Моддаи 247-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Ҳалли масъалаҳо дар бораи баргардонидани иҷрои қарор аз ҷониби суди марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ
- Суде, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ ё тартиби назоратӣ баррасӣ менамояд, агар бо таъинот ё қарори худ баҳсро моҳиятан ҳал кунад ё баррасии парвандаро қатъ намояд ё аризаро баррасӣ накунад, ӯҳдадор аст масъалаи баргардонидани иҷрои қарорро ҳал намояд ё барои ҳал кардани он ба суди марҳилаи якум ирсол намояд.
- Агар дар таъинот ё қарори суди болоӣ нисбат ба масъалаи баргардонидани иҷрои қарор ягон супориш мавҷуд набошад, шахси манфиатдор метавонад ба суди марҳилаи якум аризаи дахлдор пешниҳод кунад.