Главная / Гуногун / Шӯришҳои халқӣ дар Аморати Бухоро

Шӯришҳои халқӣ дар Аморати Бухоро

Калонтарин ҷунбиши халқӣ дар ибтидои соли 1810 дар Бухоро рух дода буд. Аз руи маълумоти шоҳидони воқеа зимистони он сол чунон сард шуд, ки то се моҳ ях ба миқдори як кулоч боқӣ монд. Гандум ва ҷавро куллан сармо зад ва нархи ғалла ниҳоят баланд шуд. Илова бар ин чунон савоим (чорво) дар он солҳо халок шуд, ки ҳеҷ намонд. Нархи гушту равған низ баланд шуд. Қариб нисфи мардуми Бухоро ба ҳар ҷониб рафтанд. Гуруснагӣ ва қаҳтӣ ба миён омад. Ғайр аз ин дар музофоти пойтахт аз 1 моҳи апрел то 16 моҳи май чунон туфони сахт вазид, ки якчанд қишлоқ зери peг монданд. Сокинони деҳаҳо дар хатар афтода маҷбуран ба деҳаҳои дигар кучиданд. Ин фалокат қаҳтӣ ва гуруснагиро дучанд гардонд. Бозорҳо холӣ монда дуконҳо баста шуданд. Муромурии одам зиёд шуд. Дуздӣ авҷ гирифт. Дастаҳои дуздон халқро ғорат мекарданд ва мекуштанд. Бухоро ва ҷойҳои дигар тамоман хароб гардид. Дарбори амир барои сабуктар гардонидани вазъияти ниҳоят сахти аҳолӣ ягон чорае надид. Ҳамаи ин қаҳру ғазаби халқро дучанд намуда сабаби шӯриш гардид.

buxoro

Сокинони Бухоро дар майдони марказии шаҳр – Регистон, дар назди қасри амир ҷамъ омаданд. Амир аз қаҳру ғазаби халқ тарсида пойтахтро тарк намуд. Ӯ барои паст намудани ғазаби халқ ва пахш намудани шӯриш амр намуд, ки ҳамаи сокинони Бухоро дар муддати се рӯз берун аз шаҳр баромада, ба мазори ҳазрати Баҳоваддини Нақшбанд оянд ва намоз хонанд.

Хонаҳои мардуми шаҳр холӣ монданд. Амалдорони амир хонаҳои бесоҳибмондаро кофтуков карда, чизу чораи шаҳриёнро ба яғмо бурданд. Онҳо ғаллаи эҳтиётии баъзе касонро ба мардуми гурусна тақсим накарда, ба нархи қимат онро фурухтанд. Аксарияти мардум пули мехаридагӣ надоштанд.

Ниҳоят ба амир муяссар мешавад, ки бо қувваи яроқ шӯришро пахш кунад ва дар пойтахти худ вазъи нисбатан муътадил барқарор намояд. Гуруснагӣ ва қаҳтӣ дигар ноҳияҳои аз пойтахт дурро низ фаро гирифт. Дар ин бора шоҳиди ҳодиса Мулло Ҷумъақули Урғутӣ, мутахаллис ба Ҳумулӣ, зимистони соли 1810, ба ноҳияи Панҷакент, деҳаи Ёрӣ омада, мушоҳидаашро ба таври зайл ба риштаи назм кашидааст:

Шаб ҳама шаб чашми аспам баҳри як ҷав мепарид.

Хостам бар дидааш коҳе ниҳам, пайдо нашуд.

Шуру ошубҳои халқӣ дар аморати Бухоро солҳои 1819­1820 низ ба вуқуъ омада буданд.

Ҷунбиши калони халқӣ соли 1821 дар қисмати миёнаи водии Зарафшон, байни Самарқанду Бухоро (дар Миёнкол) ба амал омад. Дар ин ҷо тоифаи нимкучии узбек-хитойқипчоқҳо зиндагӣ мекарданд. Сол аз сол зиёдшавии андозҳо, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардани миқдори зиёди мардони қабилаҳо – ҳамаи ин якҷоя сабаби бевоситаи шӯриш гашт. Соли 1821 ҳукумат дубора ба сарбозӣ одам гирифтанро cap кард. Ин амалиёт хитойқипчоқҳоро маҷбур сохт, ки ба шӯриши ошкоро бархезанд. Қарақалпоқҳои сокинони ин маҳал низ ба шӯришчиён ҳамроҳ шуданд. Тамоми тоифаи ноҳияҳои байни Самарқанду Каттақурғон ба зери ливои шӯришгарон даромаданд. Шӯришчиён маъмурони амирро ронда, Каттақурғон, Чалак, Янгиқурғон ва ҷойҳои дигарро забт намуданд. Камбағалони ин ҷойҳо ба сафи шӯришгарон дохил шуданд. Аъёну ашроф барои кумак ба амир ру оварданд. Амир Ҳайдар борҳо кушиш намуд, ки қалъаи хитойқипчоқҳо Чалакро ба даст дароварда, шӯришро пахш кунад. Вале кушишҳои ӯ чандин сол бе оқибат монданд. Хитойқипчоқҳо хостанд ба Бухоро зарба зананд, вале ба ин муваффақ нашуданд. Шӯришчиён кушиш карданд, ки деҳқонони ноҳияҳои гуногунро ба тарафи худ кашанд. Ин ҳам нашуд.

Дар ҳамин вазъият соли 1825 амир Ҳайдар муҳимтарин нуқтаҳои муқовимати шӯришчиёнро ишғол намуд. Дар пахш кардани шӯриши хитойқипчоқҳо ба амир ҷосусони англис, ки он вақт дар Бухоро буданд ва яроқи оташфишони барои аҳолии маҳаллӣ номаълумро ба кор бурданд, ёрӣ расонданд.

Соли 1826 шӯриши мардуми Самарқанд рух дод, ки он ҳам ба нокомӣ анҷомид.

Дар солҳои 1840-1842 муносибат байни аморати Бухоро ва давлати хонии Хуқанд хеле тезу тунд гардид. Амир Насрулло лашкар кашида то қалъаи Маҳрам дохили ҳудуди Хуқанд гашт. Пойтахти хонӣ зери хавф буд. Муҳаммадалихон барои нигоҳ доштани давлату савлати худ бо амир ба созиш омад. Мувофиқи он Хуҷанд зери итоати аморати Бухоро гузашт. Амир мебоист хироҷи мулки яксолаи Хуқандро соҳиб шавад.

Баъд аз ду соли ин воқеа дар Хуқанд шӯриш ба амал омад. Сардори шӯришчиён Хоҷа Қаландари мисгар буд. Ҳазорон камбағалони шӯришгар бо сардории ин марди шуҷоъ пойтахти мамлакатро ишғол намуданд. Онҳо манзилҳои амалдорони хонро ба хок яксон карданд. Амалдорони низомӣ ва ғайринизомӣ ба гушаҳо пинҳон шуданд. Сипас шӯришчиён дарбори хонро иҳота намуданд. Доираҳои ҳукмрон фақат бо макру фиреб ва душвориҳои зиёде тавонистанд, ки ин шӯришро фуру нишонанд.

Бародари хони Хуқанд Султон Маҳмудхон аз тарафи амир ҳокими Хуҷанд таъин шуда буд. Баъди ба Бухоро баргаштани амир Насрулло ба миёнравии модараш Нодира фирефта гашта, бо бародараш Муҳаммадалӣ забои як кард. Хуҷанд аз тасарруфи Бухоро баромада аз нав ба Хуқанд тобеъ гашт.

Шӯриши халқӣ дар Хуҷанд ва хоинии Султон Маҳмудхон нисбат ба амири Бухоро сабаб шуд, ки Насрулло соли 1842 бори дигар лашкар кашида пойтахти хонигарӣ – Хуқандро ишғол намояд. Пас аз ишғоли хонигарӣ ӯ тамоми аҳли хонаводаи хонро ба қатл расонид. Хуқанд тобеи Бухоро гашт.

Мансабдорони амири Бухоро дар Хуқанд мардумро маҷбур намуданд, ки натанҳо ҳамаи андозҳои дар аморати Бухоро муқарраргардидаро супоранд, балки бар замми ин талаб намуд, ки аз чор як ҳиссаи ҳосилро ба хазинаи давлат бидиҳанд. Мардуми Хуқанд аз ин худсариҳо ба дод омада буданд. Онҳо бо қабилаи қипчоқ забон як карда, ба сари ҳокимият Шералихонро оварданд. Дар натиҷаи шӯриши халқӣ ҳокимияти амири Бухоро барҳам хурд. Сарбозони Бухоро бо амалдоронаш қатл гардиданд. Ҳокими аз тарафи амир таъиншуда роҳи гурезро пеш гирифт.

Муборизаи синфӣ дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳистони Помири Ғарбӣ ҳам бо шиддати тамом давом мекард. Дар ибтидои солҳои 60 деҳқонони Шуғнон, Рушон ва Вахон шӯриш бардоштанд, ки ба он Шайхзодаи Рушонӣ сардорӣ намуд. Шӯришгарон нишемангоҳи Мири Рушон – Қалъаи Вомарро ба даст дароварданд. Сипас онҳо ба сӯи қароргоҳҳои мири Шуғнон Қалъаи Барпанҷа ҳаракат карда, аскарҳои онро торумор намуданд. Тамоми дороии ҳокимон дар байни деҳқонон тақсим карда шуд. Ин шӯриш, фақат пас аз он ки ҳукмрони кулли Бадахшон ба Помири Ғарбӣ қувваи зиёди ҳарбӣ фиристод, шикаст хурд.

Чунонки дида мешавад, ошубҳои аҳолӣ ҳам дар шаҳру ҳам дар деҳот ба амал меомаданд. Ин ҷунбишҳо ба таври пароканда ва ғайримуташаккил cap мезаданд ва давом мекарданд. Ҳамаи шӯришҳо хусусияти маҳаллӣ доштанд, тамоми хоки давлати хониро фаро намегирифтанд. Мақсадҳои асосии шӯришгарон барҳам додани суистеъмол ва ноинсофиҳои аз ҳад зиёди намояндагони ҳокимияти давлатӣ, аз сари кор дур кардани ҳокимони ҷудогона, беҳтар кардани аҳволи моддӣ ва амсоли инҳо буданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …