Назарияи абади будани хаёт ба маънои хозирааш баробари тадкикотхои Л.Пастер ба вучуд омада, дар назари аввал давоми мантикии онхо мебошад.
Яке аз назарияхои аввалини абади будани хаётро соли 1865 олими немис Г.Рихтер пешниход кард. Ин назария дар илм бо номи панспермия маълум аст. Мувофики назарияи Рихтер хаёт дар руи Замин аз моддахои гайриорганики пайдо нашуда, балки аз дигар сайёрахо оварда шудааст. Пас, савол ба миён меояд, ки аз масофаи ин кадар дури байни сайёрахо хаёт чи тавр ба сайёраи дигар оварда шуда бошад?
Далелхои ба Замин аз дигар сайёрахо омадани хаётро олимони физик чустучу мекарданд. Ачоибаш он буд, ки тарафдорони акидаи мазкур олимони машхур буданд (Г.Гелмголс, Г.Томсон, С.Аррениус, П.Лазарев ва дигарон).
Асосан, ду савол ба миён омад: Заррачахои хаёт тавассути кадом неру аз як сайёра ба дигар сайёра мерафтанд? Оё онхо дар вакти харакат дар фазои коинот кобилияти хаётиашонро нигох дошта метавонистанд?
Аз руи акидахои Томсон ва Гелмголс спораи бактерияхо ва микроорганизмхои дигар тавассути метеоритхо метавонистанд ба Замин оварда шаванд. Чонибдорони хозираи назарияи панспермия тахмин мекунанд, ки кисми асосии моддахои органикие, ки барои хаёт зарур буданд, тавассути метеоритхо оварда мешуданд.
Тадкикотхои лаборатори дере нагузашта устувории организмхои зиндаро ба шароити номусоид исбот карданд.
Масалан, спора ва тухми растани муддати зиёд дар оксигени моеъ ё нитроген нигох дошта шуданд, аммо кобилияти хаётии онхо боки монд. Назарияи панспермия на пайдои ши аввалини хаёт, балки факат пайдоиши онро дар руи Замин собит кардан мехохад. Бо ин рох он халли масъаларо боз хам душвортар месозад.
Назарияи абади будани хаётро олими дигари немис – В.Прейер соли 1880 инкишоф дода, онро муаллифи назарияи биосфера – академик В.И.Вернадский тарафдори кардааст.
Аз нигохи В.Прейер масъалаи пайдоиши хаёт, умуман, вучуд надорад, хаёт абади мебошад. Зиёда аз ин, Прейер масъалаи аз зинда пайдо шудани гайризиндаро ба миён мегузорад ва чонибдори он аст, ки зинда пеш аз гайризинда мавчуд буд. Вобаста ба ин Прейер массаи тафсони кураи Заминро организми зиндае мепиндошт, ки дорои мубодилаи махсуси моддахо буд. Баробари хунук шудани замин масса ба кисмхо чудо шуд, вале онхо дигар якчоя шуда натавониста, бо хамин аз гардиши хаёт берун шуданд ва табиати гайризиндаро ба вучуд оварданд.