Главная / Илм / ЗИРК

ЗИРК

zirkЗИРК (Berberis heteropoda), зиришк, зилол, анбарборис, буттаест сершохи хордор. Аз 50 см то 2,5 м кад мекашад. Пустлохи шохахояш зардча ё чигарии сурхтоб. Барги дурушти бемуяк, гули зард ё норанчи, гучуммеваи сурх, зард ё сиёхи дарозруя дорад. З. дар чойхои санглоху буттазори сохили дарё, нишебихои серсангу шахи кух, фарку арчазор (дар баландии 1000 – 4300 м аз с.б.) меруяд. З. давои кадимист. Бо максади табобат асосан пустлох, реша ва барги онро истифода мебаранд. Решаи З.-ро бахорон ё тирамох чамъ меоранд. Пустлохи З. дар давраи об давондани шохчахо (апр. – май) гундошта мешавад. Барги онро дар давраи гулшукуфт дасти мечинанд. Бояд гуфт, ки факат З.-и мазруъ кимати баланди табобати дорад.
З.-ро Абуали ибни Сино чун доруи зардарон ва хунбанд ба калам додааст. Мувофики маълумоти «Эхёу-т-тибби Субхони» гизое, ки ба он З. андохтаанд, хангоми зардпарвин муфид аст. Мухаммад Хусайн дар «Махзану-л-адвия» оварда, ки З. зардаро бартараф сохта, ба кори меъдаю чигар ва дил таквият мебахшад, галаёни хунро суст мекунад, барои муоличаи бавосир муфид аст.
Дар тибби мардуми аз реша, пустлоху шохчаи З. киём тайёр мекунанд ва онро хангоми иллати узвхои дарун, дарди по ё миён ва шикасти устухон, амрози чашм ва гуш ба кор мебаранд (онро шаб истеъмол мекунанд). Бо киёми З. хамчунин табларза, радикулит, тарбод, хала, беморихои меъдаю руда дармон бахшида мешаванд. Чушоби хунуккардаи З.-ро бинушанд, тасфи меъда ва чигарро таскин медихад, фишори баланди хунро ба эътидол меорад, хуншории узвхои дарунро манъ мекунад, барои бавосир ва рафтани рутубат аз бачадон нофеъ аст. Самари З.-ро куфта гузошта банданд, чойхои сахтгаштаи баданро мулоим мекунад, оби меваашро бинушанд, кай ва бехузур шудани дилро манъ месозад, тухмашро махин куфта бихуранд, захми рудахоро шифо мебахшад, исхолеро, ки аз сустии аъзои шикам ходис шуда бошад, бозмедорад.
Аз реша ва чуби З. киём тайёр мекунанд. Бо ин максад решаи З.-ро бо теша тароша карда, дар дег мегиранд ва аз болояш об рехта, муддате мечушонанд. Сипас онро ба зарфи тоза гирифта хунук мекунанд. Баъди ин чушобро дубора ба дег андохта, дар оташи паст то киём шуданаш мечушонанд. Киёми З.-ро ба андозаи нахуд ё гандум рузе 2 – 3 маротиба барои муоличаи устухони шикаста, дарди банду мушакхо истеъмол мекунанд. Киёми З. давои хеле маъмул аст. Агар андак киёми З.-ро дар гулоб хал карда, дар чашм кашанд ё чаконанд, рутубати онро хушк менамояд. Киёми хушки З.-ро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, биноиро таквият мебахшад. Агар онро дар об хал карда он обро дар дахон гардонанд, бадтарин дарди дахон ва чушиши милки дандонхоро шифо мебахшад.
Дар тибби муосир давохои З.-ро чун воситаи талхарон хангоми гепатитхо, гепатохолесистит, бемории санги талхадон кор мефармоянд. Бо накеъи З. хунравихои баъди таваллуд ва вобаста ба илтихобро муолича менамоянд (онро 30 чакраги рузе 3 маротиба 2 – 3 хафта истеъмол мекунанд). Пустлохи З. ба таркиби доруи «Холелитин» дохил мешавад, ки давои беморихои чигар ва талхадон аст. Решаи З. ба таркиби адвиёти Здренко илова карда мешавад (онро барои табобати баъзе омосхои саратони кор мефармоянд).
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Нуралиев Ю., Лекарственные растения, Д., 1988; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …