Моддаи 145-и Кодекси оила. Беэътибор донистани фарзандхондии кудак
Фарзандхондии кудак дар холатхое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:
– халномаи фарзандхонди ба хуччатхои калбаки асос ёфта бошад;
– фарзандхонди калбаки бошад;
– шахси ба балогатрасида ба фарзандхонди кабул шуда бошад;
– фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд уро гайрикобили амал ё кобили амалаш махдуд эътироф карда бошад;
– шахси фарзандхондкарда бо халномаи суд аз хукуки падару модари махрумшуда бошад;
– шахсоне, ки барои номатлуб ичро кардани ухдадорихои конунан ба зиммаашон гузошташуда аз ухдадорихои васи ё парастори бартараф карда шуда бошанд;
– фарзандхонди бинобар гунохи содиркардаи собик фарзандхондагон аз чониби суд бекор карда шуда бошад;
– шахсоне, ки бинобар вазъи саломати наметавонанд хукуки падару модариро амали намоянд. Номгуи беморихое, ки хангоми ба онхо мубтало будани шахс наметавонад кудакро ба фарзандхонди кабул кунад, тахти васоят (парастори) карор дихад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.