Главная / Чамъият / Ухдадорихои корманд дар сохаи хифзи мехнат

Ухдадорихои корманд дар сохаи хифзи мехнат

Моддаи 346-и Кодекси Мехнат. Ухдадорихои корманд дар сохаи хифзи мехнат

Корманд ухдадор аст:

– ба рохбари бевоситаи худ дар бораи хар як ходисаи нохуши дар истехсолот рухдода, омилхои бемории касби (захролудшави), инчунин вобаста ба холатхое, ки ба хаёт ва саломатии одамон тахдид мекунанд, фавран хабар дихад;

– аз муоинаи тиббии хатмии пешаки (хангоми ба кор кабул шудан), мархилави (дар давоми фаъолияти мехнати), инчунин дар холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз муоинаи тибби (ташхиси) гузарад;

– воситахои мухофизати инфироди ва коллективи, санитари – гигиени, пойафзол ва либоси махсусро, ки корфармо додааст, кабул намуда, онхоро максаднок истифода барад;

– нишондодхои муассисахои тандурустиро чихати татбики тадбирхои муоличави ва солимгардони хангоми аз чониби корфармо маблаггузори шудани онхо, ичро намояд;

– талаботи хифзи мехнатро, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд, риоя намояд;

– аз дастурдихихо ва омузишхо оид ба хифзи мехнат ва усулхои бехатари ичрои корхо, тачрибаомузи дар чойи кор ва санчиши доимии донистани талаботи хифзи мехнат гузарад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …