Моддаи 260-и Кодекси Меҳнат. Давомнокии вақти кўтоҳи кории маъюбон
- Ба маъюбони гурўҳҳои I ва II вақти кори давомнокияш кўтоҳ на зиёда аз 36 соат дар як ҳафта бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.
- Давомнокии кори ҳаррўзаи (басти кории) маъюбони гурўҳҳои I ва II аз 6 соат зиёд буда наметавонад.