Главная / Гуногун / Президент интихоб шудани Авраам Линколн дар ИМА

Президент интихоб шудани Авраам Линколн дар ИМА

Дар Канзас чазо додани иштирокчиёни муковимат бар зидди пахн кардани гуломдори ва катли Чон Браун бухрони инкилобиро паст накард.

thumb_54146_artworks_big

Соли 1860 Хизби Чумхуриятхохон номзад ба президентии ИМА шахси дар байни халк бо акидахои демократии худ машхур, адвокат ва узви Конгресс Авраам Линколнро (1809-1865) пешбари намуд. Дар ин давра дар Хизби Демократи чудои ба амал омада буд. Барои хамин он якбора ду номзадашро ба президенти пешниход кард. Ин кор дар интихобот мавкеи Хизби Демократиро хеле суст кард. Хамин тарик, Мохи ноябри соли 1860 президенти ИМА номзади Хизби Чумхуриятхохон гузашт. Бори аввал буд, ки сохибкорону корчалонхо бо хамрохии фермерхою коргарон муттахид шуда, дар интихоботи президенти голиб баромаданд. Дар амал дар ин интихобот мукобилони гуломдори бар чонибдорони он голиб омаданд.

Авраам Линколн дар оилаи сафедпусти иёлати Кентукки таваллуд шудааст. Оилаи Линколнхо баъди чанде аз иёлати Кентукки ба иёлати Индиана кучидааст. Дар овони навраси ва чавони Авраам ба кишоварзи ва чуббури шугл варзидааст. У дар хама чо дахшати гуломдориро бо чашмони худ медид. Авраам худомуз буд. Кобилияти фавкулодда дошт. Кори адвокати ва дар ин кор адолатпеша буданаш уро дар байни фермерхо, коргарон ва буржуазия зуд машхур гардонд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …