Моддаи 346-и Кодекси Меҳнат. Уҳдадориҳои корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат
Корманд уҳдадор аст:
– ба роҳбари бевоситаи худ дар бораи ҳар як ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдода, омилҳои бемории касбӣ (заҳролудшавӣ), инчунин вобаста ба ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунанд, фавран хабар диҳад;
– аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузарад;
– воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, санитарӣ – гигиенӣ, пойафзол ва либоси махсусро, ки корфармо додааст, қабул намуда, онҳоро мақсаднок истифода барад;
– нишондодҳои муассисаҳои тандурустиро ҷиҳати татбиқи тадбирҳои муолиҷавӣ ва солимгардонӣ ҳангоми аз ҷониби корфармо маблағгузорӣ шудани онҳо, иҷро намояд;
– талаботи ҳифзи меҳнатро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, риоя намояд;
– аз дастурдиҳиҳо ва омўзишҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари иҷрои корҳо, таҷрибаомўзӣ дар ҷойи кор ва санҷиши доимии донистани талаботи ҳифзи меҳнат гузарад.