Максади асосии назорати дохили аз он иборат аст, ки хавфхои амалиётиро боздорад ва ба хадди акал расонад.
Хавфи амалиётии карздихи, ба аз даст додани карз (хачми маблаги асоси ва фоизхо) бастаги дорад, ки дар натичаи кабул намудани карори ношаффоф, риоя накардани тартиботи дар Низомномаи мазкур дарч гардида, каллоби, суистифодабари ва дуздии воситахои карзи, вайрон намудани тартиби барасмият даровардани карз, хисоботдихии нодуруст ва гайра, сар задаанд. Ин хавфро метавон дар чараёни давраи карзи, бо рохи дар сатхи Бонк татбик намудани механизмхои дахлдор, тавассути амали сохтани тадбирхои назорати дохили ва механизмхои бахогузори, нигох дошт.
Тадбирхо оид ба нигох доштани хавфи амалиёти, бояд самаранок бошанд, ба он маъное, ки онхо бояд гирифторшавии хавфи амалиётиро ба тартиботи иловагии бюрократии хадди акал, ба андозаи кобили мулохиза кохиш диханд. Тадбирхои соддакардашуда ва самаранок, чанбаи нихоят мушкили / мухими нигох доштани харочотхои амалиётии Бонк ва харочотхои амалиётии карзгиранда мебошанд.
Тадбирхо оид ба нигох доштани сатхи хавф
- Хамкори бо экспертони карзи
Экспертони карзи кувваи асосии харакатдихандаи чараёни карздихи мебошанд ва бояд пурра мувофики тартиботи Низомномаи мазкур амал намоянд. Интихоб ва бахогузории экспертони карзи, ин раванди муттасиле мебошад, ки баъд аз интихоби ибтидои хотима намеёбад. Боиси тазаккур аст, ки экспертони карзии нишондихандахои пасти мехнати дошта, ба коррупсия бештар гирифтор мебошанд, зеро наметавонанд бо рохи конуни микдори зарурии пулро «кор кунанда ба даст оранд», яъне музди мехнат ва / ё мукофотпулии паст мегиранд.
Хангоми интихоб ва таълим додани экспертони карзи, бояд коидахои зерин ба рохбари гирифта шаванд:
а) Таъмин кардани шаффофият дар чараёни кабул намудани кормандон, барои рох надодан ба аризадихии танхо теъдоди ба таври сунъи махдуд кардашудаи номзадон.
б) Интихоби пешакии экспертони карзи барои ширкат дар семинархо ва санчидани дониши онхо аз руи натичахои семинар.
в) Санчидани дониши тахассусии экспертони карзи, муносибати онхо бо шахсони шинохташудаи махалли ва ташкилотхои махалли.
г) Карори нихои доир ба кабул намудани тачрибаомуз ба басти кории Ташкилот, аз чониби Рохбарони вохиди амалиётии Ташкилот ва Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки, аз руи натичахои тачрибаомузии семоха (дар холати зарури шашмоха) бо дарназардошти таълими назарияви дар семинархо, кабул карда мешавад.
д) Дакик муайян намудани максадхо ва вазифахои экспертони карзи, меъёрхои сифати сандуки карзи.
е) Пардохти низоми хавасмандгардонии мукофотдихи ба экспертони карзи, дар вобастаги бо нишондихандахои микдори ва сифати.
ж) Коромузхо ва экспертони карзии дар басти кори карор дошта, якчоя, ба таври доими аз чониби Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки бахогузори мешаванд. Карор доир ба барканор намудан аз додани карз / аз кор сабукдуш намудани коромузони алохида ё экспертони карзии дар басти кори карор дошта, якчоя бо Рохбарияти Бонк, аз руи пешниходи вохиди амалиётии Ташкилот, кабул карда мешавад. Дар муддати кутох (дар 6 мох) ба коромуз / эксперти карзи додани ду мучозоти маъмури / огохи, ки дар натичаи он у аз вазифаи ишголнамудааш сабукдуш карда мешавад, истисно мебошад.
з) Барканор кардан аз карздихи / аз кор сабукдуш кардани эксперти карзии нишондихандаи пасти мехнати дошта, ба таври озод ва давра ба давра (як маротиба дар ним сол), дар якчояги бо Комиссияи Бахогузори, ки аз хисоби Рохбарияти вохиди амалиётии Ташкилот ва намояндаи Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки таркиб ёфтааст (иштироки намояндаи Мудирияти кор бо кормандон мувофики максад аст), бояд сурат гирад.
и) Пешбари намудани экспертони карзии бехтарин ба вазифаи нисбатан баланд ва васеъ намудани ваколатхои онхо (ваколатхо оид ба чудо намудани карз, ваколатхои назорати ва гайра), бо баланд бардоштани музди мехнат, мувофик ба тартиботи дар Ташкилот амалкунанда ва / ё бо пешниходи якчояи Рохбарияти вохиди амалиётии Ташкилот ва Мудирияти карзи ва рушди махсулотхои бонки сурат мегирад.