Главная / Чамъият / САФАР БА ХИНД

САФАР БА ХИНД

Баъд аз хайрухуш бо волидон, бародарам Абдулхаким маро аз фурудгохи Хучанд ба Маскав гусел кард. Ба фарк аз хизмати сарбози, ин бори аввал буд, ки ман мустакилона ва танхо аз То- чикистон берун сафар мекардам ва ба ман як хиссиёти ачибе даст дод. Гуё як кисми дилам канда шуда, дар Точикистон монда буд. Бо як хиссиёту хаячон аз пешомади номуайян парвоз ме- кардам. Тасаввуроти ман дар бораи Маскав нокис буд. Гайр аз соати бурчи Кремлин, ки хар руз дар барномахои ахбори теле- визор нишон дода мешуд, аз Маскав чизи дигаре намедонистам. Он замон Маскаврави ба кам касон муяссар мешуд. Дар хаёлам Маскав як шахри бузурге метофт, ки дар он ба кавли маъруф, «саг сохибашро намеёбад». Нигарон будам, бим доштам, ки шояд рахгум занам, сарсону саргардон шавам.иёнахои мохи августи соли 1991 маро ба шуъбаи кадри Донишгох даъват карда, сурогаву раками телефон ва номи як нафарро аз Вазорати маорифи Шурави дар Маскав дода, фармуданд, ки рузи 20-уми август ба он чо хозир шавам.

hinduston

Фурудгохи Домодедовои Маскав он замон нисбат ба имруз хеле хурду назарногир буд. Аз хавопаймо пиёда шуда, ба берун баромадам ва аз телефони дутина ба раками вазорат занг задам. Он тарафи хат як нафар хеле муаддабона, ба ман фахмонда дод, ки чи гуна ба наздаш биёям.

Аз фурудгох бо катори барки ба истгохи гуфтааш расида, ба метро даромадам ва зуд ба чои лозим расидам. Дар хавопаймо фикр мекардам, ки хеле сарсону саргардон хохам шуд, вале ме- трои Маскав вокеан ёфтани сурогаро осон кард. Он мард маро хуш кабул карду паспортамро гирифта, ба дастам як сурогаро навишта дод ва гуфт, ки рафта дар хамин хобгох чойгир шавам ва рузи дигар ба наздаш биёям. Ин дафъа ёфтани хобгох душ- вортар менамуд, зеро гайр аз метро боз ду бор трамвай иваз кардан лозим меомад. Вале маскавихо бо камоли майл ёри ме- расонданд. Фикр мекардам, ки хобгох мисли хобгохи донишгохи худамон дар Душанбе бошад. Вале ин хобгох тозаву озода ва мураттаб буд. Барои хар ду хучрааш якто утоки дастшуи ва оби гарм дошт. Вокеан, дар Маскав чои хубе бароям доданд.

Чомадонамро монда, барои хуроки шом баромадам. Ба чои ошхона иштибохан, ба аввалин магоза даромадаму аз хайрат шах шудам. Витринхо пур аз навъхои хасибу гушти тозаву рав- гани зарду ховёр (тухми мохи) ва чизхои дигар буданд. Рафхои магоза пур аз навъхои гуногуни нону консерву шишахои ран- горанг буданд. Ман чанд дакика лол шуда мондам. Баъд ба худ омада, витрину рафхоро аз наздик тамошо кардам. Дар магозахои марказии Душанбе дах дарсади ин фаровони набуд, дар холе ки ин факат як магозаи одии Маскав буд.

Маскав торафт бештар маро тасхир мекард. Одамони бо- маданияту хушодоб, наклиёти муназзаму камодам, магозахои пур аз мол хавасамро меоварданд. Орзу мекардам, ки дар чунин шахре зиндаги кунам. Ман бовари доштам, ки ба максади асли- ям – дипломат шудан хеле наздик шудаам. Баъд аз тачрибаомузи дар Хинд имкони дар вазорати хорича кор кардан пайдо ме- кардам. Дар хаёлотам худро дипломат медидаму босалобат дар кучахои хамин гуна шахри зебо тасаввур мекардам. Хамин тавр, як хафта дар пойтахти Иттиходи Шурави истода, онро хеле тамошо кардам.

Рузи пеш аз парвоз он корманди вазорат мо донишчуёнро чамъ карда, дастуроти лозимаро дод. Тибки гуфтаи у, мо бояд гайр аз паспорти хоричи хамаи хуччатхоямонро месупурдем ва хатто пулхои шуравиро хам хамрохамон намебурдем. Ман хамрохам каме бештар аз 300 сум пул доштам. Бо рохнамоии донишчуёни дигар, пулхоямро дар шуъбаи Сбербонк – бонки амонатнигохдори, ки дар рубаруи бинои Вазорат чой дошт, супурда, дафтарчаи амонатро гирифтам.

Рузи дигар санадхои маро омода карда, бо билет ба да- стам доданд ва аз фурудгохи Шереметево бо парвоз ба Дехли фиристоданд. Нафари дувуме, ки он сол барои тачрибаомузи дар Хинд интихоб шуда буд, Сухроб ном донишчу аз гурухи забони хинди буд.

Фурудгохи Шереметево махсуси парвозхои хоричи буда, он замон нисбат ба Домодедово хушсохту бархаво буд. Ман аробачахои борбариро, ки имрузхо дар фурушгоххо як чизи маъмули хастанд, бори аввал дар ин фурудгох дидам. Таблои бу- зурге дошт, дар он хар замон номи шахрхо ва раками парвозхо аз боло ба поён бо садои шарак-шарак иваз мешуданд. Бори ав- вал бо истилохи Custom, Passport control ва назири онхо рубару шудам. Дохили фурудгох чанд кахвахона дошт, ки нархи як чуръа кахвааш баробари харчи чандрузаи ман дар Душанбе буд. Магозахои Duty Free дошт, ки аз магозахои шахри Маскав хам зеботару мучалло буд, вале дар ин магозахо факат доллар кабул мекарданд, бо пули шурави аз ин магозахо чиз харида намешуд. Барои ман ин фурудгох гуё як дунёи дигар буд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …