Главная / Гуногун / Шуришхои халки дар Аморати Бухоро

Шуришхои халки дар Аморати Бухоро

Калонтарин чунбиши халки дар ибтидои соли 1810 дар Бухоро рух дода буд. Аз руи маълумоти шохидони вокеа зимистони он сол чунон сард шуд, ки то се мох ях ба микдори як кулоч боки монд. Гандум ва чавро куллан сармо зад ва нархи галла нихоят баланд шуд. Илова бар ин чунон савоим (чорво) дар он солхо халок шуд, ки хеч намонд. Нархи гушту равган низ баланд шуд. Кариб нисфи мардуми Бухоро ба хар чониб рафтанд. Гуруснаги ва кахти ба миён омад. Гайр аз ин дар музофоти пойтахт аз 1 мохи апрел то 16 мохи май чунон туфони сахт вазид, ки якчанд кишлок зери peг монданд. Сокинони дехахо дар хатар афтода мачбуран ба дехахои дигар кучиданд. Ин фалокат кахти ва гуруснагиро дучанд гардонд. Бозорхо холи монда дуконхо баста шуданд. Муромурии одам зиёд шуд. Дузди авч гирифт. Дастахои дуздон халкро горат мекарданд ва мекуштанд. Бухоро ва чойхои дигар тамоман хароб гардид. Дарбори амир барои сабуктар гардонидани вазъияти нихоят сахти ахоли ягон чорае надид. Хамаи ин кахру газаби халкро дучанд намуда сабаби шуриш гардид.

buxoro

Сокинони Бухоро дар майдони марказии шахр – Регистон, дар назди касри амир чамъ омаданд. Амир аз кахру газаби халк тарсида пойтахтро тарк намуд. У барои паст намудани газаби халк ва пахш намудани шуриш амр намуд, ки хамаи сокинони Бухоро дар муддати се руз берун аз шахр баромада, ба мазори хазрати Баховаддини Накшбанд оянд ва намоз хонанд.

Хонахои мардуми шахр холи монданд. Амалдорони амир хонахои бесохибмондаро кофтуков карда, чизу чораи шахриёнро ба ягмо бурданд. Онхо галлаи эхтиётии баъзе касонро ба мардуми гурусна таксим накарда, ба нархи кимат онро фурухтанд. Аксарияти мардум пули мехаридаги надоштанд.

Нихоят ба амир муяссар мешавад, ки бо кувваи ярок шуришро пахш кунад ва дар пойтахти худ вазъи нисбатан муътадил баркарор намояд. Гуруснаги ва кахти дигар нохияхои аз пойтахт дурро низ фаро гирифт. Дар ин бора шохиди ходиса Мулло Чумъакули Ургути, мутахаллис ба Хумули, зимистони соли 1810, ба нохияи Панчакент, дехаи Ёри омада, мушохидаашро ба таври зайл ба риштаи назм кашидааст:

Шаб хама шаб чашми аспам бахри як чав мепарид.

Хостам бар дидааш кохе нихам, пайдо нашуд.

Шуру ошубхои халки дар аморати Бухоро солхои 1819­1820 низ ба вукуъ омада буданд.

Чунбиши калони халки соли 1821 дар кисмати миёнаи водии Зарафшон, байни Самарканду Бухоро (дар Миёнкол) ба амал омад. Дар ин чо тоифаи нимкучии узбек-хитойкипчокхо зиндаги мекарданд. Сол аз сол зиёдшавии андозхо, ба хизмати харби сафарбар кардани микдори зиёди мардони кабилахо – хамаи ин якчоя сабаби бевоситаи шуриш гашт. Соли 1821 хукумат дубора ба сарбози одам гирифтанро cap кард. Ин амалиёт хитойкипчокхоро мачбур сохт, ки ба шуриши ошкоро бархезанд. Каракалпокхои сокинони ин махал низ ба шуришчиён хамрох шуданд. Тамоми тоифаи нохияхои байни Самарканду Каттакургон ба зери ливои шуришгарон даромаданд. Шуришчиён маъмурони амирро ронда, Каттакургон, Чалак, Янгикургон ва чойхои дигарро забт намуданд. Камбагалони ин чойхо ба сафи шуришгарон дохил шуданд. Аъёну ашроф барои кумак ба амир ру оварданд. Амир Хайдар борхо кушиш намуд, ки калъаи хитойкипчокхо Чалакро ба даст дароварда, шуришро пахш кунад. Вале кушишхои у чандин сол бе окибат монданд. Хитойкипчокхо хостанд ба Бухоро зарба зананд, вале ба ин муваффак нашуданд. Шуришчиён кушиш карданд, ки дехконони нохияхои гуногунро ба тарафи худ кашанд. Ин хам нашуд.

Дар хамин вазъият соли 1825 амир Хайдар мухимтарин нуктахои муковимати шуришчиёнро ишгол намуд. Дар пахш кардани шуриши хитойкипчокхо ба амир чосусони англис, ки он вакт дар Бухоро буданд ва яроки оташфишони барои ахолии махалли номаълумро ба кор бурданд, ёри расонданд.

Соли 1826 шуриши мардуми Самарканд рух дод, ки он хам ба нокоми анчомид.

Дар солхои 1840-1842 муносибат байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хуканд хеле тезу тунд гардид. Амир Насрулло лашкар кашида то калъаи Махрам дохили худуди Хуканд гашт. Пойтахти хони зери хавф буд. Мухаммадалихон барои нигох доштани давлату савлати худ бо амир ба созиш омад. Мувофики он Хучанд зери итоати аморати Бухоро гузашт. Амир мебоист хирочи мулки яксолаи Хукандро сохиб шавад.

Баъд аз ду соли ин вокеа дар Хуканд шуриш ба амал омад. Сардори шуришчиён Хоча Каландари мисгар буд. Хазорон камбагалони шуришгар бо сардории ин марди шучоъ пойтахти мамлакатро ишгол намуданд. Онхо манзилхои амалдорони хонро ба хок яксон карданд. Амалдорони низоми ва гайринизоми ба гушахо пинхон шуданд. Сипас шуришчиён дарбори хонро ихота намуданд. Доирахои хукмрон факат бо макру фиреб ва душворихои зиёде тавонистанд, ки ин шуришро фуру нишонанд.

Бародари хони Хуканд Султон Махмудхон аз тарафи амир хокими Хучанд таъин шуда буд. Баъди ба Бухоро баргаштани амир Насрулло ба миёнравии модараш Нодира фирефта гашта, бо бародараш Мухаммадали забои як кард. Хучанд аз тасарруфи Бухоро баромада аз нав ба Хуканд тобеъ гашт.

Шуриши халки дар Хучанд ва хоинии Султон Махмудхон нисбат ба амири Бухоро сабаб шуд, ки Насрулло соли 1842 бори дигар лашкар кашида пойтахти хонигари – Хукандро ишгол намояд. Пас аз ишголи хонигари у тамоми ахли хонаводаи хонро ба катл расонид. Хуканд тобеи Бухоро гашт.

Мансабдорони амири Бухоро дар Хуканд мардумро мачбур намуданд, ки натанхо хамаи андозхои дар аморати Бухоро мукарраргардидаро супоранд, балки бар замми ин талаб намуд, ки аз чор як хиссаи хосилро ба хазинаи давлат бидиханд. Мардуми Хуканд аз ин худсарихо ба дод омада буданд. Онхо бо кабилаи кипчок забон як карда, ба сари хокимият Шералихонро оварданд. Дар натичаи шуриши халки хокимияти амири Бухоро бархам хурд. Сарбозони Бухоро бо амалдоронаш катл гардиданд. Хокими аз тарафи амир таъиншуда рохи гурезро пеш гирифт.

Муборизаи синфи дар нохияхои чудогонаи кухистони Помири Гарби хам бо шиддати тамом давом мекард. Дар ибтидои солхои 60 дехконони Шугнон, Рушон ва Вахон шуриш бардоштанд, ки ба он Шайхзодаи Рушони сардори намуд. Шуришгарон нишемангохи Мири Рушон – Калъаи Вомарро ба даст дароварданд. Сипас онхо ба суи кароргоххои мири Шугнон Калъаи Барпанча харакат карда, аскархои онро торумор намуданд. Тамоми дороии хокимон дар байни дехконон таксим карда шуд. Ин шуриш, факат пас аз он ки хукмрони кулли Бадахшон ба Помири Гарби кувваи зиёди харби фиристод, шикаст хурд.

Чунонки дида мешавад, ошубхои ахоли хам дар шахру хам дар дехот ба амал меомаданд. Ин чунбишхо ба таври пароканда ва гайримуташаккил cap мезаданд ва давом мекарданд. Хамаи шуришхо хусусияти махалли доштанд, тамоми хоки давлати хониро фаро намегирифтанд. Максадхои асосии шуришгарон бархам додани суистеъмол ва ноинсофихои аз хад зиёди намояндагони хокимияти давлати, аз сари кор дур кардани хокимони чудогона, бехтар кардани ахволи модди ва амсоли инхо буданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …