Главная / Гуногун / ПУЛИ ҚАНДАК

ПУЛИ ҚАНДАК

Пули Қандак, ки дар домани кўҳи Беоб воқеъ аст, ду соҳили дарёчаи обаш шўрро ба ҳам мепайвандад. Алҳол дар болои ин дарёча пули боҳашамату замонавие сохтаанд, ки ҳар рўз аз болои он садҳо мошинҳои гуногунтамғаи сабукраву  боркаш рафту о мекунанд. Аммо чанд сол пеш ба ҷои ин кўпруки азими пояҳояш бетонӣ як пули назарногири бартанг воқеъ буд, ки аз вазни мошинҳои пурбор дир-дир ба ларза меомад.

Мардуми Сангоб ин пулро ниҳоят азиз медоранд.  Он мисли  дарвозаест, ки онҳоро ба сафарҳои дур гусел карда, ҳангоми бозгашт пешвоз мегирад. Онҳо ҳини бозгашт аз гўшаву канори дунё то аз Пули Қандак  нагузаранд, худро дар хонаи худ эҳсос намекунанд. Ҳарчанд сарҳади деҳа қариб панҷ километр пештар, дар дашти Сиёҳалаф ибтидо мегирад, одамон танҳо баъд аз болои Пули Қандак гузаштан мегўянд: Шукри Худо сиҳату саломат ба манзил расидем.

Ин ҳиссиёти хушу гуворо ва аз овони кўдакӣ барояш шиносро ҳар як сангоби борҳо дар ҷисму ҷонаш дарк кардааст. Ҳар гоҳ, ки мошин аз тали Зоғхона нишеб мешавад, аввал дар сари тали начандон баланд муҷассамаи сафеди гавазни чанбаршохе падидор мегардад, ки гарданаш андаке каҷ аз болои пул ба кўҳи Беоб менигарад.

Нигоҳаш маҳзун, гўё ўро маҳз дар байни шаху дараҳои ин кўҳи пурсалобат дошта омадаанду инак вай дар ин пастиҳо ба ёди ҷуфти худ ва фарзандон ҷигарбандаш аз кўҳ чашм намеканад, дилаш хун мешавад.  Ба андешаи ман ҳайкалтароши чирадасте ҳангоми офаридани ин муҷассама маҳз ҳамин гуна манзараро пеши рў овардааст ва ин нигоҳи,маҳзуну дардолудаи гавазни чанбаршохро абаду  даҳр ях кунонидааст.

Айёми кўдакиҳои мо дар шафати ин муҷассама, яъне дар паҳлўи чапи роҳи мошингард, ду дар хонаи хурдакаки беайвон воқеъ буд, ки дар он хонаи хурдакаки беайвон воқеъ буд, ки дар он бобои Қандак ҳамроҳи кампираш мезистанд.

Бобои Қандаку занаш кайҳо аз дунё гузаштанд ва он ду дар хонаи онҳо хоку пуроб шуд, аммо муҷассамаи гавазни чанбаршох то ҳол барҷост.  Мардум ҳанўз  ҳангоми дар ҳаёт будани бобои Қандак ин пулро ба номи ў гузошта буданд. Сабаби дар сари роҳ ва доманаи кўҳ (қариб шаш километр дур аз деҳа) хона кардани бобои Қандакро одамон ҳар хел шарҳ медоданд. Баъзеҳо мегуфтанд, ки вай ба хотири бузу гўсфандонаш аз деҳа баромада ҳамин доманакўҳро манзил гузидааст, то ҷонварҳо бемалол дар гирду атроф чаро кунанд. Гурўҳи дигар бар он ақидаанд, ки дар замони Шўравӣ Пули Қандак дорои аҳамияти бузурги ҳарбӣ-стратегӣ будааст ва комиссариати ҳарбии ноҳия, ки он замон касе гапашро ду карда наметавонист, бобои Қандакро вазифадор кардааст, ки пулро шабу рўз посбонӣ кунад.

Аз ин роҳ шабу рўз мошинҳо мегузаранд. Яке мисли шамол сабук аз назди кулбаи бобои Қандак гузарад, мошинҳои пурбор аз садонишонакҳои худ дуди ғализ хориҷ карда, нолишкунон ба зўр кўтали рў ба рўро боло мешуданд. Ман, ки овони кўдакию наврасиям дар ин мавзеъ баъзан ҳамроҳи ҳамсолонам бузу гўсфанд мечарондам, то ҳол нолиши он мошинҳои пурбор ва чеҳраи хаёлолуди ронандагонашро, ки ду даст дар чанбари фармон аз роҳ чашм намеканданд, баръало мебинаму мешунавам. Агар ронадае ақаллан се-чор бор аз ин роҳ гузашта бошад, ҳатман бобои Қандакро мешиносад.

Зеро ронандаҳо гоҳу бегоҳ ба кулбаи фақиронаи ў сар халонда, об менўшиданд, ягон чизи даркориашонро мепурсиданд ва ё агар монда шуда бошанд, мошинашонро дар назди кулбаи вай гузошта, як-ду соат хотирҷамъ истироҳат мекарданд, кўфтаи роҳи дарозро мебароварданд ва боз роҳашонро идома медоданд. Бобои Қандак низ ба ронандаҳо одат карда буд ва бо муҳаббат онҳоро “турнаҳоям” мегуфт. Шояд аз он сабаб, ки мисли қатори турнаҳои баҳорӣ даргузаранд. Ронандаҳо низ ба бобои Қандак меҳр монда буданд ва баъзан бидуни ягон ҳоҷат сари мошинашонро сўи кулбаи назарногиру дар ин дашт мисли ашки ятим танҳоафтодаи ў тоб медоданду, агар баҳорон бошад, ҳамроҳи мўйсафед рўи сабзаи навруста каҷпаҳлу зада, аз ину он сўҳбат мекарданд.

Фасли гармо дўғи хунук менўшиданду дар чиллаи зимистон чойи кабуди хушбўй. Ҳамеша онҳо барои мўйсафед аз шаҳрҳои калон дастовезе меоварданд. Агар яке барои радиои дастии ў батарея биёрад, дигари як қуттӣ чой ва ё ягон намуд меваи дар ин гўшаи кўҳистон камчин меовард, ё агар тарбузу харбуза мавизу хурмо кашонанд, ҳатман аз кампири мўйсафед ягон зарф пурсида, онро пур мекунанд.

Бобои Қандак ба деҳа кам мерафт, лекин аз ягон маъракаи суру мотам намемонд, ҳамеша шарики ғаму шодии ҳамдеҳагон буд. Мардум низ ўро фаромўш намекарданд, ҳатман бача фиристода, ба маъракаи худ мехонданд. Мўйсафед ҳеҷ гоҳ шабро дар деҳа намегузаронд. Ҳамин ки маърака ба охир расид, рў сўи кулбаи даштиаш мегирифт.

– Агар шумо як шаб набошед, ҳамон пулро гург мехўрад, а! – шўхӣ мекарданд ҳамдеҳагон.

– Ҳа албатта, мехўрад, – ба ҳамон оҳанг посух медод мўйсафед.

– Не гург -ку пулро хўрда наметавонад, -ба гап ҳамроҳ мешуд сеюмӣ, – лекин душманон аз набудани бобои Қандак истифода бурда, тарконданашон мумкин. Охир давлат ба ин кас беҳуда барои посбонии он пул маош таъин накардааст.

– Ман маош-паош намегирам, – зуд эътироз мекард бобои Қандак.

– Нафақа чӣ?

– Нафақа мегирам, албатта.

– Пеш аз нафақа баромадан маош намегирифтед?

– Э, не, – асабӣ мешуд мўйсафед.

– Пас чӣ хел рўзатон мегузашт?

– Аз пушти чор бузу гўсфанд. Шумо то ҳамин рўз намедонистед, ки ман аз кадом ҳисоб зиндагӣ мекунам, – норозиёна мегуфт бобои Қандак. – Рўятон сафед шумо кунҷковҳоя! Ман ин пула ба ихтиёри худ посбонӣ мекунам.

Гуфта намешавад. Замонаамон, шукри Худо, тинҷу осуда бошад  ҳам, гуфта намешавад, дар ин дунё кас ҳаст, нокас ҳаст. Хулоса, барои савоб мекунам ин кора…

Ҳамин хел шўхиҳо мекарданд сангобиён бо бобои Қандак. Аммо боре муаллима Соҳиб Қурбон баъд аз осоишгоҳи Анапа баргаштан воқиаеро ҳикоя карду ҳанги сангобиён канд.

Қисса кўтоҳ, Соҳиб Қурбон рўзи аввал ба ҳамдеҳагони дидорбинӣ омада, ҳикоя кард, ки дар осоишгоҳ бо марде шинос шудааст, ки бобои Қандакро мешинохтааст.

– Бобои Қанда Чӣ хел? – ҳайрон шуданд ҳамдеҳагон.

– Вай мардак дар ҷавониаш ронандагӣ мекардааст ва чандин бор аз ҳамин Сангоби мо гузашта, ду-се бор нону намаки бобои Қандака хўрда будааст, – андак бо оҳанги ифтихор гуфт Соҳиб Қурбон.

– Э қандата ба пули худ зан, бобои Қандак, – ҳама ҷониби мўйсафед, ки одатан хоксорона дар охири давра менишаст, рўй оварданд.

Бобои Қандак аз ин аҳсантхонии ҳамдеҳагон чизе нафаҳмида (ё фаҳмад ҳам, худро ба нодонӣ зада) ҳайрон нигоҳ мекард.

– Мўйсафед, муаллим дар Русия ҷўрата ёфтааст, -овоз баланд кард Абул Осим.- Ба ту салому пайғом фиристодааст.

– Кӣ? – пурсид бобои Қандак.

– Номаш кӣ буд? – ба муаллим муроҷиат кард Абул Осим.

– Номаш… Иван Петрович.

– Иван Петрович будааст номаш. Мешиносӣ?

– Не, намешиносам – калла ҷунбонд бобои Қандак. – Шояд шинос бошем, аммо чеҳраашро ёд надорам.

– Охир онҳо мисли мурча шабу рўз аз бобои пули шумо равуо доранд, – аз пешгоҳ ба луқма партофт Муҳаммади Амин, – кадомаша ба ёд мегирӣ…

– Рост – тасдиқ кард бобои Қандак.

– Э, қандата зан бобои Қандак – аз нав нидои таҳсину офарин хонаро пур кард.

Хулоса, ин ҳикояи Соҳиб Қурбон обурўи бобои Қандакро дар деҳа дучанд афзуд. Акнун вай ифтихори сангобиён буд. Онҳо дар маъракаҳои ҳамсоядеҳҳо бо ифтихор ба мардум мегуфтанд, ки аз Русия як марди бою бадавлате ба бобои Қандаки мо салому дуруд фиристодааст.

Аммо бобои Қандакро ба ин ҳангома парвое набуд. Вай медонисту кампирашу бист-бисту панҷ бузу бузғола ва як пули ларзон, ки шабу рўз аз болои он мисли мўрчагон мошинҳои хурду бузург рафтуо мекарданд.

Бобои Қандак, ки тамоми умри дарози худ ҳамдеҳагонашро бо амалҳои каснофаҳму ғайричашмдошти худ дар ҳайрат мегузошт, дар як рўзи гулрези баҳорон, ки ҳама дашту даман аз бўи гулу гиёҳ маст буданд, ногаҳон ҷон ба ҷонофарин супурд. Субҳ аҳли деҳа (баъд аз фавтидани кампираш набераи мўйсафед Зафар ҳамроҳи ў буд) аз гирёну тозон ба деҳа омадани вай хабари марги бобои Қандакро шунида, роҳ сўи хонаи ў гирифтанд.

Баъди дар кулбаи фақиронааш ҳама русуми аҷдодиро ба ҷо овардан, одамон тобут сари даст аз ҳавлӣ берун шуданд. Мошинҳои роҳгузар ин хабари нохушро шунида, аз ҳарду самт низ суръаташонро паст карда, беист занг мезаданд. Акси садои занги гуногуновози мошинҳоро кўҳи Беоб дучанд мекард. Воқеан ҳам дар он рўзи гулрези баҳорон ронандаҳои гуногунмазҳабу гуногунзабон ба хотири бобои Қандак аз садои занги мошинҳои худ як симфонияи сарупо аз ғам, як гулчамбари саршор аз мусиқӣ офариданд.

Вакте аз сари пул мегузаштанд, набераи бобои Қандак Зафарҷон ба чанд нафар мўйсафедон рўй оварда, гуфт:

– Бобоям пеш аз ҷон додан васият карданд, ки он касро дар наздикии пул болои ҳо ана теппача гўронанд.

Аммо ҳеҷ кас ба гапи Зафарҷон гўш надод. Ва бобои Қандак манзили охираташро дар қабристони деҳа ёфт.

Ҳамон шаб сели калон омаду Пули Қандакро бурд. Аз он пули ларзон танҳо дар ду соҳил сутуни шикаста монду халос.

Субҳ мардум ин манзараро дида, ангушти ҳайрат газиданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …