Абдулқодири Гелониро дидаанд дар ҳарами Каъба рўй бар ҳасбо ниҳода, ҳаме гуфт:
– Эй худованд, бубахшой ва гар ҳароини муставҷиби уқубатам, дар рўзи қиёматам нобино барангез, то дар рўи некон шармсор нашавам.
Рўй бар хоки аҷз мегўям
Ҳар саҳаргаҳ, ки бод меояд:
Эй, ки ҳаргиз фаромушат накунам,
Ҳеҷат аз банда ёд меояд?