Главная / Гуногун / Дуои эминӣ аз офатҳои шабонарӯзӣ

Дуои эминӣ аз офатҳои шабонарӯзӣ

Ҳазрати Убон ибни Усмон мефармояд, ки: «Ба ман гуфт падари ман, ки: «Иршод фармуданд Расулуллоҳ (с), ки: «Шахсе, ки ҳар рӯз дами субҳ ва ба вақти шом ин дуоро се бор бихонад, чизе дар он шабу рӯз ӯро нуқсон нахоҳад расонид».[1] Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Бисмилоҳи-л-Лазӣ ло язурру маъа исмиҳи шайъун фӣ-л-арзи ва ло фӣ-с-самои ва Ҳува-с-Самеъу-л-Алим.

Тарҷума: Шуруъ мекунам аз номи Эзид, ки аз баракати номи ӯ чизе нуқсону зиён наметавонад расонид, на аз замин ва на аз осмон ва нест ҷуз Ӯ Шунавандаву Донанда.

*****

Ҳазрати Абӯҳурайра (раз) мефармояд, ки: «Як шахс дар хизмати Расулуллоҳ, (с) ҳозир шуда арз кард:

  • Эй Расулаллоҳ (с), дишаб ба сабаби неши каждум бисёр дард кашидам.

Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд:

  • Агар ту дар вақти шом ин калимотро мехондӣ, пас каждум ҳаргиз наметавонист ба ту ҳеҷ зараре бирасонад.[2]

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аузу би калимотиллоҳи-т-томмоти мин шарри мо халақ.

Тарҷума: Ман ба василаи тамоми калимоти Худои таоло (фоидадиҳанда, шифодиҳанда) аз шарри ҳамаи махлуқот паноҳ металабам.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …