Главная / Гуногун / Ташкил намудани иттифоки Африкаи Чануби

Ташкил намудани иттифоки Африкаи Чануби

Кушиши аввалини забти чумхуриятхои бурхо ва Трансваал дар соли 1877 ба вукуъ пайваста аст. Баъди чанги Англия ва Зулусхо соли 1879 бурхо шуриш бардошта, муковимати гарнизонхои начандон калони англисхоро зуд шикаста, соли 1880 аз нав баркарор кардани истиклолияти давлати худро эълон карданд. Мувофики созишномахои солхои 1881 ва 1884 Англия истиклолияти Чумхурии Африкаи Чанубиро дар амал эътироф кард, лекин баъди ин хам мисли пештара фаъолияти хоричии мамлакатхои бурхо зери назорати англисхо мондан гирифт.

Магнатхои молиявии англисхо дар ЧАЧ истехсоли тиллоро инхисори карданд ва беш аз пеш ба дастгирии сиёсии хукумати Британия ноил мешуданд.

izdevatelstvo-anglichan-plemya-batu

Имперализми Германия робитаи худро бо бурхо торафт мустахкамтар мекард. Ин холат империалистони англисро ба ташвиш овард. Барои хамин охири мохи декабри соли 1895 Иборат аз 800 нафар дастаи мусаллахи зархаридони ширкати англиси сархади Трансваалро гузашта, ба даруни мамлакат даромаданд. Англисхо умед доштанд, ки шахри Иоханнесбург ва шахрхои дигари ЧАЧ-ро забт мекунанд. Мебоист ба онхо дар ин кор мухочирони англис уитлендерхо ёри мерасоннданд. Вале уитлендерхо барои ба англисхо ёри расонидаи чуръат накарданд. Бурхо дастаи англисхои ба ёри омадаро зуд торумор карданд.

Императори Германия Вилгелми I аз вазъи кулайи баамаломада истифода бурда, ба президент ЧАЧ Крюгер баркияи табрики фиристода, ишора кард, ки Германия бурхоро дар муборизаашон бар зидди Англия дастгири хохад кард. Вале ин ваъдаи императори Германия дуруг баромад. Империалистони англис бошанд, хамоно барои бархам додани истиклолияти бурхо мубориза мебурданд.

Соли 1899 Англия бо Фаронса оиди доираи нуфуз дар Африка ва бо Германия дар бораи мусолиматомез таксим кардани мустамликахои Португалия созишнома ба имзо расонд. Англия баъди ин ба наздикии сархади бурхо нерухои Харбии иловаги фиристод. Ба ин кирдори Англия президенти ЧАЧ Крюгер эътироз баён кард, вале он фоида набахшид, чунки ба Англия чанги зидди бурхо лозим буд. Инро бурхо дарк карда, худашон бар зидди нерухои дар назди сархадбудаи англисхо аввалин шуда ба чанг даромаданд. Мохи октябри соли 1899 бурхо ба каламрави мулкхои Англия хучум карда, дар Натал, Бечуаналенд ва Кап галаба ба даст оварданд. Баъди тайёрии чидди англисхо ба хучуми чавоби гузашта, то тобистони соли 1900 марказхои асосии мамлакати бурхоро истило карданд. Сарфи назар аз ин чанг боз кариб ду соли дигар давом кард. Бурхо окибат шикаст хурда, мачбур шуданд, ки мукобилиятро бар зидди Англия бас кунанд.

Солхои 1906-1907 Англия ба ду мустамликаи худ Норинчи ва Трансваал хукуки худидоракуни дод. Соли 1910 хамаи мустамликахои англисии Чануби Африка дар Иттифоки Африкаи Чануби муттахид карда шуданд. Британияи Кабир ба ИАЧ хукуки доминионро дод.

Дар Иттифоки Африкаи Чануби англисхо ва бурхо хукуки шахрванди гирифтанд. Африкавихо, ки аз чор се хиссаи ахолии мукимии онро ташкил мекарданд, аз хукукхои шахрванди махрум буданд ва аз тарафи англисхою бурхо берахмона истисмор карда мешуданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …