Главная / Илм / ВЕНОПУНКСИЯ

ВЕНОПУНКСИЯ

venepunksiyaВЕНОПУНКСИЯ (Venaepunctio; аз вена ва punctio – сӯрох кардан), аз болои пӯст ба вена халондани сӯзан. В. бо мақсади хунгирӣ, хундиҳӣ ё тазриқи доруҳо ба амал бароварда мешавад. Дар мавриди В. аз сӯзанҳои диаметрашон гуногун истифода мекунанд. В., одатан, дар вариди хами оринҷ, банди даст, гоҳо буҷалак иҷро карда мешавад; дар кӯдакони ширхор онро дар венаҳои фарқи сар ба ҷо меоранд.
Ҳангоми пунксияи венаи хами оринҷ дасти бемор бояд то ҳадди имкон рост ва дар рӯи миз устувор қарор гирад; барои ин дар зери оринҷ болиштак мегузоранд. Бо мақсади намоён шудани вена банди дастро бо резин мебанданд; он бояд ба вена фишор орад, вале ҳаракати хунро дар шараён халалдор насозад. Баъди бастани банди даст, баҳри аз хун пур шудани вена, бемор бояд чанд бор панҷаашро мушт карда, раҳо созад.
В. бо риояи қоидаҳои асептика сурат мегирад. Одами масъули ин кор қабл аз В. дасташро бо собун шуста, спирт (96%) мемолад; пӯсти ҷои В.-ро низ бо спирт тоза мекунанд.
Венаро метавон дар ду дафъа ё якбора сӯрох кард. Дар мавриди якум сӯзанро бо дасти рост дошта (тарафи буридаи он бояд боло бошад), аз болои пӯст оҳиста ба вена наздик меоранд ва аз паҳлӯ онро сӯрох менамоянд; дар ин ҳангом ба фазои холӣ даромадани нӯги сӯзан эҳсос мегардад. Агар сӯзан ба вена роҳ ёфта бошад, пас дар охири он хун пайдо мешавад. Дар сурати набудани хун, сӯзанро берун наоварда дубора ба вена халидан лозим аст. Баъд аз пайдо шудани хун, сӯзанро чанд миллиметр дарунтар дароварда, барои берун наомадан бо лейкопластр мечаспонанд. Чунин усули В., одатан, барои фиристодани чакрадору кор фармуда мешавад.
В.-и якбора малакаю маҳорати махсус мехоҳад. Ҳангоми ин усули В. тарафи буридаи сӯзанро поён гирифта, аз болои пӯст рост ба девораи вена мехалонанд. Баъди ба вена роҳ ёфтан, сӯзанро каме хам карда, ба пӯст зер менамоянд ва андак пештар тела медиҳанд. Чунин роҳи В. бо мақсади гирифтани хун барои таҳлил, ҳамчунин хунгирӣ истифода мешавад. Ҳангоми тазриқи дору резинро баъди халондани сӯзан ва дар вақти хунгирӣ пеш аз кашида баровардани он кушодан лозим аст. Баъди иҷрои протседура сӯзанро зуд берун оварда, ба ҷои он маҳлули спиртии йод мемоланд ва тампон мегузоранд; бемор бояд дасташро 1 – 2 дақ. қат карда истад.
Бо мақсади тазриқ сӯзанро ба шпритси дорудор гузошта, эҳтиёткорона ба вена мехаланд; сипас поршенро оҳиста мекашанд. Дар шпритс пайдо шудани хун нишонаи дуруст будани В. аст. Баъди тазриқ сӯзанро зуд берун оварда, боқӣ мисли В. ҳангоми хунгирӣ амал мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …