Моддаи 220-и Кодекси Андоз. Мукаррароти асоси
- Дар боби мазкур мафхумхои асосии зерин истифода шудаанд:
-истифодабарандагони сарватхои зеризамини–шахсоне, ки новобастаба доштани ичозатнома (ичозат), корхои геологи ва (ё) истихрочи маъданхои фоиданокро анчом медиханд;
-кон – кисми китъаи сарватхои зеризаминие, ки анбухи табиии маъданхои фоиданокродар бар мегирад;
-маъдани фоиданок – моддахои табиии минералидар холатхои сахт, моеъ ва (ё) газмонанди (аз чумла обхои зеризамини ва лойхои табобати), кидар сарватхои зеризаминичой дошта, барои истифодаи истехсоли ва (ё)истеъмоли короям мебошанд;
-истихроч – мачмуи корхое, ки бо берун бароварданимаъданхои фоиданок аз сарватхои зеризамини, аз чумла аз зухуроти минералии техногени алокаманд мебошанд;
-коркарди ашёи хоми минерали– корхои марбут ба хосил намудани маъданхои фоиданок аз ашёи хоми минерали;
-кашфи тичорати – захирахои маъданхои фоиданоки дар худуди карордодии истифодабарандаи сарватхои зеризамини кашфгардида, ки аз чониби Комиссияи давлатии Чумхурии Точикистон оид ба захирахои маъданхои фоиданок тасдик гардидаанд ва аз чихати иктисоди барои истихроч самаранок мебошанд;
-бонуси обунави ва бонуси кашфи тичорати – андозхои устувори яккаратае мебошанд, ки истифодабарандагони сарватхои зеризамини, ба истиснои корхонахои давлатие, ки корхои омузиши геологии аз хисоби бучети давлати маблаггузоришавандаро анчом медиханд, бояд пардохт намоянд;
-роялти барои истихроч – андози доимии аз чониби андозсупоранда (истифодабарандаи сарватхои зеризамини) хангоми истихрочи маъданхои фоиданок пардохтшаванда.
- Пардохти андозхо аз истифодабарандагони сарватхои зеризаминиистифодабарандаи сарватхои зеризаминиро аз пардохти андозхои дигари мукаррарнамудаи Кодекси мазкур, инчунин аз ичрои ухдадорихои андози барои анчоми намудхои дигари фаъолият (ки бо истифодабарии сарватхои зеризамини алокаманд нестанд)мутобики конунгузории андози дар санаи ба миён омадани чунин ухдадорихо(бо истифодабарии сарватхои зеризамини алокаманд набуда) амалкунанда озод намекунад.
- Гайрирезидент метавонад истифодабарии сарватхои зеризаминиро дар Чумхурии Точикистон тавассути шахси хукукии таъсисдодааш ё филиали шахси хукукии хоричи ба амал барорад.
- Андозхо аз истифодабарандагони сарватхои зеризаминиаз чониби шахсони зерин супорида намешаванд:
– шахсони вокеи бароимаъданхои фоиданоки маъмул ва обхои зеризаминие, ки дар китъахои замини ба онхо барои истифода вобасташуда истихроч менамоянд, агар чунин маъданхои фоиданоки истихрочшаванда барои фаъолияти сохибкори истифода бурда нашаванд;
-истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи ва муассисахои давлатие, ки обхои зеризаминиро барои эхтиёчоти хочагидории худ ва бехтар гардонидани холати мелиоративии заминхои кишоварзи истихроч менамоянд; (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)
-истифодабарандагони сарватхои зеризаминибарои истихрочи зимнии обхои зеризаминихангоми баргашта пур кардани ин обхо барои нигохдории фишори кишри замин;
-шахсоне, ки обхои зеризаминии дренажии дар тавозуни давлатии маъданхои фоиданок ба назар гирифтанашавандаро хангоми коркарди конхои маъданхои фоиданок, сохтмон ва истифодаи иншооти зеризамини, истифодабарии заминхои поёноби ботлокшуда истихроч менамоянд.