Дар ишгол кардани Афгонистон бо Англия Русия ракобат мекард. Соли 1873 хукумати Русия Англияро бовар кунонид, ки “Афгонистон минтакаи манфиатхои худ намешуморад”. Баъди ин Англия сипохи худро ба наздикии сархади Афгонистону Хинду оварда чо ба чо кард ва ба чанги зидди Афгонистон омодаги гирифт. Аз ин кор Шералихон ба ташвиш афтода, сафирони худро ба Русия фиристод, то ки он ба Англия таъсир pacoнад. Гайр аз ин Русия дастаи начандон калони аскарони худро ба сархади Афгонистон равон кард. Бахори соли 1878 намояндахои дипломатии Русия бо сардории Столетов ба Кобул омаданд. Онхоро дар ин чо бо тантана пешвоз гирифтанд. Вале ин вахт дар Конгресси байналхалкии Берлин (с. 1878) дар масъалаи сиёсат байни Русия ва Англия хусни тафохум ба даст омад. Барои хамин лоихаи Созишноиаи Русияю Афгонистон, ки Столетов ба Петербург оварда буд, тасдик нашуд. Аз тарафи дигар Англия аз Шералихон талаб кард, ки намояндаи онро бо сардории Н. Чемберлен (уро дастаи харбиён хамрохи мекарданд) кабул намояд. Дар назди дипломати англис вазифае меистод, ки мутобики он Афгонистон бояд муносибатхои худро бо Русия катъ кунад ва ба кушодани намояндагии англиси дар Кобул, Балх ва Хирот ичозат бидихад. Вале фиристодагони Англия ба мамлакат рох дода нашуданд. Гуфтушуниди амир бо Столетов ва рад карда шудани кабули намояндагони англиси ба Англия барои cap кардани чанги зидди Афгонистон бахона шуд. Нахуствазир лорд Биконсфилд дар палатаи (мачлиси) чамоахои парламенти Англия баромад карда, иброз дошт, ка сархади шимолу гарби Хиндустон “тасодуфи ва гайриилми” аст. Дар баробари ин ба Афгонистон талаби катъи фиристода шуд, ки хамаи талабхои Англия бетаъхир конеъ гардонида шаванд. Ба чавоби талаб интизор нашуда, мохи ноябри соли 1878 артиши 35-хазорнафараи Британия ба Афгонистон зада даромад.
Сархадчиёни афгон аввалин шуда бо артиши англиси дар гузаргохи Хайбар вохурданд. Ба он генерал Броун рохбари мекард. Гарнизони калъаи Али Масчид зидди англисхо мукобилияти сахт нишон дода бошад хам, мачбур шуд, ки акибнишини кунад. Дар миёнахои мохи январи соли 1879 Броун Чалолободро ишгол кард. Баъди ин артиши британи ба даруни мамлакат ворид гардид. Чузъу томхои артиши Афгонистон алайхи душман ба таври бояду шояд муковимат карда натавонистанд. Англисхо аз зиддиятхои дохили низ истифода бурда, дар Кобул ва вилоятхои алохидаи Афгонистон мухолифатхо ташкил карданд. Ин холат Шералихонро мачбур намуд, ки дар Кобул ба чои худ писараш Яъкубхонро монда, ба Мазори Шариф фирор кунад. Шералихон ба Мазори Шариф омадан замон бемор шуда, 20 феврали соли 1879 вафот мекунад. Амири чавон Яъкубхои нисбат ба Англия хусни таваччух дошт. У тавассути нома ду маротиба ба хукумати Англия мурочиат кард, ки тачовузи зидди Афгонистонро бас кунад. Сафири Русия дар Лондон Шувалов низ ба хукумати Англия чандин номаи эътирози равон кард. Вале ин номахо бе чавоб монданд.
Яъкубхон ба сипохиёнаш фармуд, ки мукобилиятро бо англисхо бас кунанд. У 26 майи соли 1879 дар махаллаи Гандумак бо хамрохии намояндаи масъули хукумати англохинди Луи Каваняри ба зери Созишномаи барои Афгонистон асоратовар имзо гузошт. Аз руи он Афгонистон минбаъд бо давлатхои хоричи мустакилона робита карданро аз даст дод. Нохияхои Сиби, Пишмн ва Куррам тахти идораи англисхо даромаданд ва назораг ба гузаргоххо аз болои агбахо низ ба ихтиёри англисхо гузашт. Амири Афгонистон акнун ба резиденти дар Кобулбудаи англиси итоат мекард.
Вале халки Афгонистон ба такдир тан надод. Дар мамлакат чанги чирики вусъат ёфт. Дастахои зиёди фидоиён ба суи пойтахти мамлакат – Кобул меомаданд. Соли 1879 дар Кобул аскархо ва фидоиён шуриш бардоштанд. Дар ин чо онхо бинои намояндагии Англияро ба даст дароварда, англисхои дар он бударо катл карданд. Яъкубхон ба чои он, ки ба харакати муковимати халк бар зидди истидогарони англис рохбари кунад, баръакс ба тобеони худ фармуд, ки фармонхои намояндагии англисиро бечуну чаро ичро кунанд.
Хукумаги Англия карор дод, ки дар зери рохбарии генерал Робертс ба Афгонистон дастан чазодихандагонро равон кунад. Ба ин даста супориш дода шуда буд, ки Кобулро ишгол намуда, эълон кунад, ки артиши англиси аз Афгонистон баромада намеравад. Робертс ваъда дод, ки хар касе дар ин кор ба англисхо дасти ёри дароз кунад, дасттирии уро кадр хохем кард. Яъкубхон ба пешвози Робертс баромада, садокати худро ба англисхо нишон дод.
Бар хилофи хиёнати Яъкубхон ва баъзе хокимони махалхо ’ дастахои чирики ва дехконон бар зидди чазодихандагони англис мукобилияти сахт нишон медоданд. Артиши амири собик Шералихон, ки ба он Мухаммадхон рохбари мекард, низ омодии мубориза бар зидди англисхо буд. У сарбозонашро ба наздикии Кобул овард. Баъди чангхои шадид ба англисхо муяссар шуд, ки ба фидоиёни хеле бад мусаллах шикаст диханд. Артиши шикастхурдаи афгонхо ба чониби Газна акиб нишаст. Ба сарбозони Робертс муяссар шуд, ки Болохисорро ишгол намуда, ба шахри Кобул дароянд. Дар ин шахр хокимият ба дасти англисхо гузашт. Истилогарон Яъкубхонро барои бар зидди шуришгарон муковимат нишон дода натавонистан аз тахту точ махрум намуда, ба Хиндустон бадарга карданд.
Маркази муборизаи озодихохонаи зиддианглиси акнун вилояти Газна шуд. Аз тамоми гушаю канори мамлакат ба ин чо дастахои фидоиён чамъ меомаданд. Яке аз дастахои пуркувваттарини фидоиён бо сардории Мухаммадчонхони Вардак (собик афсари кисми артиллерии амир Шералихон) буд. Ба у кабилаи вардак хамрох шуд. Мухаммадчонхон тавонист, ки баъзе чузъу томхои артиши мунтазами аз Туркистони Афгонистон омадаро хам ба артиши худ муттахид кунад. Алайхи англисхо уламои исломи, аз он чумла Динмухаммад, таблигот мебурданд. Динмухаммадро аввалин шуда кабилахои Гилзай ва Муманд дастгири карданд.
Охирхои соли 1874 дастахои аскарони ватандуст аз Газна, Кухистон ва нохияю вилоятхои дигар аз нав ба суи Кобул харакат карданд. Робертс ба мукобили онхо сипохиёни худро равон кард. Дар наздикии Кобул мухорибахои шадид ба амал омаданд. Кариб буд, ки англисхо шикаст хуранд. Ин вакт артиши англисхо аз Хиндустон ба ин чо ба ёрии сарбозони Робертси шикастхурдаистода омаданд ва Мухаммадчонхон мачбур шуд, ки бо хамрохии артишаш Кобулро тарк кунад.
Хамин тарик, Кобул ва Кандахор ба дасти англисхо гузаштанд. Онхо тавонистанд, ки бахори соли 1880 Газнаро хам ба даст дароранд ва баъд бар зидди шуришгарон экспедитсияи калони чазодихи ташкил намоянд. Робертс аз Англия супориши махфи гирифт, ки чудоихохони махаллиро дастгири ва мухофизат кунад, то ки Афгонистон аз вилоятхои алохидаи ба Англия тобеъ иборат бошад. Дар баробари ин англисхо барои Афгонистон хокимеро чустучу мекарданд, ки вазъро дар марказ ба эътидол оварда тавонад.