Моддаи 213-и Кодекси Меҳнат. Хусусияти реҷаи меҳнат ва истироҳати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида
Ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида ба корҳои шабона, изофакорӣ, ба ҳисобгирии якҷояи вақти корӣ, фиристонидан ба сафари хизматӣ ва иҷрои корҳои вахтавӣ, инчунин бозхондани онҳо аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда манъ аст.