Ҷавоне хирадманд аз фунуни фазоил хаззе вофир дошт ва табъе нофир, чандон ки дар маҳофили донишмандон нишастӣ, забони сухан бубастӣ. Боре падар гуфт:
– Эй писар, ту низ он чӣ донӣ, бигўй!
Гуфт:
– Тарсам, ки бипурсанд, аз он чӣ надонам ва шармсорӣ барам.
Нашунидӣ, ки сўфие мекўфт
Зери наълайни хеш мехе чанд,
Остинаш гирифт сарҳанге,
Ки биё, наъл бар сутурам банд!