Моддаи 128-и Кодекси оила. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда ва фарзандхондшаванда
- Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз шонздаҳ сол кам набошад.
- Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кӯдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синну соли дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида зарур нест.