Моддаи 329-и Кодекси Меҳнат. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат
Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат аз инҳо иборатанд:
– таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат ва бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;
– таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат дар доираи ваколати худ;
– ҳамоҳангсозии корҳои вазорату идораҳо оид ба ҳифзи меҳнат;
– ташкил ва сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо;
– экспертизаи давлатии шароити меҳнат дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсисёфта, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;
– ба роҳ мондани назорати давлатии риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат;
– дар мувофиқа бо мақомоти давлатии омор таҳия ва қабули шаклҳои ҳисоботи давлатии омории нишондиҳандаҳои шароитҳо ва ҳифзи меҳнат, ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
– таҳияи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
– таҳия ва тасдиқи қоидаҳои байнисоҳавӣ ва санадҳои ташкилию методӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
– тасдиқ намудани меъёрҳои намунавии соҳавии ба кормандон ройгон додани воситаҳои муҳофизати инфиродӣ;
– ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба ҳифзи меҳнат;
– таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароити меҳнат ва ҳифзи он;
– дигар ваколатҳо оид ба ҳифзи меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.