Главная / Чамъият / Ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол

Ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи  ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  с. 2006, №7, мод. 346; с. 2008, №10, мод.811 , с. 2012, № 12, к. 1, мод. 1007; Конуни ЧТ аз 18.03.15с. № 1195)

 Боби 1.

Мукаррароти умумИ

Моддаи 1. Максади Конун

Конуни мазкур асосхои ташкиливу хукукии махдудкуни ва катъ кардани фаъолияти инхисори ва ракобати бевичдононаро муайян намуда, барои барпо намудан ва самарабахш амал кардани бозорхои мол шароит мухайё менамояд. 

Моддаи 2. Доираи татбики Конун

Конуни мазкур муносибатхоеро фаро мегирад, ки ба ракобат дар бозорхои молии Чумхурии Точикистон таъсир мерасонанд. Дар ин муносибатхо шахсони вокеи ва хукуки, аз чумла хоричи, макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот иштирок мекунанд. Конун инчунин дар холатхое истифода бурда мешавад, ки амалиёт ва созишномахои аз тарафи шахсони мазкур ва макомоти номбаршуда берун аз худуди Чумхурии Точикистон мутаносибан содир ё басташуда боиси махдудияти ракобат мешаванд ва ё шуда метавонанд, ё худ дар бозорхои молии Чумхурии Точикистон боиси дигар окибатхои манфи мешаванд.

Конуни мазкур ба муносибатхои вобаста ба объектхое, ки ба хукуки моликияти зехни алокаманд мебошанд, пахн намегардад, гайр аз холатхое, ки созишномахои ба истифодабарии онхо ба махдудкунии ракобат нигаронида шуда бошанд.

Муносибатхои вобаста ба фаъолияти инхисори ва ракобати бевичдононаи бозорхои хизматрасонии молияви, гайр аз холатхое, ки муносибатхои дар ин бозорхо пайдошаванда ва ракобати бозорхои мол таъсир мерасонанд, бо дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд. 

Моддаи 3. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

мол– объекти хукукхои граждани ( аз чумла кор, хизматрасони), ки барои фуруш, мубодила ё навъи дигари ба муомилоти граждани баровардани он мукаррар шудааст;

хизматрасонии молияви– хизматрасонии бонки, хизматрасонии сугуртави, хизматрасони ва хариду фуруш дар бозори когазхои киматнок, хизматрасонии лизинги, инчунин хизматрасоние, ки бо чалб намудан ва (ё) чойгиронидани маблагхои пулии шахсони вокеи ва хукуки вобаста мебошад;

молхои бахамивазшаванда– гурухи молхое, ки аз руи таъинот, тарзи истифодабари, тавсифи сифати ва техники, нарх ва дигар хусусиятхояшон киёспазиранд ва харидор аслан онхоро бо хамдигар дар чараёни истеъмол ( аз чумла истехсоли) иваз карда метавонад;

бозори мол– сохаи муомилоти моле, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон ё кисмати он молхои ивазкунанда ё бахамивазшаванда надорад, ки вобаста ба имконияти иктисодии харидор барои ба даст овардани мол дар каламрави дахлдор ва мавчуд набудани чунин имконият берун аз худуди он муайян мегардад;

субъектхои хочагидор– шахсони хукуки, аз чумла хоричи, иттиходияхои онхо, инчунин шахрвандоне, ки бе таъсиси шахси хукуки фаъолияти сохибкори мекунанд;

ракобат– мусобикаи озоди субъектхои хочагидор, ки амалиёти мустакилонаи онхо имконияти таъсиррасонии яктарафаи хар кадоми онхоро ба шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли дахлдор ба таври самарабахш махдуд менамояд;

шартхои табъизи (дискриминатсиони)– шартхои дохил шудан ба бозори мол, шартхои иваз кардан, истеъмол, ба даст овардан, истехсол, фуруш, интиколи мол, ки як ё якчанд субъектхои хочагидорро дар мукоиса бо дигар субъектхои хочагидор ба мавкеи нобаробар мемонанд;

ракобати бевичдонона– хама гуна амали субъектхои  хочагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти сохибкори равона шудааст ва хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон мебошад ва метавонанд ба дигар субъектхои хочагидори- ракибон зарар расонад ё расонидааст ё обруи кории онхоро паст мегардонад;

мавкеи хукмфармои мавкеи махсуси як ё якчанд субъектхои хочагидор дар бозори моле, ки ивазкунанда ё молхои бахамивазшаванда (минбаъд- моли муайян) надорад, хамчунин ба вай (онхо) имконият медихад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири халкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектхои хочагидорро ба бозор мушкил гардонад.

Мавкеи хукмфармои инчунин мавкеи субъекти хочагидоре шуморида мешавад, ки хиссаи он дар бозори моли  муайян аз сию панч фоиз зиёдро  ташкил дихад, гайр аз холатхое, ки субъекти хочагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавкеи он дар бозор хукмфармо намебошад. (КЧТ аз 28.12.12с., №913)

Мавкеи субъекти хочагидор дар сурате низ мавкеи хукмфармои шуморида мешавад, ки хиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панч фоиз камро ташкил дихад, агар ин чихат аз тарафи макомоти давлатии зиддиинхисори дар асоси устувории хиссаи субъекти хочагидор дар бозор, андозаи нисбии хиссаи ба ракобаткунандагон тааллукдошта ва (ё) имконияти дар бозор дохил гардидани ракибони нав ё дигар меъёри бозори молиро тавсифкунанда, мукаррар гардида бошад. Мавкеи хукмфармоии субъекти хочагидор дар холате эътироф намешавад, ки агар хачми махсулот дар бозори моли муайян аз сию панч фоиз зиёд набошад, ба истиснои холатхое, ки дар поён зикр гардидаанд.

Мавкеи хар кадоме аз якчанд субъектхои хочагидор хукмфармо эътироф карда мешавад, агар нисбати онхо шартхои зайл ичро гардида, субъектхои хочагидор исбот накардаанд, ки мавкеи онхо хукмфармо намебошад: (КЧТ аз 28.12.12с., №913)

-мачмуи хиссаи на бештар аз се субъектхои хочагидор, ки хиссаи хар кадоми онхо аз хиссаи дигар субъектхои хочагидор дар ин бозор аз панчох фоиз зиёдтар аст. Агар хиссаи хатто яке аз субъекти хочагидори зикршуда аз панч фоиз камтар бошад, коидаи мазкур татбик намегардад;

-мачмуи хиссаи на бештар аз панч субъектхои хочагидор, ки хиссаи хар кадоми онхо аз хиссаи дигар субъектхои хочагидор дар ин бозор аз хафтод фоиз баландтар аст. Агар хиссаи хатто яке аз субъектхои хочагидори зикршуда аз панч фоиз камтар бошад, коидаи мазкур татбик намегардад;

-андозаи нисбии хиссаи чунин субъектхои хочагидор устувор аст ё ба хамин бозори мол дастрасии ракибони нав махдуд мебошад;

-моли аз чониби чунин субъектхои хочагидор фурухташаванда (харидашаванда) наметавонад дар раванди истеъмол  (аз чумла истехсолот) ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси пастравии талаботи хоси он шуда наметавонад.

Мавкеи субъекти хочагидор- субъекти монополияи табии дар бозори мол, ки дар холати инхисори табии карор дорад, хукмфармо мебошад;

фаъолияти инхисори дар бозорхои мол аз мавкеи хукмфармоии худ суиистифода кардани субъекти хочагидор (гурухи шахсон), бастани созишнома ё ичрои амалхои мувофикашудае, ки бо конунгузории зиддиинхисори манъ карда шудаанд;

нархи баланди инхисории мол нархи моли мукарраркардаи субъекти хочагидори дорои мавкеи хукмфармо дар бозори мол ва хеле баландтар аз нархи дар шароити ракобат дар бозори моли мукоисашаванда мукаррарнамудаи субъектхои хочагидоре мебошанд, ки бо харидорони (фурушандахои) мол ба як гурухи шахсон шомил нестанд ва дар чунин бозори моли мукоисашаванда мавкеи хукмфармо надоранд ё нарх аз маблаги харочоти аз нигохи иктисоди асоснокгардида ва даромади окилонаи он хангоми истехсол ва фуруши чунин мол бештар аст. Нархи моле, ки субъекти монополияи табии дар худудхои тарифи ба чунин мол муайяннамудаи макомоти танзимкунандаи монополияи табии мукаррар кардааст, нархи баланди инхисори буда наметавонад;

нархи пасти инхисории мол– нархи моли мукарраркардаи субъекти хочагидори дорои мавкеи хукмфармо дар бозори мол, ки аз маблаги харочоти аз нигохи иктисоди асоснокгардида ва даромади окилонаи он хангоми истехсол ва фуруши чунин мол камтар аст ё нархи моли дар бозори мол  мукаррарнамудаи субъекти хочагидори дар бозори мол мавкеи хукмрон дошта, ки аз нархи дар шароити ракобат дар чунин бозори моли мукоисашаванда муайяннамудаи субъектхои хочагидоре, ки бо харидорони (фурушандахои) мол ба як гурухи шахсон шомил намебошанд ва дар чунин бозори моли мукоисашаванда мавкеи хукмфармо надоранд, пасттар мебошад;

мукоисаи номуносиб– мукоиса ё мулохизае, ки ракиби алохида ё ракибонро умуман, инчунин молхои истехсолшаванда ё фурухташавандаро нисбати моли субъектхои хочагидори дигар бадном мекунад;

хариди сахмияи (хиссаи) сармояи оинномавии (шариконаи) субъектхои хочагидор харид ё ба даст овардани дигар имконияте, ки мустакилона ё ба воситаи намояндагон дорои хукуки овозе, ки ба туфайли шартномахои идоракунии боэътимод, фаъолияти якчоя, супориш, бастани дигар ахдхо дар сахмияхо (хиссахо) ифодаи худро меёбад, амали мегардад;

амали мувофикашудаи субъектхои хочагидор, ки ракобатро махдуд менамоядамали субъектхои хочагидор дар бозори мол, ки натичаи иктисодии он танхо ба шарте барои хар яке аз чунин субъектхои хочагидор фоидаовар хохад буд, ки агар дигар субъектхои хочагидор ба таври шабех ё бо усули барои хар яке аз чунин субъектхои хочагидор пешаки маълум амал кунанд ва агар чунин амал боиси ичозат надодан, махдуд сохтан ё бархам додани ракобат дар бозори мол гардидааст ё мегардад. Амали субъектхои хочагидор хангоме мувофикашуда эътироф мегардад, ки он ба амали дигар субъектхои хочагидор алокаманд буда, ба тагйирёбии шароити умумии муомилоти мол, ки ба андозаи баробар ба субъектхои хочагидор дар бозори дахлдори мол таъсир мерасонад, вобаста набошад;

хамохангсозии фаъолияти иктисоди мутобиккунонии амали субъектхои хочагидор аз тарафи шахси сеюм, ки ба ягон гурухи шахсони хамин гуна субъектхои хочагидор дохил намебошад;

гурухи шахсон– гурухи шахсони вокеи  ва хукуки, ки нисбати онхо як ё якчанд шартхои зерин ичро мегарданд:

шахс ё якчанд шахс якчоя дар натичаи созиш (амалиёти мувофикашуда) хукук доранд мустаким ва гайримустаким (аз чумла дар асоси шартномахои хариду фуруш, идоракунии боэътимод, фаъолияти якчоя, супориш ё содир кардани дигар ахдхо) зиёда аз панчох фоизи хисоби умумии овозхоро, ки ба сахмияхо (хиссахо) мувофик меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)шахсони хукукиро ташкил медиханд, ихтиёрдори намоянд. Дар ин холат тахти ихтиёрдории гайримустаким овозхои шахси хукуки, имконияти ихтиёрдории вокеии у ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбати онхо шахси якум хамаи он хукуку салохияти дар боло номбаршударо дорад, фахмида мешавад;

шахс ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо рохи дигар имконият пайдо мекунанд, ки карори кабулшавандаи дигар шахс ё шахсон, аз чумла шартхои аз тарафи дигар шахс ё шахсон ба рох мондани фаъолияти сохибкориро муайян намоянд ё салохияти макомоти ичроияи дигар шахс ё шахсонро дар асоси шартнома ба чо оваранд;

шахс хукуки таъин намудани макомоти ичроияи ягона ё зиёда аз панчох фоизи хайати макомоти ичроияи дастачамъии шахси хукуки ё бо пешниходи у зиёда аз панчох фоизи хайати шурои директорон (шурои нозирон) ё дигар макомоти идоракунии дастачамъии шахси хукукиро дорад;

шахси вокеи метавонад салохияти макомоти ягонаи ичроияи шахси хукукиро ичро намояд;

худи хамон шахсони вокеи, хамсарони онхо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хохарони онхо ё шахсоне, ки хамон шахси хукуки пешниход кардааст, зиёда аз панчох фоизи хайати макомоти ичроияи дастачамъи ё шурои директорон (шурои нозирон) ё дигар макомоти идоракунии дастачамъии ду ва зиёда шахсони хукукиро ташкил медиханд. Макомоти идоракунии дастачамъии ду ва зиёда шахсони хукуки инчунин макомоте мебошад, ки бо пешниходи хамон шахсони хукуки зиёда аз панчох фоизи хайати шурои директорон (шурои нозирон) ё дигар  макомоти идоракунии дастачамъи интихоб мешавад;

худи хамон шахсони вокеи, хамсарони онхо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хохарони онхо ё шахсони хукуки мустакилона ё ба воситаи намояндахо (вакилон) дар мачмуъ ва зиёда аз панчох фоизи овозхое, ки ба сахмияхо (хиссахо) мувофик меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)хар кадоми аз ду ва  зиёда шахсони хукукиро ташкил медиханд, хукуки ихтиёрдори кардан доранд;

шахсони вокеи ё хукуки мустакилона ё ба воситаи намояндахо (вакилон) дар мачмуъ зиёда аз панчох фоизи овозхоеро, ки ба сахмияхо (хиссахо) мувофик меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)шахси хукукиро ташкил медиханд ва худи он шахсони вокеи- хамсарони онхо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хохарони онхо, ки хамон як шахси хукуки пешниход кардааст, зиёда аз панчох фоизи хайати макомоти ичроияи дастачамъи ё шурои директорон (шурои нозирон) ё дигар макомоти идоракунии дастачамъии дигар шахси хукукиро ташкил медиханд, хукуки ихтиёрдори кардан доранд.

шахсони бонуфуз– шахсони вокеи ва хукуки, ки кодиранд ба субъектхои хочагидор, ки фаъолияти сохибкориро амали мегардонанд, таъсир расонанд.

Инхо шахсони бонуфузи шахси хукуки шуда метавонанд:

-узви шурои директорон (шурои нозирон) ё дигар макомоти идоракунии дастачамъи, узви макомоти ичроияи дастачамъии он, инчунин шахсе, ки салохияти макомоти ягонаи ичроияи онро амали мегардонад;

-шахсоне, ки ба гурухи ба шахси хукуки тааллукдошта дохил мешаванд;

-шахсоне, ки хукуки дар мачмуъ зиёда аз бист фоизи овозхоеро, ки ба сахмияхо (хиссахо) мувофик меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)хамин шахси хукукиро ташкил медиханд, ихтиёрдори мекунанд. Агар шахси хукуки иштирокчии иттиходияхои шахсони хукуки бошад, он вакт ба катори шахсони бонуфузи вай аъзои шурои директорон (шурои нозирон) ё дигар макомоти идоракунии дастачамъи, инчунин шахсоне, ки салохияти макомоти ягонаи ичроияи иштирокчиёни гурухи саноатию молиявиро амали мегардонанд, дохил мешаванд.

Шахсони бонуфузи шахси вокеи, ки фаъолияти сохибкориро амали мегардонанд, шуда метавонанд:

-шахсоне, ки ба гурухи ба шахси вокеи тааллукдошта дохил мешаванд;

-шахси хукуки, ки дар хайати он шахси вокеии мазкур хукук дорад ба зиёда аз бист фоизи мачмуи умумии овозхо, ки ба сахмияхо (хиссахо) мувофик меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи)хамин шахси хукукиро ташкил медиханд, ихтиёрдори намояд.

Дар Конуни мазкур гурухи шахсон хамчун субъекти ягонаи хочагидор хисобида мешаванд.

 

Боби 2.

Фаъолияти инхисорИ

Моддаи 4. Суиистифодаи субъекти хочагидор дар бозор

Амали (беамалии) субъекти хочагидор (гурухи шахсон), ки боиси рох надодан, махдуд сохтан, бархам додани ракобат ва (ё) халалдор намудани манфиати дигар субъекти хочагидор (гурухи шахсон) ё шахсони вокеи гаштаанд ё мегарданд, манъ аст, аз чумла чунин амал (беамали):

-аз муомилот гирифтани молхо, ки максад ва натичааш ташкил ё дастгири намудани камчини дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;

-ба зиммаи ахли шартнома бор кардани талаботе, ки барояш муфид нест ва ба мавзуи шартнома (беасос додани воситахои молияви, амволи дигар, хукуки амволи, куваи кори, ризоияти бастани шартнома факат бо шарти ба он илова кардани мукаррарот оид ба молхое, ки ахли шартнома, аз чумла истеъмолкунанда, ба онхо хавасманд нест ва гайра) дахл надорад;

-ба шартнома дохил намудани шартхои табъизи, ки ахли шартномаро нисбат ба дигар субъектхои хочагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;

-монеият кардан ба субъектхои хочагидори дигар хангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор);

-вайрон кардани коидаи нархгузори, ки дар асоси санади меъёри мукаррар шудааст;

-мукаррар ва дастгири кардани нарххои баланди (пасти) инхисори;

-ба харидорони хамон як мол мукаррар намудани нарххои (тарифхои) гуногуне, ки аз нигохи иктисоди, техники ва гайра беасос мебошанд;

-фарохам овардани шароити табъизи (дискриминатсиони);

-беасос кам ё катъ кардани истехсоли молхое, ки ба онхо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онхоро фармудаанд агар имконияти безарар истехсол кардани онхо мавчуд бошад;

-беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдихандагони) алохида, агар имконияти истехсол ва тахвили моли дахлдор мавчуд бошад.

 

Моддаи 5. Созишномахои (амалиёти мувофикашудаи) субъектхои хочагидоре, ки ракобатро

                      махдуд мекунанд

 

Ба субъектхои хочагидоре, ки дар бозори як мол (молхои  бахамивазшаванда) амал мекунанд, бастани шартномахо, ахдхои дигар, созишномахо (минбаъд- созишномахо) ё анчом додани амали мувофикашуда манъ аст, ки боиси натичахои зайл мегарданд ё хоханд гашт:

-мукаррар намудани (дастгирии) нарххо (тарифхо), тахфиф, изофапули (иловапули), нарххои иловашуда, харочот, фоида ё хама гуна амалхои дигар;

-баланд бардоштан, паст кардан ё тагйир надодани нарх дар музоядахо ва савдо;

-дар хусуси муштарак ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, таксими бозор тибки аломатхои худуди, оид ба хачми фуруш ё харид мутобики навъхои молхои фурухташаванда ё вобаста ба доираи фурушандахо ё харидорон (фармоишгарон);

-махдуд сохтани хукуки ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектхои хочагидор ба сифати фурушандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;

-махдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилооти холати бозор махрум намудани субъектхои хочагидор;

-шартнома набастан бо фурушандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;

-ба зиммаи ахли шартнома вогузоштани талаботе, ки барояш судманд ва ба мавзуи шартнома алокаманд намебошад (талаби беасоси додани воситахои молияви, амволи дигар, хукукхои амволи, ризоияти бастани шартнома танхо бо шарти ба он ворид кардани мукаррарот оид ба молхое, ки ахли шартнома ба онхо хавасманд нест ва гайра);

-барои харидорони хамон як мол мукаррар намудани нарххои (тарифхои) гуногуне, ки аз нигохи иктисоди, техники ва гайра беасос мебошанд;

-ихтисор ё катъ кардани истехсоли молхое, ки ба онхо эхтиёч ё фармоиш вучуд дорад, хангоми мавчудияти имконияти истехсоли безарари онхо;

-мухайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиходияхои касби ва дигар иттиходияхо, ки метавонад боиси рох надодан, махдуд сохтан ё бартараф намудани ракобат гардад.

Ба субъектхои хочагидор, ки дар бозори як мол амал мекунанд, бастани созишномахо ё анчом додани амали мувофикашуда, ки дар натичаи он рох надодан, махдуд сохтан, бартараф намудани ракобат ё халалдор кардани манфиатхои дигар субъектхои хочагидор чой доранд ё чой дошта метавонанд, манъ аст.

Ба субъектхои хочагидори дар бозорхои моли дахлдор байни худ ракобат надоштае, ки мол (молхои хамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фарохам меоваранд (фурушандагони имконпазир) бастани созишномахо ё анчом додани амали мувофикашуда манъ аст, агар дар натичаи бастани чунин созишнома ё анчом додани амали мувофикашуда рох надодан, махдуд сохтан ё бартараф намудани ракобат чой дошта бошанд ё чой дошта тавонад.

Ба иттиходияхои шахсони хукуки (иттифокхо, ассотсиатсияхо), субъектхои хочагидор амали гардонидани хамохангсозии фаъолияти сохибкории шахсони хукуки, ки дар натичаашон ракобат махдуд гаштааст ё метавонад махдуд гардад, манъ аст.

Вайрон кардани талаботи зикршуда барои бо даъвои макоми давлатии зиддиинхисори ва бо тартиби суди бархам додани иттиходияхои шахсони хукуки (иттифокхо, ассотсиатсияхо), субъектхои хочагидор, ки фаъолияти сохибкориро хамоханг месозад, асос мегардад.

 

Моддаи 6. Санад ва амалхои макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии

                     хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, ки ба

                     махдудкунии ракобат равона гардидаанд

 

Ба макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот кабул намудани санад ё ба анчом расонидани амалхое, ки мустакилияти субъектхои хочагидорро махдуд месозанд, шароити табъизи ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектхои хочагидори алохида фарохам меоранд, агар ин санад ва амалиёт боиси рох надодан, бартараф намудан ва махдудшавии ракобат, халалдор намудани манфиатхои субъектхои хочагидор ё шахрвандон гарданд, манъ аст. Аз чумла, ин амалхо манъ карда мешаванд:

-беасос  чори намудани махдудкуни ба таъсиси субъектхои хочагидори нав дар ягон сохаи фаъолият, инчунин мукаррар намудани монеа барои амали намудани шаклхои алохидаи фаъолият ё истехсоли намудхои муайяни молхо, гайр аз холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст;

-мукаррар намудани монеа ба хариду фуруши мол аз як минтака ба минтакаи дигар ё бо рохи махдуд намудани хукуки субъектхои хочагидор барои хариду фуруши молхо;

-ба субъектхои хочагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (супоришдихандагон) тахвил намудани молхо (корхо, хизматрасони) ё бастани шартномахо бе назардошти афзалиятхое, ки конунгузори ё дигар санади меъёрии Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст;

-беасос ба як ё якчанд субъектхои хочагидор додани имтиёзхо, ки онхоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектхои хочагидор дар холати афзалиятнок мегузорад;

-барои харидорони молхо (корхо, хизматрасони) вобаста ба интихоби субъектхои хочагидоре, ки онхоро истехсол (ичро, пешниход) мекунанд, ба истиснои холатхои чойгиронии молхо, ки конунгузори муайян кардааст, махдудият мукаррар менамояд.

Карорхои макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба масъалахои таъсис, азнавташкилкуни ва бархамдихи бо тартиби мукарраргардида (дар холатхое, ки дар конунгузории зиддиинхисори пешбини шудаанд), инчунин додани имтиёз ба субъекти хочагидори алохида бо макомоти давлатии зиддиинхисори мувофика карда мешавад, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон дигар амал пешбини нашуда бошад.

Муттахидшавии шахсони хукуки ва макомоти хокимияти давлати бо максади инхисор намудани истехсолот ё фуруши молхо, ба макомоти мавчудаи хокимияти давлати додани салохиятхое, ки ичрои онхо боиси махдудкунии ракобат мегардад, инчунин якчоя кардани вазифахои макомоти хокимияти давлати ва субъектхои хочагидор, ба зиммаи субъектхои хочагидор вогузоштани вазифа ва хукукхои макомоти назорати давлати манъ аст, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст.

Дар хама гуна шакл бастани созишнома ё анчом додани амали мувофикашудаи макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва ташкилотхои ваколатдори макомоти зикршуда байни худ ё байни онхо ва субъекти хочагидор, ки дар натичаи он рох надодан, махдуд сохтан ё бартараф намудани ракобат ё халалдор кардани манфиатхои субъектхои хочагидор чой дорад ё чой дошта метавонад, манъ аст. Аз чумла бастани созишнома ё анчом додани амали мувофикашуда, ки боиси натичахои зайл гардидааст ё мегардад, манъ аст:

-баланд бардоштан, паст кардан ё тагйир надодани нарххо (тарифхо);

-беасос мукаррар намудани сатхи тагйирёбандаи нарххо барои харидорони гуногуне, ки хамон як молро ба даст меоранд;

-таксим кардани бозор аз руи принсипи худуди, хачми фуруш ё харид, номгуи молхои фуруш ё аз руи доираи фурушандагон ё харидорон (фармоишгарон);

-махдуд сохтани дастрасии бозор ё аз он дур сохтани субъектхои хочагидор.

 

Моддаи 7. Шаклхои ракобати бевичдонона

 

Ба ракобати бевичдонона дар шаклхои зерин рох дода намешавад:

-пахн намудани маълумоти бардуруг, носахех ё тахрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектхои хочагидор мегарданд ё обруи кориашонро паст мегардонад;

-ба иштибох гузоштани истеъмолкунандагон оиди хусусият, тарз, чои истехсол ва хосиятхои истеъмолию сифати ва микдори мол ё истехсолкунандагони он, аз чумла рекламаи мол (кор, хизматрасони), ки ба талаботи сифат чавобгу намебошад:

-мукоисаи номуносиби молхои истехсолшаванда ва фурухташавандаи як субъекти хочагидор бо субъектхои хочагидори дигар (аз чумла дар чараёни таргибу ташвик);

-гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тичорати ё хизмати ё дигар сирри бо конун хифзгардида;

-истифодаи худсаронаи аломатхои мол, номи фирмави ё нишонгузори, инчунин нусхабардории борчома ва намуди моли субъекти хочагидори дигар, ки метавонанд ракибонро аз фаъолияти сохибкориашон махрум созанд;

-дахолат кардан ба фаъолияти сохибкори, додани имтиёзхои гуногуни модди ба кормандони субъектхои хочагидори ракобаткунанда бо максади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онхо ба ичрои ухдадорихои мехнати;

-хама гуна амале, ки вокеан метавонад дастрас будани бозорро хеле махдуд кунад.

Ракобати бевичдонона, ки барои гайриконуни ба даст овардан ва истифода бурдани хукукхои истиснои ба воситахои инфиродкунонии шахсони хукуки, инфиродкунонии махсулот, корхои ичрошаванда ё хизматрасони нигаронида шудааст, ичозат дода намешавад.

Карори макомоти давлатии зиддиинхисори марбут ба вайрон кардани мукаррароти кисми дуюми моддаи мазкур дар бобати инфиродкунонии махсулот, корхои ичрошаванда ё хизматрасони барои халли масъалахои пеш аз мухлат катъ намудани амали бакайдгирии объекти хукукхои истиснои ё дар мавриди беэътибор эътироф намудани бакайдгирии ин объект бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба аломатхои мол, аломатхои хизматрасони ва номгуи махалли пайдоиши молхо ба макомоти хокимияти давлатии сохаи патентхо ва аломатхои мол фиристода мешавад.

 

Моддаи 8. Талаботи зиддиинхисори оид ба гузаронидани озмун барои чойгиронии

                     фармоишхо чихати молрасони, ичрои корхо ва хизматрасони барои эхтиёчоти

                     давлати

 

Хангоми гузаронидани озмун барои чойгиронии фармоишхо чихати молрасони, ичрои корхо ва хизматрасони барои эхтиёчоти давлати ба амалиёти зерин ичозат дода намешавад:

-фарохам овардани шароити афзалиятноки ширкат дар озмун, аз чумла дастрас намудани иттилооти махфи, кам кардани музди пардохт барои иштироккунандагони алохидаи озмун;

-дар озмун иштирок кардани созмондихандагон (фармоишгарон) ва кормандони созмондихандагони озмунхо ё шахсоне, ки бо корманди созмондихандаи озмун шомили як гурухи шахсон мебошад, инчунин шахсони хукукие, ки дар онхо корманди созмондихандаи озмун хукук дорад беш аз бист фоизи шумораи умумии овозхои марбути сахмхои овоздор ё ташкилкунандаи сахми оинномави ё сармояи чамъшавандаи хиссаи шахси хукукиро ихтиёрдори намояд;

-аз чониби созмондихандаи озмун амали кардани фаъолияти хамохангсозии иштирокдорони он, ки дар натича махдудияти ракобат байни иштироккунандагони озмун ё махдуд сохтани манфиати иштироккунандагони он  чой доранд, ё чой дошта метавонанд;

-вайрон намудани тартиби муайян кардани голиб (голибон);

-беасос махдуд сохтани дастрасии ширкат дар озмун.

Вайронкунии коидахои мукаррарнамудаи моддаи мазкур барои аз чониби суд беэътибор донистани озмун, аз чумла тибки даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори асос шуда метавонад.

 

Моддаи 9. Фарохам овардани ёрии давлати ва махалли

 

Тахти мафхуми ёрии давлати ва махалли барои максадхои Конуни мазкур аз чониби макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин ташкилотхои ваколатдори макомоти зикргардида фарохам овардани имтиёзхои инфироди ва (ё) бартарият ба як ё якчанд субъектхои хочагидор фахмида мешавад.

Фарохам овардани (чудо, таксим намудани) маблагхои давлати ё махалли (захирахо, имтиёзхои инфироди ва (ё) афзалият) ба шахси алохида вобаста ба натичахои савдо (озмун) ва (ё) мутобики дигар расмиёти пешбининамудаи конунхо ёрии давлати ё махалли ба хисоб намеравад.

Фарохам овардани (чудо, таксим намудани) маблагхои давлати ё махалли (захирахо, амвол) ба шахсони алохида бо максади рафъи окибати офати табии, садама, фалокат ва холатхои фавкулодда, окибати амалиёти низоми ва амалиёти зиддитеррористи аз фондхои эхтиётии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ёрии давлати ва махалли ба хисоб намеравад.

Ёрии давлати ё махалли, ба истиснои ёрии пешбининамудаи конунгузори танхо бо ичозати пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори метавонад фарохам оварда шавад.

Шахсе, ки ният дорад ба як ё якчанд субъектхои хочагидор ёрии давлати ё махалли фарохам оварад, ба макомоти давлатии зиддиинхисори дар хусуси додани ичозат барои расонидани кумак дархост фиристода, тамоми иттилооти заруриро, ки номгуи онро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд, ба он замима мекунад.

Макомоти давлатии зиддиинхисори вобаста ба дархости ичозат додан барои ёрии давлати ё махалли яке аз карорхои зайлро кабул мекунад:

  1. Дар хусуси конеъ гардонидани дархост, агар ёрии давлати ё махалли боиси бартараф намудан ё рох надодан ба ракобат нагардад ва ба категорияхои зерин мансуб бошад:

-ёри бо максади гузаронидани тадкикоти бунёдии илми, ки мустакиман бо истехсоли махсулоти нав ё бехтар намудани сифати он ё равандхои мавчудаи технологи нигаронида нашуда бошад;

-ёри ба максади химояи мухити зист;

-ёрие, ки барои рушди фарханг ва хифзи мероси фарханги нигаронида шудааст;

-ёри барои истехсоли махсулоти кишоварзи.

  1. Оид ба зарурати тадкики иловагии маводи дархост, агар макомоти давлатии зиддиинхисори дар хусуси эхтимоли номутобикатии ёри ба шартхои дар банди якуми хамин кисм зикргардида ва зарурати дарёфт намудани иттилооти иловаги барои кабули карор чихати конеъ гардонидани дархост ё рад гардонидани он ба хулоса оянд.
  2. Дар хусуси конеъ нагардонидани дархост, агар ёрии давлати ё махалли ба шартхои пешбининамудаи банди 1 хамин кисм мутобик набошад.

Макомоти давлатии зиддиинхисори оид ба дархости ичозат барои расонидани ёрии давлати ё махалли дар давоми ду мох аз рузи гирифтани хамаи маълумоти зарури карор кабул мекунад.

Дар мавриди гузаронидани тадкики иловаги макоми давлатии зиддиинхисори дархосткунандаро огох намуда, дар давоми як мох аз рузи гирифтани маълумоти зарури доир ба дархост карор кабул мекунад.

Карор оид ба конеъгардонии дархост чихати расонидани ёрии давлати ё махалли метавонад дорои дастуре бошад, ки дар он барои гирандаи дастур талаботи зарурии ба шароитхои банди 1 кисми шашуми моддаи мазкур мутобикат кардани ёрии давлати ва махалли мукаррар гардидааст. Ичрои дастур хангоми расонидани ёри хатми мебошад.

 

Моддаи 10. Назорати давлатии расонидани ёрии давлати ва махалли ва истифодаи он

 

Макомоти давлатии зиддиинхисори риояи максад ва шартхои расонидани ёрии давлати ва махаллиро, ки дар дархости ичозати расонидани чунин ёри зикр гардидааст, тахти назорат мегирад.

Тартиби расонидани ёрии давлати ва махалли, баррасии дархост оид ба ёрирасони, назорати истифодаи он, бекор кардани карори конеъгардонии дархост оид ба расонидани ёри, инчунин баргардонидани он бинобар дар конунхои амалкунанда ва конунгузории бучет танзим нагардиданаш, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон дар асоси низомномаи тасдикнамудаи он мукаррар карда мешавад.

Макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад дар холатхои зайл карори конеъгардонии дархости расонидани ёрии давлати ё махаллиро бекор кунад ё чихати баргардонидани он амрия барорад:

-агар карор оид ба конеъгардонии дархости расонидани ёрии давлати ё махалли ба иттилооти нодурусте асос ёфта бошад, ки барои кабули карор ахамият дорад;

-аз чониби дархосткунанда вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлати ё махалли, ки мутобики моддаи мазкур пешбини шудааст;

-номутобикатии ёрии давлати ва махалли ба максад ва шартхои фарогирифтаи дархости ичозати расонидани ёри;

-расонидани ёрии давлати ё махалли бо вайрон кардани тартиби мукаррарнамудаи моддаи 9 Конуни мазкур.

 

Моддаи 11. Ваколатхои макомоти давлатии зиддиинхисори хангоми вайрон намудани

                       талаботи расонидани ёрии давлати ва махалли ва истифодаи он

 

Санадхои (карор, амрия, фармоиш, дастури хаттии) макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин макомоти ваколатдоршуда, ки ба субъектхои алохидаи хочагидор афзалият ва (ё) имтиёз фарохам меоранд, бо тартиби суди аз руи даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори беэътибор дониста мешаванд.

 

Боби 3.

Макомоти давлатии зиддиИнхисори

 

Моддаи 12. Вазифа ва функсияхои макомоти давлатии зиддиинхисори

 

Макомоти давлатии зиддиинхисори макомоти идоракуни буда, барои татбики сиёсати зиддиинхисори дар сохаи инкишофи бозорхо ва ракобати сохибкори масъул мебошад.

Ба вазифахои макомоти давлатии зиддиинхисори дохил мешаванд:

-пешгири, махдудкуни ва катъ намудани фаъолияти инхисори ва ракобати бевичдонона;

-мусоидат ба ташаккули муносибатхои бозоргони дар асоси рушди ракобат ва сохибкори;

-назорати давлати ба риояи конунгузории зиддиинхисори.

Макомоти давлатии зиддиинхисори функсияхои асосии зеринро ичро менамояд:

-оид ба гайриинхисори кардани истехсол ва муомилоти мол чорахо меандешад;

-ичрои конунгузории зиддиинхисориро хангоми таъсис, азнавташкилкуни ва бархамдихии субъектхои хочагидор назорат менамояд;

-хариди сахмияхои (хиссахои) дорои хукуки овозро дар сармояи оинномавии (шариконаи)субъектхои хочагидор, ки метавонад боиси хукмфармоии субъектхои хочагидор дар бозорхои мол гардад ё ба махдудияти ракобат оварда расонад, назорат менамояд;

-ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои такмили оид ба конунгузории зиддиинхисори ва истифодаи амалии он таклифхо пешниход менамояд ва лоихаи конунхо ва дигар санадхои меъёрии вобаста ба кори бозор ва инкишофи ракобат хулоса мебарорад;

-ба макомоти хокимияти давлати оид ба гузаронидани тадбирхои барои инкишофи бозорхои мол ва ракобат мусоидаткунанда тавсияхо медихад.

Фаъолияти макомоти давлатии зиддиинхисори ва сохтори он бо Низомномаи макомоти давлатии зиддиинхисори, ки аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мегардад ва бо дигар конунхо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 13. Салохияти макомоти давлатии зиддиинхисори

 

Макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад:

-мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидорро мукаррар намояд. Тартиби ташкил ва пешбурди Фехристи субъектхои хочагидоре, ки дар бозори мол мавкеи хукмфармоиро доранд макомоти давлатии зиддиинхисори муайян ва тасдик мекунад;

-дар сурати мавчуд будани аломатхои вайронкунии конунгузории зиддиинхисори дар бораи он парванда огоз намуда, онро барраси намояд ва аз руи натичаи баррасии он карор барорад ва субъектхои хочагидор барои ичрои хатми амрияхои зайлро кабул намояд:

– дар бораи катъ намудани амали мувофикашуда ва (ё) катъ намудани иштирок дар созишномаи махдудкунандаи ракобат ва катъ кардани суиистифодаи субъекти хочагидор аз мавкеи хукмфармои дар бозор, инчунин ичрои амале, ки ба таъмин намудани ракобат нигаронида шудааст;

– дар бораи катъ намудани вайронкунии коидахои дастрасии гайритабъизи ба молхо (корхо, хизматрасони);

– дар бораи анчом додани амал оид ба таъмини ракобат хангоми назорати давлати, ки дар Конуни мазкур пешбини шудааст;

– дар бораи катъ кардани ракобати бевичдонона;

– дар бораи рох надодан ба амале, ки ба вайронкунии ракобат ва конунгузории зиддиинхисори тахдид менамояд;

– дар бораи баркарор кардани вазъе, ки то вайронкунии конунгузории зиддиинхисори мавчуд буд;

– дар бораи ичрои амалиёте, ки ба таъмини ракобат хангоми анчом додани назорате, ки ба расонидани ёрии давлати нигаронида шудааст;

– дар бораи бастани шартномахо дар хусуси дигар кардани шартхои шартномахо ё бекор кардани шартномахо;

– дар бораи ба бучети давлати гузаронидани даромаде, ки дар натичаи вайронкунии конунгузории зиддиинхисори ба даст омадааст;

– дар бораи дигар кардан ё махдуд намудани истифодаи номи фирмави;

– дар бораи ичрои талаботи иктисоди, техники, иттилооти ва дигар талаботе, ки ба рафъ ва огохонии минбаъд ба миён наомадани шароитхои табъизи нигаронида шудааст;

– дар бораи ичрои амалиёте, ки ба таъмин намудани ракобат нигаронида шудааст;

– дар бораи катъ намудани вайронкунии конунгузории зиддиинхисори ва рафъи окибатхои он;

– ба макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин шахсони мансабдори онхо амрияхои зайл содир намояд, ки ичрои онхо хатми мебошад:

– дар бораи бекор кардан ё тагйир додани санадхои кабулнамудаашон, ки конунгузории зиддиинхисориро вайрон менамояд;

– дар бораи бекор кардан ё тагйир додани шартномахое, ки конунгузории зиддиинхисориро вайрон мекунанд;

– дар бораи катъ намудани дигар вайронкунии конунгузории зиддиинхисори;

– дар бораи ичрои амале, ки ба таъмин намудани ракобат нигаронида шудааст;

– дар холате, ки агар макомоти хокимияти давлати функсияи назорати ва санчишро дар бозорхои мол ичро кунанд, макомоти зиддиинхисори дар хусуси ба конунгузории  зиддиинхисори мутобик гардонидани санадхо ва амали чунин макомот пешниход ирсол созад;

– нисбат ба субъектхои хочагидор, рохбарони онхо, шахсони вокеи, аз чумла сохибкорони инфироди, инчунин шахсони мансабдори макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои вайрон намудани конунгузории зиддиинхисори тибки холатхо ва тартиби мукаррарнамудаи конунгузори чорахо андешад;

– дар бораи вайронкунии конунгузории зиддиинхисори бо даъво, ариза ба суд мурочиат кунад, аз чумла:

– дар бораи пурра ё дар кисми мухолифат ба конунгузории зиддиинхисори беэътибор донистани санадхои меъёрии макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот;

– дар бораи пурра ё дар кисми мухолифат ба конунгузории зиддиинхисори беэътибор донистани шартномахо;

– дар бораи хатман бастани шартнома;

– дар бораи тагйир додан ё бекор намудани шартнома;

– дар бораи бархамдихи ё азнавташкилдихии шахсони хукуки дар холатхои муайяннамудаи конунгузории зиддиинхисори;

– дар бораи ба бучети давлати гузаронидани даромаде, ки дар натичаи вайронкунии конунгузории зиддиинхисори ба даст омадааст;

– дар бораи истифодаи чорахои зарури барои вайронкунии конунгузории зиддиинхисори нисбат ба шахсе, ки ба вайрон кардани конунгузории зиддиинхисори рох додааст;

– дар бораи беэътибор донистани савдохо (озмунхо);

– дар бораи азнавташкилдихии мачбурии шахсони хукуки (дар шакли таксимкуни, чудокуни), ки конунгузории зиддиинхисориро вайрон мекунанд;

– хангоми баррасии парвандахои марбут ба истифода ва (ё) вайронкунии конунгузории зиддиинхисори дар суд иштирок кунад;

– фехристи субъектхои хочагидорро, ки дар бозорхои моли Чумхурии Точикистон мавкеи хукмфармо доранд, пеш барад;

– дар воситахои ахбори омма карор ва дастури макомоти зиддиинхисориро, ки манфиатхои доираи номуайяни шахсонро дар бар мегирад, нашр намояд;

– ба макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба гузаронидани чорабинихое, ки ба рушди ракобат дар бозорхои мол равона гардидаанд, тавсияхо дихад;

– бо макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва тибки тартиби мукарраргардида бо ташкилотхои байналмилали, макомоти давлатхои хоричи дар доираи салохияти худ мубодилаи иттилоотро анчом дихад;

– холати ракобатро дар бозорхои мол тахлил кунад;

– барои субъекти хочагидор дар бозори молхои дахлдор мавкеи хукмфармо мукаррар созад;

– риояи конунгузории зиддиинхисориро аз чониби субъектхои хочагидор, макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин шахсони вокеи тафтиш намуда, аз онхо тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон асноди зарури, иттилоот ва дар шакли хатти ва шифохи тавзехот мегирад, ба макомоти оперативию чустучуи дар бораи ичрои  корхои оперативию чустучуи мурочиат кунад;

– бо максади ичрои масъалахои ба зиммааш гузошташуда тавсияхои методи оид ба муайян кардани навъи шартномахо, тартиби танзими муайян намудани нарххои (тарифхои) субъектхои хочагидор ё сатхи нихоии онхо, ки дар бозори молии Чумхурии Точикистон мавкеи хукмфармо доранд, низомнома оид ба танзими нарх ба махсулот ва моли тайёркарда, хизматрасонии анчомдодаи субъектхои хочагидор – доминантхо ва инхисорон, коида оид ба тартиби гузаронидани тафтиши риояи конунгузории зиддиинхисори аз чониби макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва ташкилотхои ваколатдори макомотхои зикршударо анчом диханд, низомнома оид ба тартиби ба макомоти зиддиинхисори пешниход намудани дархост ва огохинома тибки талаботи моддахои 15 ва 16 Конуни мазкур, коидахоро оид ба муайян намудани мавкеи хукмфармоии субъекти хочагидор дар бозорхои моли, тартиби баррасии парвандахоро дар хусуси вайронкунии конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик намояд;

– тарифхои хизматрасонии пулакиро ба макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва субъектхои хочагидории ба доираи идоракунии онхо дохилбударо ба мувофика расонад;

– бо максади пешгирии махдудсози ва бартараф намудани ракобат хангоми хусусигардонии корхонахо ва ташкилотхои давлати иштирок намояд;

– тарифхои хизматрасонии субъектхои хочагидорро, ки дар бозорхои моли муайяни Чумхурии Точикистон мавкеи хукмфармо ва инхисориро ишгол мекунанд, ба мувофика расонад;

– ба макомоти дахлдори хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оид ба чори ё бекор намудани ичозатномахо, квотахо, тагйир додани тарифхои гумруки ва дигар намуди дастгирии давлати таклифхо пешниход менамояд;

– оид ба бастани чарима ба субъектхои хочагидор, додани чазои маъмури ба рохбарони онхо, шахрвандон, аз чумла сохибкорони инфироди, шахсони мансабдори макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот барои вайронкунихои конунгузории зиддиинхисори, гайр аз холатхои вайронкунии тартиботи мукарраргардидаи нархгузори мутобики конунгузории монополияхои табии, карор кабул кунад;

– тибки тартиби мукарраргардида дар хусуси вучуд доштан ё надоштани махдудияти ракобат дар бозори мол хангоми татбик, тагйир додан ва катъ гардидани амали тарифи гумруки ва дар бораи чори кардани чорахои гайритарифи хулоса дихад;

– масъалахои татбики конунгузории зиддиинхисориро шарх дихад;

– дигар ваколатхои пешбининамудаи Конуни мазкур ва санадхои меъёрию хукукиро анчом дихад.

Макомоти давлатии зиддиинхисори бо максади мусоидат намудан ба инкишофи бозорхои мол ва ракобат, дастгирии сохибкори ва гайриинхисори намудан ба макомоти дахлдори хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба масъалахои зайл тавсияхо медихад:

-додани карзи имтиёзнок, инчунин оид ба кам кардани андозхо ё аз онхо озод намудани субъектхои хочагидоре, ки маротибаи аввал ба бозори моли муайян дохил мешаванд;

-ташкил ва инкишофи сохторхои ба хамдигар монанд дар сохахои истехсолот ва муомилот, аз чумла аз хисоби карз;

-маблаггузории чорабинихо оид ба зиёд кардани истехсоли мол бо максади бартараф намудани мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидори алохида;

-иштироки сармояи хоричи дар иктисодиёти Чумхурии Точикистон, ташкили корхонахо бо маблаггузории хоричи.

Макомоти давлатии зиддиинхисори дар амали гардондани барномахои гайриинхисори, инкишофи ракобат ва дастгирии сохибкори иштирок менамояд.

 

Моддаи 14. Хукуки дастрас намудани ахбор

 

Кормандони ваколатдори макомоти давлатии зиддиинхисори бо максади ичро намудани вазифахои ба зиммаашон гузошташуда ва дар асоси гузаронидани мониторинги бозор, шикояти воридшуда ва (ё) хангоми гумонбарии асоснок оид ба вайронкунии конунгузории зиддиинхисори барои шиносшави бо хуччатхои зарури дар асоси талаби макомоти давлатии зиддиинхисори хукук доранд ба макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин ба бинои субъектхои хочагидор бемамониат ворид шаванд.

Макомоти корхои дохили дар доираи салохияти худ бояд ба кормандони макомоти давлатии зиддиинхисори барои ичрои вазифахои хизматиашон ёри расонад.

Субъектхои хочагидор (рохбарони онхо), макомоти хокимияти давлати ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати (шахсони мансабдори онхо), шахрвандон, аз чумла сохибкорони инфироди вазифадоранд бо талаби макомоти давлатии зиддиинхисори хуччатхои сахех ва дигар ахбореро, ки барои фаъолияти конунии макомоти давлатии зиддиинхисори заруранд, пешниход кунанд.

Маълумоти дорои сирри тичорати, хизмати ва конунан хифзшаванда ва маълумоте, ки макомоти давлатии зиддиинхисори хангоми ичрои ваколати худ ба даст овардааст, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи Конун бояд ошкор карда нашавад.

Дар холати аз тарафи кормандони макомоти давлатии зиддиинхисори ошкор кардани маълумоти дорои сирри хизмати ва тичорати товони зарари расида мувофики конунгузории граждани чуброн карда мешавад.

 

Боби 4.

Назорати давлатии ракобат

 

Моддаи 15. Назорати давлати оид ба таъсисдихи, азнавташкилкуни, бархамдихии субъектхои

                        хочагидор ва иттиходияхои онхо

 

Бо розигии пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори корхои зайл анчом дода мешаванд:

-таъсис ва азнавташкилдихии иттиходияхои субъектхои хочагидор;

-муттахидшавии шахси хукуки ё хамрох шудани шахси хукуки ба дигар шахси хукуки, агар арзиши умумии тавозуни активхои онхо (активхои гурухи шахсони онхо) мувофики тавозуни охирин аз сад хазор нишондиханда барои хисобхо бештар бошад;

-таъсиси шахси хукуки хангоми пардохти сармояи оинномавии (шариконаи)он бо сахмхо (хиссахо) ё молумулки дигар шахси хукуки;

-бархамдихи ва таксимкунии (чудокунии) шахси хукуки, ки арзиши активхояшон аз панчох хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси хукуки гардад, ки дар бозори мол мавкеи хукмфармо дорад.

Дар холатхое, ки дар кисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, шахсхо ё макомоти манфиатдор ба макомоти давлатии зиддиинхисори гайр аз хуччатхое, ки ба макомоти бакайдгиранда дастрас мекунанд, дархост дар бораи додани розиги ба таъсис ва азнавташкилкунии он, маълумот дар бораи фаъолияти асоси, мачмуи истехсол ва фуруши махсулот (корхо, хизматрасони) дар бозорхои дахлдори мол пешниход менамояд. Макомоти давлатии зиддиинхисори хукук доранд ахбори дигари заруриро, гайр аз иттилооте, ки ба салохияташ тааллук надорад, талаб намояд.

Макомоти давлатии зиддиинхисори на дертар аз си рузи кабул карда гирифтани хуччатхои лозими ба аризадиханда дар бораи карори кабулгардида хатти хабар медихад.

Дар холатхое, ки агар таъсиси (хамрохшавии, муттахидшавии) субъектхои хочагидор ба махдудкунии ракобат оварда расонад, муассисони субъектхои хочагидор, шахс ё макомоте, ки дар бораи хамрохшави, муттахидшави карор кабул кардаанд, вазифадоранд бо карори макоми давлатии зиддиинхисори барои баркарор намудани шароити зарурии ракобат чорахо андешанд. (КЧТ аз 18.03.15с., №1195)

Ичро накардани карори макомоти давлатии зиддиинхисори барои беэътибор донистани бакайдгирии давлати бо тартиби суди аз руи даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори асос мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1195)

Дар холатхои дар кисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда бакайдгирии давлатии иттиходияхои субъектхои хочагидор инчунин аз руйхати ягонаи давлати баровардани онхо аз тарафи макомоти давлатии бакайдгиранда танхо бо розигии пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори анчом дода мешавад.

Бакайдгирии давлатии иттиходияхои субъектхои хочагидор, ки таъсис ва азнавташкилкунии онхо бе розигии пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори сурат гирифтааст, бо тартиби суди аз руи даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори беэътибор дониста мешаванд.

 

Моддаи 16. Назорати давлатии ичрои конунгузории зиддиинхисори хангоми хариди

                       сахмияхо (хиссахо) дар сармояи оинномавии (шариконаи)субъектхои хочагидор ва

                       дигар мавридхо

 

Бо мувофикаи пешакии макомоти давлатии зиддиинхисори дар асоси дархости шахсони вокеи ва хукуки амалхои зайл сурат мегиранд:

– аз тарафи шахс (гурухи шахсон) харид кардани сахмияи (хиссаи) дорои хукуки овоз дар сармояи оинномавии субъекти хочагидор, ки дар натича чунин шахс (гурухи шахсон) хукуки ихтиёрдории бештар аз бист фоизи сахмияхои (хиссахои) харидгардидаро пайдо мекунад. Талаботи мазкур ба муассисони субъекти хочагидор хангоми таъсиси он дахл надорад;

– аз тарафи як субъекти хочагидор (гурухи шахсон) сохиб шудан ба воситахои асосии истехсолот ё активхои гайримоддии субъекти хочагидори дигар ё мавриди истифода карор гирифтани онхо, ки агар арзиши тавозуни амволи ташкилдихандаи мавзуи ахд аз дах фоизи арзиши тавозуни воситахои асосии истехсолот ва активхои гайримоддии субъекти хочагидори чудокунандаи амвол зиёд бошад;

– аз тарафи шахс (гурухи шахсон) ба даст овардани хукуке, ки ба субъекти хочагидор имконият медихад, шароити амали гардонидани фаъолияти сохибкории хамин шахсро (гурухи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи макомоти идоракунии онро ичро кунад.

Розигии пешаки барои ичро намудани ахдхое, ки дар кисми якуми моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар холатхое зарур мебошад, ки агар арзиши умумии тавозунии активхои шахсоне, ки дар кисми якуми моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз дусад хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд ва яке аз онхо субъекти хочагидоре мебошад, ки ба фехристи субъектхои хочагидори дорои мавкеи хукмфармо дохил карда шудааст ё харидор гурухи шахсоне бошад, ки фаъолияти хамин субъекти хочагидорро назорат мекунанд.

Барои содир кардани ахдхое, ки дар кисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, шахсон вазифадоранд ба макомоти давлатии зиддиинхисори дар бораи додани розиги барои пешниход кардани онхо дархост диханд ва кабул кардани карор мувофики номгуи ахборе, ки макомоти давлатии зиддиинхисори тасдик мекунад, маълумоти зарури пешниход намоянд.

Назорати давлати ба содир шудани ахдхое, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз тарафи макомоти давлатии зиддиинхисори дар асоси моддаи 15 Конуни мазкур ичро мегардад.

Макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад дархостро рад намояд, агар конеъкунонии он боиси мустахкам гардидани мавкеи хукмфармоии субъекти хочагидор (гурухи шахсон) ё махдудкунии ракобат гардад ва инчунин дар холатхои пешниход намудани ахбори носахех, ки барои кабул намудани карор ахамият дорад.

Макомоти давлатии зиддиинхисори барои конеъ намудани дархост дар холати ичро намудани талабот, ки ба таъмини ракобат равона шудааст, хукук дорад. Дар айни замон талаботи нишондодашуда, инчунин мухлати ичрои он бояд дар карори макомоти давлатии зиддиинхисори дар бораи розиги барои ичрои амале, ки дар кисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, дарч карда шавад.

Макомоти давлатии зиддиинхисори аз руи аризаи шахси хукуки ё вокеи баъди ба итмом расидани ичрои ахдхое, ки дар кисми якуми моддаи мазкур оварда шудаанд, дар давоми понздах руз огох карда мешавад, агар арзиши умумии тавозунии активхои шахсоне, ки дар кисми якуми хамин модда зикр шудааст аз сад хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад.

Дар холати иштироки шахси вокеи дар макомоти ичроия, шурои директорони (шурои нозирони) ду ё зиёда субъектхои хочагидор, ки арзиши умумии тавозуни активхои аз сад хазор нишондиханда барои хисобхо зиёд бошад ва ё субъектхои хочагидор, ки ба руйхати гурухи молхои якхела ё ба руйхати гурухи молхои дарачаи мухталифи чараёни истехсолу фуруши якхела дохиланд, бояд макомоти давлатии зиддиинхисори пас аз понздах рузи дохилшави (интихобшави) ба макомоти мазкур ё шуро аз тарафи хамин шахс, хатман огох карда шавад. Дар холати огохкунии макомоти давлатии зиддиинхисори аризадиханда якчоя бо ариза ахбореро пешниход мекунад, ки дар кисми чоруми моддаи мазкур пешбини шудааст.

Агар макомоти давлатии зиддиинхисори баъд аз омузиши пешакии ахбор ба хулоса ояд, ки дар натичаи бастани ахдхое, ки аз ин хусус уро огох кардаанд, мавкеи хукмфармоиро субъектхои хочагидор (гурухи шахсон) сохиб мегарданд ё худ ин мавкеи онхо пурзуртар мешавад ё махдудкунии ракобат руй медихад, вай дар бораи санчиши иловагии мувофик будани созиши мазкур ба талаботи конунгузории зиддиинхисори карор кабул мекунад. Карори мазкур дар давоми понздах рузи баъди гирифтани аризаи огохкуниро гирифтани макомоти давлатии зиддиинхисори ба аризадиханда равон карда мешавад.

Карори катъи аз тарафи макомоти давлатии зиддиинхисори дар давоми си руз кабул гардида, дар ин хусус ба аризадиханда хатти хабар дода мешавад.

Агар амалиётхои дар кисмхои хафтум ва хаштуми моддаи мазкур пешбинишуда боиси зухур кардан ё кувват гирифтани мавкеи хукмфармоии субъектхои хочагидор ё махдудкунии ракобат гарданд, шахсони ин амалиётхоро ичрокунанда вазифадоранд бо талаби макомоти давлатии зиддиинхисори дар мухлатхои аз тарафи он мукарраргардида барои баркарор намудани шароити зарурии ракобат чорахо андешанд.

Дар холатхои пешбининамудаи кисмхои хафтум ва хаштуми моддаи мазкур шахсон хукук доранд то кабули чунин карорхо розигии пешакии макомоти давлатии зиддиинхисориро, ки вазифадор аст аризахои дахлдорро дар бораи ба ичро расонидани амалиётхои мазкур бо тартиби мукарраргардида дида барояд, дархост кунанд.

Ахдхое, ки мухолифи тартиби мукаррарнамудаи моддаи мазкур ба имзо расидаанд ва ба зухур кардан ё кувват гирифтани мавкеи хукмфармои, махдудкунии ракобат оварда мерасонанд, дар холатхои аз тарафи иштирокчиёни созишхо ичро накардани талаботи макомоти давлатии зиддиинхисори дар бораи баркарор намудани шартхои зарурии ракобат дар мухлатхои аз тарафи он мукарраркардашуда, бо тартиби суди ва бо даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори беэътибор дониста мешаванд.

Ичро накардани карорхои макомоти давлатии зиддиинхисори, ки мувофики кисмхои шашум ва ёздахуми моддаи мазкур кабул шудаанд, барои беэътибор донистани ахди дахлдор бо тартиби суди аз руи даъвои макомоти давлатии зиддиинхисори асос шуда метавонад.

Карори макомоти давлатии зиддиинхисори дар хусуси розиги оид ба ичрои ахдхои дар моддаи мазкур зикршуда амали худро катъ менамояд, агар чунин ахдхо дар муддати 6 мох аз рузи кабул гардидани карори зикршуда ичро нагардида бошад.

 

Моддаи 17. Азнавташкилкунии (таксимкуни ё чудокунии) субъектхои хочагидор, ки

                      фаъолияти сохибкориро амали мегардонанд

 

Дар холате, ки субъектхои хочагидори машгули фаъолияти сохибкори мавкеи хукмфармоиро сохиб мебошанд ва мунтазам конунгузории зиддиинхисориро вайрон мекунанд, макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад бо максади махдуд сохтани фаъолияти инхисори дар бораи азнавташкилкунии (таксимкунии, чудокунии) онхо дар доираи вохидхои сохториашон, агар ин ба манфиати инкишофи ракобат бошад, ба суд мурочиат кунад.

Тахти мафхуми мунтазам вайрон кардани конунгузории зиддиинхисории Чумхурии Точикистон дар муддати се сол содирнамудани беш аз ду далели вайронкунии конунгузории зиддиинхисори фахмида мешавад, ки тибки тартиби мукарраргардида ошкор карда шудааст.

Азнавташкилкунии (таксимкунии, чудокунии) субъектхои хочагидор дар холати мавчуд будани шартхои зерин амали мегардад:

– вучуд доштани имконияти мустакилии ташкили ва худудии вохидхои сохтории он;

– байни вохидхои сохтории он мавчуд набудани алокаи зичи технологи, аз чумла агар хачми махсулоти (кор, хизматрасонии) вохиди сохтори, ки хамин шахси хукуки истеъмол мекунад, аз си фоизи хачми умумии махсулоти истехсолкардаи (кор, хизматрасонии) вохиди сохтории мазкур зиёд набошад;

– дар натичаи азнавташкилкуни имконият доштани фаъолияти мустакилонаи шахси хукуки дар бозори моли муайян.

 

Моддаи 18. Шикоят нисбат ба карор ва амрияи макомоти давлатии зиддиинхисори

 

Агар аризадиханда ба дархости худ (ариза дар бораи огохкуни) аз макомоти давлатии зиддиинхисори дар мухлати си рузи баъди дархостро гирифтани макомоти мазкур (моддахои 15, 16 Конуни мазкур) чавоб нагирад ё бо карори кабулкардаи ин макомот рози набошад, вай хукук дорад барои химояи хукуки вайронкардашуда дар давоми се мох ба суд мурочиат кунад.

 

БОБИ 5.

ЧавобгарИ барои вайрон кардани конунгузории зиддиинхисорИ

 

Моддаи 19. Ичрои хатмии амри макомоти давлатии зиддиинхисори

 

Дар холати вайрон кардани конунгузории зиддиинхисори субъектхои хочагидор (рохбарони онхо), макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо), шахрвандон, аз чумла сохибкорони инфироди вазифадоранд мувофики амри макомоти давлатии зиддиинхисори вайронкориро катъ гардонанд, мавкеи аввалро баркарор ва шартномаро бекор намоянд ё ба он тагйирот дароранд, бо дигар субъектхои хочагидор шартнома банданд, санади ба конунгузори номувофикро бекор кунанд, фоидаи дар натичаи вайронкори ба даст омадаро ба бучет ворид кунанд, дигар амалиётхоеро, ки дар карор ё амр зикр ёфтаанд, ичро намоянд.

Барои содир кардани кирдорхои зиддихукуки, ки боиси вайрон кардани конунгузории зиддиинхисори мегарданд, шахси мансабдори макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, субъектхои хочагидор (рохбарони онхо), инчунин шахрвандон, аз чумла сохибкорони инфироди тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 20 бо КЧТ аз 18.03.15с., №1195 хорич карда шуд

Моддаи 21 бо КЧТ аз 18.03.15с., №1195 хорич карда шуд

 

Моддаи 22. Руёнидани зараре, ки ба субъектхои хочагидор расонида шудааст

 

Агар санади макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва макомоти давлатии зиддиинхисори, бо вайрон кардани конунгузории зиддиинхисори кабул шуда бошад ё макомотхои мазкур ухдадорихои худро ичро накунанд ё номатлуб ичро кунанд ва агар аз ин амал ба субъекти хочагидор ё дигар шахс зарар расида бошад, товони он мувофики конунгузории граждани руёнда мешавад.

Амали (беамалии) субъектхои хочагидор, ки конунгузории зиддиинхисориро вайрон мекунад ва ба субъекти хочагидор зиён мерасонад, товони он аз гунахкорон мувофики конунгузории граждани руёнида мешавад.

 

Моддаи 23. Чавобгари барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари  кашида мешаванд.

(КЧТ аз 18.03.15с., №1195)

 

БОБИ 6.

Тартиби кабули арзу шикоят ва ичрои карор

ва амрияи макомоти давлатии зиддиинхисорИ

 

Модда 24. Дида баромадани парвандахо оид ба вайрон кардани конунгузории

                    зиддиинхисори аз тарафи макомоти давлатии зиддиинхисори

 

Макомоти давлатии зиддиинхисори далелхои вайрон кардани конунгузории зиддиинхисориро барраси намуда, дар доираи салохияти худ карор кабул мекунад ва амр медихад.

Барои баррасии парвандахо дар бораи вайрон кардани конунгузории зиддиинхисори аризахои субъектхои хочагидор, макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва шахрвандон асос мешаванд.

Парвандахо оид ба вайрон кардани конунгузории зиддиинхисори бо ташаббуси худи макомоти давлатии зиддиинхисори барраси мегардад.

Аризахо ба макомоти давлатии зиддиинхисори хатти пешниход карда мешаванд. Мазмуни хуччатхо ва мурочиатхо ошкор карда намешавад.

 

Моддаи 25. Тартиби шикоят кардан аз болои карор ва амрияи макомоти давлатии

                       зиддиинхисори

 

Макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот (шахсони мансабдори онхо), субъектхои хочагидор (рохбарони онхо), шахрвандон хукук доранд аз карор ва амри макомоти давлатии зиддиинхисори ба суд шикоят кунанд.

Хангоми дар суд дида баромадани арзу шикоят ичроиши карор ва амрияи макомоти давлатии зиддиинхисори боздошта мешавад. Аз карор ва амрияи макомоти давлатии зиддиинхисори дар давоми шаш мохи кабул гардидани ин санад шикоят кардан мумкин аст, ба истиснои талаботе, ки ба он мухлати пешниходи даъво татбик намешавад.

 

Моддаи 26. Тартиби ичро намудани карор ва амрияи макомоти давлатии зиддиинхисори

 

Дар холати ичро накардани карор ва амрия дар бораи тагйир додан ё бекор кардани шартномаи хилофи конунбуда ё бо субъекти хочагидори дигар бастани шартнома макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад дар бораи пурра ё кисман беэътибор донистани шартнома ё мачбуран бастани шартнома бо даъво ба суд мурочиат намояд.

Дар холати ичро накардани карор ва амрия дар бораи ба бучет гузаронидани фоидае, ки дар натичаи вайрон кардани конунгузории зиддиинхисори муайян шудааст, макомоти давлатии зиддиинхисори хукук дорад дар бораи ба бучет ситонидани фоидаи беасос ба суд даъво кунад.

Чаримае, ки аз тарафи макомоти давлатии зиддиинхисори ба субъектхои хочагидор, гайр аз чаримае, ки ба сохибкорони инфироди баста шудааст, дар давоми си рузи баромадани карори руёнидани он бо тартиби беаксепти (бегуфтугу) пардохта мешавад.

Маблаги чаримае, ки макомоти давлатии зиддиинхисори руёнидааст, пурра ба бучет пардохта мешавад.

 

Боби 7.

Мукаррароти хотимавИ

 

Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                      «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 29 ноябри соли 2000 «Дар бораи ракобат ва махдудкунии фаъолияти инхисори дар бозорхои мол» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2000, № 11, моддаи 558) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 28. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                       Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе,  28 июли соли 2006

№ 198

 

1

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …