), инчунин хӯрокиҳои тунд, шӯр ва шоколад парҳез кунонидан лозим аст; бисёр ҳаракат кардан ва дар офтоб гаш- тан мумкин нест; ҷои зисту бозӣ ва хоби ӯ бояд доимо тоза бошад; хонаи хоби кӯдакро фақат бо латтаи тар тоза кардан лозим аст.
Ад: Богомильский М.Р., Чистякова
В.Р., Детская оториноларингология, М., 2002; Хи- рургические болезни детского возраста, ҷ. 1 – 2, М., 2004; Детские болезни, М., 2004.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …