Аз Ҳазрати Убай ибни Каъб (раз) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд:
- Эй Абӯмунзир, оё медонӣ кадом ояти Қуръон дар назди ту аз ҳамаи оятҳои Қуръон азимтар аст?
Дар посух гуфтам:
- Аллоҳ ва Расулаш (с) беҳтар медонанд.
Дубора Расулуллоҳ (с) пурсид:
- Эй Абӯмунзир, оё медонӣ, ки кадом ояти Қуръон дар назди ту аз ҳамаи оятҳои Қуръон азимтар аст?
Ҷавоб додам, ки:
- “Ояти Курсӣ” аз ҳамаи оятҳои Қуръон бартару азимтар мебошад.
Ҳазрати Убай ибни Каъб (раз) мефармояд: Расулуллоҳ (с) дасти муборакро бар синаам ниҳод ва фармуд:
- Эй Абӯмунзир, ин илму биниш бар ту муборак бод!
Аз ин ҳадис маълум мегардад, ки «Ояту-л-Курсӣ» аз ҳамаи оятҳои Қуръон азимтару бартар мебошад. Ин оят ба ин хотир ба нисбати оятҳои дигар муҳимтару бартар мебошад, ки дар ин оят тавҳиди зоти Илоҳӣ ва сифоти Илоҳӣ баён гардидааст.