Главная / Чамъият / Шуришхои гуломон бо сардории Н. Тернер ва Ч. Браун

Шуришхои гуломон бо сардории Н. Тернер ва Ч. Браун

Дар солхои 30-юми асри XIX масъалаи гуломдори дар хаёти чамъиятии ИМА яке аз масъалахои чиддие гардид, ки халли онро рафти тараккиёти ин мамлакат такозо мекард.

tttt

Гуломон дар ИМА борхо шуриш бардоштаанд. Яке аз шуриши калонтарини гуломон дар соли 1831 бо сардории гулом Ната Тернер дар иёлати Вирчиния ба амал омадааст. Гуломони шуришбардошта бо досу табар мусаллах шуда, ба плантаторхо хамла мекарданд. Хукуматдорон бар зидди ки шуришгарон сипохиён фиристоданд. Дар натичаи чанги нобаробар бо сарбозони хукумати шуришгарон шикаст хурданд. Хукуматдорони ИМА рохбари шуришчиён Н. Тернер ва боз 17 нафар шптирокчиёни дигари фаъоли шуришро ба катл расонданд.

Аз солхои 30-юм cap карда харакат барои озод кардани гуломон дар ИМА хеле пурзур шуд. Ин харакат бо номи “аболитсионизм” (“озодкуни”) машхур шуд. Собик гулом Ф. Дуглас, ки озодии худро харида буд ва У. Гаррисон арбобони машхури ин харакат буданд. Онхо тамоми умр хаёти худро барои озод кардани гуломон бахшидаанд. Гаррисон соли 1832 хатто “Чамъияти нави Ангия барои мубориза бар зидди гуломдори”-ро ташкил кард ва инчунин мачаллаи “Либрейтер”-ро (“Озодкунанда”) чоп мекард. Он солхо хазорон нафар муборизон монда нашуда кор мебурданд, то ки дар ИМА гуломдори бархам дода шавад. Вале дар ин мамлакат мукобилоки бархамдихии гуломдори низ кам набуданд. Гуломон дигар орому хотирчамъ наменишастанд. Онхо хам ба мубориза бархостанд. Соли 1859 бо сардории Чон Браун шуриши калони дигари гуломон ба амал омад.

Чон Браун соли 1800 дар оилаи фермере, ки дар чанги истиклолиятхохи халок гардида буд, таваллуд шудааст. У чорводор буд. Хануз дар овони кудаки бо чашмони худ дида буд, ки гуломдор чи тавр гуломбачаеро то мурданаш зада буд.

Чон Браун, вакте ки ба воя расид, ба харакати аболитсионистхо дохил гардид. Бо хамрохии писаронаш дар чанги мулкии дар Канзас баамаломада иштирок кардааст. Чон Браун борхо зангихои гурезаро ба Шимол гуселонида, бо хамин рох онхоро аз гуломи озод кардааст.

Чон Браун дастаи начандон калонеро иборат аз 32 нафар ташкил кард. Дар хайати он се писараш хам буд. 17 октябри соли 1859 ин даста дар шахрчаи Харперс-Феррии иёлати Вирчиния ба анбори калони силох хучум карда, онро бе хунрези ишгол намуд. Чон Браун бовари дошт, ки шуришро мардум дастгири хохад кард. Вале хаёли у рост набаромад. Дере нагузашта анборро лашкари хукумати мухосира кард. Харчанд дастаи Браун алайхи неруи давлати мукобилияти сахт нишон дод, окибат шикаст хурд. Кариб хамаи шуришчиён халок гардиданд. Брауни захмдори дар занбар хунолудхобидаро додгох ба катл (тарики ба дор овехтан) хукм кард. Ч. Браун дар хатчаи пеш аз маргаш навишта буд: ”Ман, Чон Браун, акнун пурра бовари хосил кардам, ки танхо хун кодир аст чинояти бузурги ин мамлакати пургунохро шуяд. Ба хаёлам худро бехуда тасалло медодам, ки гуё ин корро бе хунрезии зиёдати хам ба чо овардан мумкин аст”.

Шуриши Чон Браун мардумро ба шуриши нави зидди гуломдорон тела медод. Аз катли Чон Браун миллионхо америкоихо, бахусус гуломону хиндухо ва аболитсионистхо гамгин шуда, ашки мотам рехтанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …