Моддаи 363-и Кодекси Меҳнат. Назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат
- Назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнатро иттифоқҳои касаба, нозирон ва комиссияҳои мақомоти дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё дигар намояндагони кормандон амалӣ менамоянд.
- Назорати ҷамъиятии санитариро нозирони ҷамъиятии санитарии ташкилот амалӣ мегардонанд.