Моддаи 237-и Кодекси Меҳнат. Музди меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва ё шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд
Музди меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва ё шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, дар фарқият бо музди меҳнати кормандоне, ки дар корҳои шароити меҳнаташ муқаррарӣ фаъолият менамоянд, бо роҳи баланд бардоштани маоши вазифавӣ ва ё иловапулӣ, вале на кам аз муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои соҳавӣ ва ё шартномаҳои коллективӣ, ки дар асоси андозаи музди меҳнати камтарин пешбинӣ намудаанд, муқаррар карда мешавад.