Савол: Намози нафл (Нофил) чист ва чи тавр бояд онро хонд?
Ҷавоб: Намози нафл ин намозҳои иловагист ва мустаҳаб мебошад. Яъне намозест, ки бо қадри имконият ва хоҳиш хонда мешавад. Намози нафл ба якчанд зернамуд тақсим мешавад, аз ҷумлан:
- Намози Таҳаҷҷуд;
- Намози Ишрок;
- Намози Дуҳо;
- Намози Авобин;
- Намози таҳияи масҷид.
- Таҳияи вузуъ.
Намози нафл чанд ракат аст? Намози нафлро паёмбар Муҳаммад (Салаллоҳи алайҳи васаллам) ҳам дар вақтҳои муайян ва дар шумораи ракатҳои аниқ мехонданд.
Яъне:
Таҳаҷуд – Баъди нимшаб то субҳи содиқ, аз 2-то 10 ракат;
Ишрок – 2 ракат баъди ним соат пас аз баромадани офтоб;.
Дуҳо – аз 2 то 8 ракат баъди намози ишрок то нисфирузӣ (қиёми офтоб).
Аввабин – аз 2 то 6 ракат баъди нишасти офтоб.
Ё Раб оъламин!.
Тарзи хондани намози нафл.
Намозҳои нофил ба нияти нафл гузоридан, бе таъини онҳо хонда мешавад. Дар ин намуди намоз дилхоҳ сураҳои Қуръони карим хонда мешавад.