Главная / Гуногун / ПУЛИ КАНДАК

ПУЛИ КАНДАК

Пули Кандак, ки дар домани кухи Беоб вокеъ аст, ду сохили дарёчаи обаш шурро ба хам мепайвандад. Алхол дар болои ин дарёча пули бохашамату замонавие сохтаанд, ки хар руз аз болои он садхо мошинхои гуногунтамгаи сабукраву  боркаш рафту о мекунанд. Аммо чанд сол пеш ба чои ин купруки азими пояхояш бетони як пули назарногири бартанг вокеъ буд, ки аз вазни мошинхои пурбор дир-дир ба ларза меомад.

Мардуми Сангоб ин пулро нихоят азиз медоранд.  Он мисли  дарвозаест, ки онхоро ба сафархои дур гусел карда, хангоми бозгашт пешвоз мегирад. Онхо хини бозгашт аз гушаву канори дунё то аз Пули Кандак  нагузаранд, худро дар хонаи худ эхсос намекунанд. Харчанд сархади деха кариб панч километр пештар, дар дашти Сиёхалаф ибтидо мегирад, одамон танхо баъд аз болои Пули Кандак гузаштан мегуянд: Шукри Худо сихату саломат ба манзил расидем.

Ин хиссиёти хушу гуворо ва аз овони кудаки барояш шиносро хар як сангоби борхо дар чисму чонаш дарк кардааст. Хар гох, ки мошин аз тали Зогхона нишеб мешавад, аввал дар сари тали начандон баланд мучассамаи сафеди гавазни чанбаршохе падидор мегардад, ки гарданаш андаке кач аз болои пул ба кухи Беоб менигарад.

Нигохаш махзун, гуё уро махз дар байни шаху дарахои ин кухи пурсалобат дошта омадаанду инак вай дар ин пастихо ба ёди чуфти худ ва фарзандон чигарбандаш аз кух чашм намеканад, дилаш хун мешавад.  Ба андешаи ман хайкалтароши чирадасте хангоми офаридани ин мучассама махз хамин гуна манзараро пеши ру овардааст ва ин нигохи,махзуну дардолудаи гавазни чанбаршохро абаду  дахр ях кунонидааст.

Айёми кудакихои мо дар шафати ин мучассама, яъне дар пахлуи чапи рохи мошингард, ду дар хонаи хурдакаки беайвон вокеъ буд, ки дар он хонаи хурдакаки беайвон вокеъ буд, ки дар он бобои Кандак хамрохи кампираш мезистанд.

Бобои Кандаку занаш кайхо аз дунё гузаштанд ва он ду дар хонаи онхо хоку пуроб шуд, аммо мучассамаи гавазни чанбаршох то хол барчост.  Мардум хануз  хангоми дар хаёт будани бобои Кандак ин пулро ба номи у гузошта буданд. Сабаби дар сари рох ва доманаи кух (кариб шаш километр дур аз деха) хона кардани бобои Кандакро одамон хар хел шарх медоданд. Баъзехо мегуфтанд, ки вай ба хотири бузу гусфандонаш аз деха баромада хамин доманакухро манзил гузидааст, то чонвархо бемалол дар гирду атроф чаро кунанд. Гурухи дигар бар он акидаанд, ки дар замони Шурави Пули Кандак дорои ахамияти бузурги харби-стратеги будааст ва комиссариати харбии нохия, ки он замон касе гапашро ду карда наметавонист, бобои Кандакро вазифадор кардааст, ки пулро шабу руз посбони кунад.

Аз ин рох шабу руз мошинхо мегузаранд. Яке мисли шамол сабук аз назди кулбаи бобои Кандак гузарад, мошинхои пурбор аз садонишонакхои худ дуди гализ хорич карда, нолишкунон ба зур кутали ру ба руро боло мешуданд. Ман, ки овони кудакию наврасиям дар ин мавзеъ баъзан хамрохи хамсолонам бузу гусфанд мечарондам, то хол нолиши он мошинхои пурбор ва чехраи хаёлолуди ронандагонашро, ки ду даст дар чанбари фармон аз рох чашм намеканданд, баръало мебинаму мешунавам. Агар ронадае акаллан се-чор бор аз ин рох гузашта бошад, хатман бобои Кандакро мешиносад.

Зеро ронандахо гоху бегох ба кулбаи факиронаи у сар халонда, об менушиданд, ягон чизи даркориашонро мепурсиданд ва ё агар монда шуда бошанд, мошинашонро дар назди кулбаи вай гузошта, як-ду соат хотирчамъ истирохат мекарданд, куфтаи рохи дарозро мебароварданд ва боз рохашонро идома медоданд. Бобои Кандак низ ба ронандахо одат карда буд ва бо мухаббат онхоро “турнахоям” мегуфт. Шояд аз он сабаб, ки мисли катори турнахои бахори даргузаранд. Ронандахо низ ба бобои Кандак мехр монда буданд ва баъзан бидуни ягон хочат сари мошинашонро суи кулбаи назарногиру дар ин дашт мисли ашки ятим танхоафтодаи у тоб медоданду, агар бахорон бошад, хамрохи муйсафед руи сабзаи навруста качпахлу зада, аз ину он сухбат мекарданд.

Фасли гармо дуги хунук менушиданду дар чиллаи зимистон чойи кабуди хушбуй. Хамеша онхо барои муйсафед аз шахрхои калон дастовезе меоварданд. Агар яке барои радиои дастии у батарея биёрад, дигари як кутти чой ва ё ягон намуд меваи дар ин гушаи кухистон камчин меовард, ё агар тарбузу харбуза мавизу хурмо кашонанд, хатман аз кампири муйсафед ягон зарф пурсида, онро пур мекунанд.

Бобои Кандак ба деха кам мерафт, лекин аз ягон маъракаи суру мотам намемонд, хамеша шарики гаму шодии хамдехагон буд. Мардум низ уро фаромуш намекарданд, хатман бача фиристода, ба маъракаи худ мехонданд. Муйсафед хеч гох шабро дар деха намегузаронд. Хамин ки маърака ба охир расид, ру суи кулбаи даштиаш мегирифт.

– Агар шумо як шаб набошед, хамон пулро гург мехурад, а! – шухи мекарданд хамдехагон.

– Ха албатта, мехурад, – ба хамон оханг посух медод муйсафед.

– Не гург -ку пулро хурда наметавонад, -ба гап хамрох мешуд сеюми, – лекин душманон аз набудани бобои Кандак истифода бурда, тарконданашон мумкин. Охир давлат ба ин кас бехуда барои посбонии он пул маош таъин накардааст.

– Ман маош-паош намегирам, – зуд эътироз мекард бобои Кандак.

– Нафака чи?

– Нафака мегирам, албатта.

– Пеш аз нафака баромадан маош намегирифтед?

– Э, не, – асаби мешуд муйсафед.

– Пас чи хел рузатон мегузашт?

– Аз пушти чор бузу гусфанд. Шумо то хамин руз намедонистед, ки ман аз кадом хисоб зиндаги мекунам, – норозиёна мегуфт бобои Кандак. – Руятон сафед шумо кунчковхоя! Ман ин пула ба ихтиёри худ посбони мекунам.

Гуфта намешавад. Замонаамон, шукри Худо, тинчу осуда бошад  хам, гуфта намешавад, дар ин дунё кас хаст, нокас хаст. Хулоса, барои савоб мекунам ин кора…

Хамин хел шухихо мекарданд сангобиён бо бобои Кандак. Аммо боре муаллима Сохиб Курбон баъд аз осоишгохи Анапа баргаштан вокиаеро хикоя карду ханги сангобиён канд.

Кисса кутох, Сохиб Курбон рузи аввал ба хамдехагони дидорбини омада, хикоя кард, ки дар осоишгох бо марде шинос шудааст, ки бобои Кандакро мешинохтааст.

– Бобои Канда Чи хел? – хайрон шуданд хамдехагон.

– Вай мардак дар чавониаш ронандаги мекардааст ва чандин бор аз хамин Сангоби мо гузашта, ду-се бор нону намаки бобои Кандака хурда будааст, – андак бо оханги ифтихор гуфт Сохиб Курбон.

– Э кандата ба пули худ зан, бобои Кандак, – хама чониби муйсафед, ки одатан хоксорона дар охири давра менишаст, руй оварданд.

Бобои Кандак аз ин ахсантхонии хамдехагон чизе нафахмида (ё фахмад хам, худро ба нодони зада) хайрон нигох мекард.

– Муйсафед, муаллим дар Русия чурата ёфтааст, -овоз баланд кард Абул Осим.- Ба ту салому пайгом фиристодааст.

– Ки? – пурсид бобои Кандак.

– Номаш ки буд? – ба муаллим мурочиат кард Абул Осим.

– Номаш… Иван Петрович.

– Иван Петрович будааст номаш. Мешиноси?

– Не, намешиносам – калла чунбонд бобои Кандак. – Шояд шинос бошем, аммо чехраашро ёд надорам.

– Охир онхо мисли мурча шабу руз аз бобои пули шумо равуо доранд, – аз пешгох ба лукма партофт Мухаммади Амин, – кадомаша ба ёд мегири…

– Рост – тасдик кард бобои Кандак.

– Э, кандата зан бобои Кандак – аз нав нидои тахсину офарин хонаро пур кард.

Хулоса, ин хикояи Сохиб Курбон обуруи бобои Кандакро дар деха дучанд афзуд. Акнун вай ифтихори сангобиён буд. Онхо дар маъракахои хамсоядеххо бо ифтихор ба мардум мегуфтанд, ки аз Русия як марди бою бадавлате ба бобои Кандаки мо салому дуруд фиристодааст.

Аммо бобои Кандакро ба ин хангома парвое набуд. Вай медонисту кампирашу бист-бисту панч бузу бузгола ва як пули ларзон, ки шабу руз аз болои он мисли мурчагон мошинхои хурду бузург рафтуо мекарданд.

Бобои Кандак, ки тамоми умри дарози худ хамдехагонашро бо амалхои каснофахму гайричашмдошти худ дар хайрат мегузошт, дар як рузи гулрези бахорон, ки хама дашту даман аз буи гулу гиёх маст буданд, ногахон чон ба чонофарин супурд. Субх ахли деха (баъд аз фавтидани кампираш набераи муйсафед Зафар хамрохи у буд) аз гирёну тозон ба деха омадани вай хабари марги бобои Кандакро шунида, рох суи хонаи у гирифтанд.

Баъди дар кулбаи факиронааш хама русуми ачдодиро ба чо овардан, одамон тобут сари даст аз хавли берун шуданд. Мошинхои рохгузар ин хабари нохушро шунида, аз харду самт низ суръаташонро паст карда, беист занг мезаданд. Акси садои занги гуногуновози мошинхоро кухи Беоб дучанд мекард. Вокеан хам дар он рузи гулрези бахорон ронандахои гуногунмазхабу гуногунзабон ба хотири бобои Кандак аз садои занги мошинхои худ як симфонияи сарупо аз гам, як гулчамбари саршор аз мусики офариданд.

Вакте аз сари пул мегузаштанд, набераи бобои Кандак Зафарчон ба чанд нафар муйсафедон руй оварда, гуфт:

– Бобоям пеш аз чон додан васият карданд, ки он касро дар наздикии пул болои хо ана теппача гуронанд.

Аммо хеч кас ба гапи Зафарчон гуш надод. Ва бобои Кандак манзили охираташро дар кабристони деха ёфт.

Хамон шаб сели калон омаду Пули Кандакро бурд. Аз он пули ларзон танхо дар ду сохил сутуни шикаста монду халос.

Субх мардум ин манзараро дида, ангушти хайрат газиданд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …