Порсоеро дидам бо мухаббати шахсе гирифтор, на токати сабру на ёрои гуфтор, чандон ки маломат дидию гаромат кашиди, тарки тасоби нагуфтиву гуфти:
Кутах накунам зи доманат даст,
В-ар худ бизани ба теги тезам.
Баъд аз ту малозу малае нест,
Хам дар ту гурезам, ар гурезам.
Боре маломаташ кардаму гуфтам:
– Акли нафисатро чи шуд, то нафси хасиси голиб омад?
Замоне фуру рафту гуфт:
Хар кучо султони ишк омад намонд
Куввати бозуи таквиро махал.
Покдоман чун зияд бечорае.
Уфтода то гиребон дар вахал.