Главная / Гуногун / Тарзи дуруст навиштани Гузориш

Тарзи дуруст навиштани Гузориш

ГУЗОРИШ

Дар тиҷорат вақт ғанимат аст ва истифодаи самаранокии он бар фоиданокии фаъолият таъсири назаррас меоварад. Дар акси ҳол талафоти аз ҳисоби имкониятҳои истифоданашуда, ки аз беистифода қарор додани сармоя ба миён меояд, коҳиш додан хеле душвор аст.
Ба назари ман ҳамчун мутахассис оид ба таблиғот вазифаи асосӣ ин ҳарчи бештар ба фуруш баровардани моли корхона аст, ки дар ҳолати Тарабхона ин «Хизматрасонӣ», мебошад. Дигар корҳое, ки посух додан ба саволу эзоҳҳои мизоҷон алоқаманд аст ин кори мутахассис оид ба «Робита бо ҷомеа» мебошад ва ё ба мутахассисоне ки бевосита дар зангҳои телефонӣ ва дигар васоити алоқа бо мизоҷон алоқаманд мебошанд, марбут аст.
Барои меҳмонхонаи «Сафир» ҳамчун корҳои афзалияти асосӣ дар бахшӣ таблиғот алоқамандбуда ин истифодаи 4-самти таблиғот мебошад:
1. Тавассути Google.com бурдани таблиғот. Буджа дар як моҳ 500 доллари ИМА;
2. Ба воситаи Yandex.ru бурдани таблиғот. Буджа дар як моҳ 100 доллари ИМА;
3. Истифодаи фиристодани варақаҳои таблиғоти ба шаҳрвандони Тоҷикистон. Базаи 100 000 почтаи электронии тоҷикистониён ва барои ба ҳамам онҳо равон кардани таблиғоти ҳар се корхона, 100 доллар дар як моҳ лозим;
4. Сохтани видеоролики баландсифати меҳмонхона дар 3-забон (Англисӣ, Русӣ, Тоҷикӣ) ва гузоштани он дар шабакаҳо. Хароҷоти сохтан на кам аз 1000 долларо ташкил медиҳад.
Дигар корҳое, ки алҳол тавассути фейбук, инстаграм ва ғайраҳо пеш бурда истодаем афзалияти чандон баланд надорад.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …