Моддаи 120-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти адлия
- Мақомоти адлия дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 502-503 ва 505 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамоянд.
- Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти адлия вазири адлия, сардорони раёсати адлия ва муовинони онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ҳуқуқ доранд.