ТУХМАТ

– Писарам аз хобат хез, ки дер шуд.

– Имруз якшанбе, дадо. Рузи истирохат, холо берун хам тип-торик.

– Медонам, лекин ба бозор рафтан даркор. Барвактар, баракати хариду фуруш напарида расида равем мегуям.

– Ман хозир, зуд омода мешавам.

Аз сар то охири рах падару писар хомуш гарки хаёли худ буданд. Падар калон-калон кадам мепартофт. Писар акиб намонам гуфта чолокона медавид.

номи исломи

– Дадо, ба молбозор меравем?

– Ха…

– Гуночин мехарем?

– Ту аз кучо медони?

– Шаб бедор будам, гуфтугуи шумову модарамро шунидам.

Аз чарогохи ферма модагове гум шуда будаасту тули ду хафта азбас саршумор накардаанд, бехабар мондаанд. Молхоро чанде пеш аз нохияи хамсоя оварда буданд. Бинобар ин, ки байни говбонхо таксим нашудаанд, аз гардани хисобчи низ сокит накардаанд. Махз дар хамин муддат як сар гуночин бедарак гайб задааст. Одамони ферма аз мурдани хеш огохи доштанду аз такдири он чонвар не. Кофтукову пурсучу ягон нафъ набахшид. Мудир ба идораи колхоз арз намуда масъаларо кундаланг мегузорад. Хисобчиро дар чаласаи васеъ  то нисфи шаб мухокима намуда, муттахам мебароранд ва талаб мекунанд, ки худи пагох говеро биёраду ба чояш супорад. Мард аз ин хусус ба занаш хасрати дил карда буд.

Савдояшон бобарор омад. Гуночини алои шуданиро хариданд.

– Дадо, рост ба ферма мебарем?

– Ха.

– Ба говбон месупорем?

– Ха.

– Сони чи?

– Сони, чонамон халос, писарам.

Мард аргамчини нави говро  аз нуги шохаш баровард. Писараш навдаи говхайкуниро як су хаво дод. Бо говбон хисобашонро баробар карданд.

Падару писар лаби чуй хам шуда дасту руй шустанд.

– Нархи бозор ин хафта чи хел шудааст? – рост истода пурсид говбон.

– Тагйир наёфтааст…

Тахмин ба панчсад сум савдо кардагистед?

– Камтар зиёд.

– Чабр шуд, чабр. Баъзе падарлаънатхо обро лой карда мохи медоранд. Як руз, дер ё зуд аз баданашон зада мебарояд, – говбон чониби каровулхона рафт.

Падару писар, танхо монданд. Мард муйхои пахмоки сари писарашро силазанон гарки андеша менишаст.

– Писарам, бовар кун, ман гунахгор нестам. Дузди хам накардаам. Бовар кун…

Падар руяшро тарафи дигар гардонд, то мабодо катраи ашки чашмонашро писараш набинад.

Вай аз тахкири беинсофон, аз ноодами, аз дасткутохи хурияш омада даруни дил такрор ба такрор мегуфт:

– Бовар кун, писарам. Ман дузд нестам.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …