Главная / Чамъият / Нусхаи хатмии хуччатхо

Нусхаи хатмии хуччатхо

Конуни Чумхурии Точикистон дар бораи нусхаи хатмии хуччатхо

 (Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2011, №12, мод. 856;)

Конуни мазкур тартиби ташаккули нусхаи хатмии хуччатхоро, хамчун манбаи захиравии мукаммалсозии фонди миллии китобхонави ва иттилоотии Чумхурии Точикистон муайян намуда, муносибатхои чамъиятиро оид ба таъмини нигохдории нусхаи хатмии хуччатхо ва истифодаи чамъиятии онхо, инчунин мухлат ва тартиби дастрас гардонидани нусхаи хатмии хуччатхоро ба танзим медарорад.

dokumenty-dlya-polucheniya-mvu1

Боби 1. Мукаррароти умуми

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

нусха – намунаи хуччати интишоргардида, ки бо нусхаи асл баробар аст;

– хуччат – ашёи модди, ки дар он иттилоот дар шакли матн, сабти овоз ва тасвир зикр гардидааст ва бо максади нигохдори ва истифодаи чамъияти пешниход карда мешавад;

нусхаи хатмии хуччатхо – нусхаи намудхои гуногуни хуччатхои интишоргардида, ки аз тарафи истехсолкунандагони онхо ба гирандагони хуччатхо ройгон дастрас гардонида мешавад;

нусхаи хатмии пулакии хуччатхо – нусхаи намудхои гуногуни хуччатхои дорои хусусияти чумхурияви ва махалли, ки аз тарафи истехсолкунандагони онхо ба гирандагони хуччатхо пулаки дастрас гардонида мешавад;

нусхаи хатмии ройгони хуччатхо – нусхаи намудхои гуногуни хуччатхои дорои хусусияти чумхурияви ва махалли, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон ва берун аз он бо фармоиши макомоти давлати, корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо ва шахсони вокеи барои пахнкунии чамъияти дар худуди Чумхурии Точикистон, инчунин нусхахои намудхои гуногуни хуччатхо, ки бо фармоиши гайрирезидентхо дар худуди Чумхурии Точикистон истехсол шудаанд ва аз тарафи истехсолкунандагони онхо ба гирандагони хуччатхо ба таври ройгон дастрас гардонида мешаванд;

низоми нусхаи хатмии хуччатхо -тартиби мукарраршудаи кабул, нигохдори ва истифодаи хамаи намудхои нусхахои хатмии хуччатхо;

истехсолкунандагони хуччатхо – шахсони вокеи ё хукуки, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию хукуки, ки чоп, интишор, барориш ва дастрас гардонидани нусхаи хатмии хуччатхоро амали ва таъмин менамоянд;

гирандагони хуччатхо – макомот ва ташкилотхои давлатие, ки барои кабул, нигохдори ва ташкили истифодаи чамъиятии нусхаи хатмии хуччатхо ваколатдор гардидаанд;

фонди миллии китобхонави ва иттилоотии Чумхурии Точикистон – мачмуи намудхои нусхаи хатмии хуччатхо, ки дар асоси нусхахои хатмии хуччатхо чамъ оварда, тибки Конуни мазкур барои нигохдории доими ва истифодаи чамъияти пешбини шудааст.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи нусхаи хатмии хуччатхо

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи нусхаи хатмии хуччатхо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Конуни мазкур нисбат ба шахсони вокеи ва хукукии Чумхурии Точикистон, новобаста аз шакли моликият ва ташкилию хукуки, ки дар истехсол ва дастрас гардонидани нусхаи хатмии хуччатхо иштирок менамоянд, татбик карда мешавад.
  2. Фаъолияти муассисахои бойгони оид ба ташаккул, бахисобгири, нигохдори ва истифодаи чамъиятии хуччатхои бойгони, ки ба Хазинаи бойгонии миллии Чумхурии Точикистон мансубанд, мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи Хазинаи бойгонии милли ва муассисахои бойгони” ба танзим дароварда мешавад.
  3. Конуни мазкур нисбат ба хуччатхои дорои сирри давлати, хизмати ва дигар сирре, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хифз карда мешавад, инчунин нисбат ба хуччатхое, ки дар як нусха тахия гардидаанд, хуччатхои асосии электроние, ки танхо дар низоми шабакави пахн карда мешаванд, хуччатхои идорави ва техники (намунахо, дастурамалхо, махсулоти варакави, китобхои бахисобгири ва хуччатхои хисоботи) татбик намегардад.

Моддаи 4. Максади ташкили низоми нусхаи хатмии хуччатхо

Максади ташкили низоми нусхаи хатмии хуччатхо ин аст;

– пуррагардонии фонди миллии китобхонави ва иттилоотии Чумхурии Точикистон:

– амали намудани бакайдгирии давлатии нусхаи хатмии хуччатхо;

– ташкили нигохдории доимии нусхаи хатмии хуччатхо дар фонди миллии китобхонави ва иттилоотии Чумхурии Точикистон;

– истифодаи нусхаи хатмии хуччатхо барои хизматрасонии иттилоотиву библиографи ва китобхонавии истифодабарандагон;

– бакайдгирии давлатии (библиографи ва омории) хуччатхои ватани, омода намудани иттилооти давлатии библиографи (чори ва тарчеи) ва омори;

-тахия ва нашри каталогхои мачмуи;

-иттилоотонии чомеа аз хамаи намудхои нусхаи хатмии хуччатхо;

– ташаккул додани мачмуи нусхаи хатмии хуччатхои махалли;

– амали намудани мубодила бо фондхои миллии китобхонави ва иттилоотии кишвархои дигар.

Моддаи 5. Намудхои нусхаи хатмии хуччатхо

  1. Ба намудхои нусхаи хатмии хуччатхо инхо дохил мешаванд:

-нашрия -махсулоти нашри (матн, нота, харита, тасвир), ки тахти тахриру тасхех карор гирифта, аз чихати полиграфи мустакилона оро дода шуда, дорои маълумоти барориш мебошад;

– нашрия барои нобиноён -нашрияе, ки бо харфхои барчастаю нуктави тибки низоми Брайл ва “китобхои гуё” нашр шудааст;

– хуччатхои расми – махсулоти нашрие, ки аз номи макомоти конунгузор, ичроия ва суди чоп шуда, дорои хусусиятхои конунгузори, меъёри, дастурдихи ё иттилооти мебошад;

– махсулоти аудиовизуали -филмхо, видео ва хуччатхои тасвирию овози;

– хуччатхои нашрнашуда  -натичаи фаъолияти илмиву тадкикоти ва тачрибавию конструктори (рисолахо, хисоботхо доир ба корхои илмиву тадкикоти ва тачрибавию конструктори, корхои илмии барои нигохдори супоридашаванда, алгоритмхо ва барномахо);

– нашрияхои электрони – хуччатхое, ки дар онхо иттилоот дар шакли электронию раками зикр шудааст ва мавриди тахриру тасхех карор гирифта, маълумоти барориш дорад, интишор мегардад ва дар хомили мошини пахн карда мешавад, инчунин дорои барномахо барои мошинхои электронии хисоббарор ва манбаи маълумот мебошад.

  1. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот бо назардошти эхтиёчоти худ метавонанд намудхои хуччатхоеро, ки ба таркиби нусхаи хатмии хуччатхои махалли дохиланд, муайян намоянд.

Боби 2. Истехсолкунандагони хуччатхо

 

Моддаи 6. Истехсолкунандагони хуччатхо

Ба истехсолкунандагони хуччатхо дохил мешаванд:

– ташкилотхои полиграфи;

– муассисаву ташкилотхои телевизион ва радио;

– киностудияхо, ташкилотхои видео ва кинематографи;

-муассисаву ташкилотхои илмию тадкикоти ва тахсилоти оли;

– муассисаву ташкилотхои лоихакаши ва конструктори;

– дигар ташкилотхои истехсолкунандаи намудхои гуногуни хуччатхо.

Моддаи 7. Хукукукхои истехсолкунандагони хуччатхо

Истехсолкунандагони хуччатхо хукук доранд:

– ба интишори ройгони иттилооти библиографи дар нашрияхои библиографии давлати, фехристкунонии мутамарказ  ва нашрияхои таблиготи;

– ба нигохдории доимии хамаи намудхои хуччатхои аз чониби онхо истехсолшуда дар фондхои миллии китобхонави ва иттилоотии Чумхурии Точикистон  дар асоси Конуни мазкур;

– ба ворид намудани иттилооти библиографи ба манбаи автоматикунонидашудаи маълумоти ватани ва байналмилали;

– ба ройгон дастрас намудани маълумоти фактографи ва оморие, ки ба махсулоти онхо дахл дорад.

Моддаи 8. Ухдадорихои истехсолкунандагони хуччатхо

Истехсолкунандагони хуччатхо ухдадоранд:

– нусхаи хатмии ройгони хуччатхоро ба гирандагони хуччатхо ройгон дастрас намоянд;

– харочоти тахия, нашр ва ирсоли нусхаи хатмии ройгони хуччатхоро ба арзиши аслии хуччатхое, ки ба таркиби нусхаи хатмии хуччатхо дохиланд, илова намоянд;

– нусхаи хатмии хуччатхои нуксондорро ба дархости гирандагони хуччатхо дар муддати як мох иваз намоянд.

Моддаи 9. Дастрас гардонидани нусхаи хатмии ройгони хуччатхо

  1. Истехсолкунандагон ба гирандагони хуччатхо се нусхаи хатмии ройгони хуччатхоро дар мухлати 10 рузи пас аз интишори теъдоди нашри аввалин ва нашрияхоро дар рузи интишори хар як шумора ирсол менамоянд.
  2. Нусхаи хатмии хуччатхо метавонад аз хуччатхои омехта ва хуччатхои дорои чунин иттилооте иборат бошад, ки дар манбаъхои гуногуни иттилоот ба кайд гирифта шудааст.
  3. Нусхаи хатмии иборат аз хуччатхои омехта ба гирандагони хуччатхо дар бастаи ягона дастрас карда мешавад.
  4. Номгуи гирандагони нусхаи хатмии ройгони хуччатхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 10. Дастрас гардонидани нусхаи хатмии пулакии хуччатхо

Дастрас гардонидани нусхаи хатмии пулакии хуччатхо дар асоси шартномаи байни истехсолкунанда ва гиранда амали карда мешавад.

Моддаи 11. Ирсоли нусхаи хатмии хуччатхо тавассути почта

Ирсоли нусхаи хатмии ройгони хуччатхо дар каламрави Чумхурии Точикистон ва берун аз худуди он тавассути почта бо тахфифи панчох дарсади тарифи барои ташкилотхои бучети мукарраргардида анчом дода мешавад.

Моддаи 12. Нусхабардории нусхаи хатмии хуччатхо

  1. Нусхабардории нусхаи хатмии хуччатхо бо максади хизматрасонии китобхонави ва иттилооти ба шахрвандон, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхои Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Макомот ва ташкилотхои давлатие, ки барои нигохдории доими бо максади истифодаи чамъиятии нусхаи хатмии ройгони хуччатхои нашрнашуда ва махсулоти аудиовизуали масъуланд, нусхабардории пулакии онхоро тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мувофики дархости китобхонахо, макомоти иттилоотии илмиву техники, корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхо таъмин менамоянд.
  3. Нусхабардории нусхаи хатмии ройгони нашрияхои электрони, хамчунин барномахо барои мошинхои электронии хисоббарор ва манбаи маълумоте, ки ба таркиби онхо дохиланд ё нашрияи мустакил мебошанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 13. Маълумотдихи дар бораи нусхаи хатмии хуччатхо

Гирандагони хуччатхо вобаста аз намуди нусхаи хатмии ройгони хуччатхои дастрасшаванда тибки дархости макомоти давлати, корхонахо, муассисахо, дигар ташкилотхо ва шахсони вокеии Чумхурии Точикистон дар бораи нусхаи хатмии хуччатхо маълумот пешниход менамоянд.

Боби 3. Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 14. Дастрас гардонидани нусхаи хатмии нашрияхои ватани ба кишвархои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил

Бо максади нигохдори ва рушди фазои ягонаи иттилоотии кишвархои аъзои Иттиходи Давлатхои Мустакил дастрас гардонидани нусхаи хатмии нашрияхои ватани ба фондхои миллии китобхонави ва иттилоотии ин кишвархо тибки тартиби мукаррарнамудаи санадхои байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон, амали карда мешавад.

 

Моддаи 15. Назорати дастрас гардонидани нусхаи хатмии хуччатхо

  1. Назорати ба гирандагони хуччатхо дастрас гардонидани нусхаи хатмии ройгони хуччатхо аз тарафи макомоту ташкилотхои ваколатдор амали карда мешавад.
  2. Дар холати дастрас нагардидани нусхаи хатмии хуччатхо гирандаи хуччатхо ухдадор аст, ки дар ин хусус ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи фарханг хабар дихад.

 

Моддаи 16. Чавобгари барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                            Эмомали  РАХМОН

ш. Душанбе,

26 декабри соли 2011,

№ 792

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …