Главная / Биология /  НАЗАРИЯИ АБАДӢ БУДАНИ ҲАЁТ

 НАЗАРИЯИ АБАДӢ БУДАНИ ҲАЁТ

Назарияи абадӣ будани ҳаёт ба маънои ҳозирааш баробари тадқиқотҳои Л.Пастер ба вуҷуд омада, дар назари аввал давоми мантиқии онҳо мебошад.

Яке аз назарияҳои аввалини абадӣ будани ҳаётро соли 1865 олими немис Г.Рихтер пешниҳод кард. Ин назария дар илм бо номи панспермия маълум аст. Мувофиқи назарияи Рихтер ҳаёт дар рўи Замин аз моддаҳои ғайриорганикӣ пайдо нашуда, балки аз дигар сайёраҳо оварда шудааст. Пас, савол ба миён меояд, ки аз масофаи ин қадар дури байни сайёраҳо ҳаёт чӣ тавр ба сайёраи дигар оварда шуда бошад?

Осмон  одам

Далелҳои ба Замин аз дигар сайёраҳо омадани ҳаётро олимони физик ҷустуҷў мекарданд. Аҷоибаш он буд, ки тарафдорони ақидаи мазкур олимони машҳур буданд (Г.Гелмголс, Г.Томсон, С.Аррениус, П.Лазарев ва дигарон).

Асосан, ду савол ба миён омад: Заррачаҳои ҳаёт тавассути кадом неру аз як сайёра ба дигар сайёра мерафтанд? Оё онҳо дар вақти ҳаракат дар фазои коинот қобилияти ҳаётиашонро нигоҳ дошта метавонистанд?

Аз рўи ақидаҳои Томсон ва Гелмголс спораи бактерияҳо ва микроорганизмҳои дигар тавассути метеоритҳо метавонистанд ба Замин оварда шаванд. Ҷонибдорони ҳозираи назарияи панспермия тахмин мекунанд, ки қисми асосии моддаҳои органикие, ки барои ҳаёт зарур буданд, тавассути метеоритҳо оварда мешуданд.

Тадқиқотҳои лабораторӣ дере нагузашта устувории организмҳои зиндаро ба шароити номусоид исбот карданд.

Масалан, спора ва тухми растанӣ муддати зиёд дар оксигени моеъ ё нитроген нигоҳ дошта шуданд, аммо қобилияти ҳаётии онҳо боқӣ монд. Назарияи панспермия на пайдои ши аввалини ҳаёт, балки фақат пайдоиши онро дар рўи Замин собит кардан мехоҳад. Бо ин роҳ он ҳалли масъаларо боз ҳам душвортар месозад.

Назарияи абадӣ будани ҳаётро олими дигари немис – В.Прейер соли 1880 инкишоф дода, онро муаллифи назарияи биосфера – академик В.И.Вернадский тарафдорӣ кардааст.

Аз нигоҳи В.Прейер масъалаи пайдоиши ҳаёт, умуман,  вуҷуд надорад, ҳаёт абадӣ мебошад. Зиёда аз ин, Прейер масъалаи аз зинда пайдо шудани ғайризиндаро ба миён мегузорад ва ҷонибдори он аст, ки зинда пеш аз ғайризинда мавҷуд буд. Вобаста ба ин Прейер массаи тафсони кураи Заминро организми зиндае мепиндошт, ки дорои мубодилаи махсуси моддаҳо буд. Баробари хунук шудани замин масса ба қисмҳо ҷудо шуд, вале онҳо дигар якҷоя шуда натавониста, бо ҳамин аз гардиши ҳаёт берун шуданд ва табиати ғайризиндаро ба вуҷуд оварданд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …