Ёд дорам, ки дар айёми ҷавони гузар доштам ба кўе ва назар бар рўе дар тамузе, ки ҳарураш даҳон бихушонидӣ ва самумаш мағзи устухон биҷушонидӣ, аз заъфи башарият тоби офтоби ҳаҷир наёвардам ва илтиҷо ба сояи деворе кардам, мутараққиб ки ҳарри тамуз аз ман бибарад, обе фурў нишонад, ки ҳаме ногоҳ аз зулмати даҳлези хона равшани битофт, яъне ҷамоле, ки забони фасоҳат аз баёни сабоҳати ў оҷиз ояд, чунон ки дар шаби торе субҳ барояд ё оби ҳаёт аз зулмот ба дар ояд, қадаҳе барфоб бар дасту шакар дар он рехта ва ба арақ баромехта, надонам, ба гулобаш мутайиб карда буд ё қатрае чанд аз гули рўяш дар он чакида. Филҷумла, шароб аз дасти нигоринаш баргирифтаму бихўрдам ва умру ҷавони аз сар гирифтам.
Хуррам он фархундатолеъро, ки чашм
Бар чунин рўй ўфтад ҳар бомдод.
Масти май бедор гардад ними шаб,
Масти соқи рўзи маҳшар бомдод.