ВЕНОПУНКСИЯ (Venaepunctio; аз вена ва punctio – сурох кардан), аз болои пуст ба вена халондани сузан. В. бо максади хунгири, хундихи ё тазрики дорухо ба амал бароварда мешавад. Дар мавриди В. аз сузанхои диаметрашон гуногун истифода мекунанд. В., одатан, дар вариди хами оринч, банди даст, гохо бучалак ичро карда мешавад; дар кудакони ширхор онро дар венахои фарки сар ба чо меоранд.
Хангоми пунксияи венаи хами оринч дасти бемор бояд то хадди имкон рост ва дар руи миз устувор карор гирад; барои ин дар зери оринч болиштак мегузоранд. Бо максади намоён шудани вена банди дастро бо резин мебанданд; он бояд ба вена фишор орад, вале харакати хунро дар шараён халалдор насозад. Баъди бастани банди даст, бахри аз хун пур шудани вена, бемор бояд чанд бор панчаашро мушт карда, рахо созад.
В. бо риояи коидахои асептика сурат мегирад. Одами масъули ин кор кабл аз В. дасташро бо собун шуста, спирт (96%) мемолад; пусти чои В.-ро низ бо спирт тоза мекунанд.
Венаро метавон дар ду дафъа ё якбора сурох кард. Дар мавриди якум сузанро бо дасти рост дошта (тарафи буридаи он бояд боло бошад), аз болои пуст охиста ба вена наздик меоранд ва аз пахлу онро сурох менамоянд; дар ин хангом ба фазои холи даромадани нуги сузан эхсос мегардад. Агар сузан ба вена рох ёфта бошад, пас дар охири он хун пайдо мешавад. Дар сурати набудани хун, сузанро берун наоварда дубора ба вена халидан лозим аст. Баъд аз пайдо шудани хун, сузанро чанд миллиметр дарунтар дароварда, барои берун наомадан бо лейкопластр мечаспонанд. Чунин усули В., одатан, барои фиристодани чакрадору кор фармуда мешавад.
В.-и якбора малакаю махорати махсус мехохад. Хангоми ин усули В. тарафи буридаи сузанро поён гирифта, аз болои пуст рост ба девораи вена мехалонанд. Баъди ба вена рох ёфтан, сузанро каме хам карда, ба пуст зер менамоянд ва андак пештар тела медиханд. Чунин рохи В. бо максади гирифтани хун барои тахлил, хамчунин хунгири истифода мешавад. Хангоми тазрики дору резинро баъди халондани сузан ва дар вакти хунгири пеш аз кашида баровардани он кушодан лозим аст. Баъди ичрои протседура сузанро зуд берун оварда, ба чои он махлули спиртии йод мемоланд ва тампон мегузоранд; бемор бояд дасташро 1 – 2 дак. кат карда истад.
Бо максади тазрик сузанро ба шпритси дорудор гузошта, эхтиёткорона ба вена мехаланд; сипас поршенро охиста мекашанд. Дар шпритс пайдо шудани хун нишонаи дуруст будани В. аст. Баъди тазрик сузанро зуд берун оварда, боки мисли В. хангоми хунгири амал мекунанд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …