Главная / Илм / ЗОНГ

ЗОНГ

zongЗОНГ, чашмаи минеарли дар нох. Ишкошим. Дар андароби д.-хои Помир ва Вахон, такр. 111 км дуртар аз маркази нохия вокеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2840 – 3020 м. Оби чашма аз 9 чой, ки оби шаштои он хунук ва оби сетоаш гарм аст, мебарояд. Мавзеи чашма ба шибарзамин табдил ёфтааст. Дар атрофу акнофи он буи гидрогенсулфид хис мешавад. Дебити чашмахои обашон гарм – 6,0 л/сон., харор. +25,5 – +470С. Оби чашма газнок буда, аз натрий (650 мг/л), калий (61,0 мг/л), калтсий (61,0 мг/л), магний (16,0 мг/л), гидрокарбонатхо (1232 мг/л), хлоридхо (291 мг/л), сулфатхо (287 мг/л), ангидриди озоди карбон (301 мг/л), кислотахои силикат (161 мг/л) ва метаборат (159 мг/л) иборат аст. Минералноки 3,07 г/л. Харор. чашмахои обашон сард +15 – +190С, дебиташ 2,85 л/сон. Дар таркиби оби онхо охан, литий, стронсий, фтор, титан, манган, алюминий, мис ва берилий мавчуд аст.
Оби чашмахоро метавон барои муоличаи беморихои узвхои хозима, ихтилоли мубодилаи моддахо ва гадудхои эндокрини истифода бурд. Лойкаи атрофи чашмахо (гафсиаш 10 – 15 см) низ шифобахш аст. Вобаста ба таркиби химияви ба обхои маъдании Истису (Озарбойчон), Боржоми (Гурчистон) ва Диличон (Арманистон) шабохат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.
ЗОНУ, банде, ки устухони сонро бо устухони сок мепайвандад. Ниг. Банди зону.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …