Главная / Биология / Мохипарвари дар Точикистон: нарх, намуд ва муаммо!

Мохипарвари дар Точикистон: нарх, намуд ва муаммо!

Агар дар чумхурии мо ба сохаи мохипарвари диккату эътибори чидди дода шавад, солона то 5 хазор тонна гушти мохи истехсол кардан мумкин аст. Ин нишондод барои таъмини амнияти озукавории мо хеле хам мусоидат менамояд. Холо дар чумхури парвариши мохи дар сад муассисахои комплекси аграсаноати ба рох монда шуда, танхо дар 70 хочагихое, ки дорои хавз, кул, дарё ва обанбор мебошанд, истехсоли он ба чашм мерасад. Аммо истехсоли мохи ва махсулоти он мутобики накшаю дурнамо ба рох монда нашуда, дар мавриди истехсоли саноатии он хотирчамъи ба мушохида мерасад.

Дар замони Шурави бо назардошти захирахои оби-биологии Точикистон ба ин соха таваччух аз солхои хафтодуми карни гузашта бештар гардид. Минтакахое, ки чунин захирахоро доштанд, сохиби хочагихои мохипарвари гашта, таи ду дахсола ин соха хеле рушд хам намуд. Танхо дар соли 1991 сайди мохи дар Точикистон 3945 тоннаро ташкил дод, махсулоти мохипарвари чун гизо ба 4261 тонна расонда шуд. Албатта, бо огози бесомонихо дар чумхури аксари хочагихои давлатии мохипарвари аз байн рафтанд ва ин соха кариб буд, ки аз байн равад. Вале захирахои оби-биологии мо боки монд, мардум бо усули бобоги аз кулхо, дарёхо ва обанборхо мохи сайд карда, онро ба бозор арза медоштанд ва тули ин солхо бозори истеъмолии мо аз ин махсулоти пуркимату пурнафъ холи набуд.

riba-mohi-tajik

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи сохибистиклоли Хукумати Чумхурии Точикистон барои эхёи ин сохаи хеле пурахмият тадбирхои зиёдеро рохандози намуда, ба рушди бемайлони мохипарвари карорхои сохави кабул гардиданд. Натичаи чунин тадбирхо буд, ки танхо соли 2005 истехсоли мохи ба 172 ва 179 тонна расонда шуд, аммо дар мукоиса бо натичаи истехсолии понздах соли пешин ин нишондод 24 маротиба камтар буд. Натичахои истехсолии солхои охир хам кобили ахсан набуда, ин сохаи мухим ва, бемуболига, афзалиятнок ба камбудихои чидди ру ба ру аст ва халли он барои тахким бахшидани амнияти озукавори бояд ногузир бошад.

Месазад дар Чумхурии Точикистон як барномаи дарозмухлати рушди сохаи мохипарвари бо дарназардошти захирахои оби-биологи тахия гардад ва он тамоми самтхои ин сохаро, ба хусус хифзи генетики, навъхои мохи, афзоиш ва махсулнокии он, бехдошти холати кулхо, дарёхо ва обанборхоро фаро гирад. Баъзе ба ин назаранд, ки аз ин барнома дида кабули конуни сохави заруртар аст. Кабули конун хам бисёр харачу марачхоро дар ин соха чилавгири мекунад, вале барнома дар асоси принсипхои илми бояд тахия шавад, то дар амалишавии нишондодхои он олимону мутахассисон иштироки фаъол дошта бошанд. Агар чунин муносибат ба вукуъ пайвандад, он гох барои татбики сиёсати ягонаи иктисодии давлати дар сохаи мохипарвари замина мухаё шуда ва он ба рушди соха такони чидди мебахшад.

ВИДЕО

Чунин муносибату мавкеъгири дар шароити имруза барои самаранок истифода гардидани захирахои оби рушди сохахои мухталиф, аз чумла гидроэнергетика ва кишоварзи хам мусоидат хохад намуд. Бо ба танзим овардани истифодаи об, албатта, кулхо, обанборхои иловаги, хавзхо пайдо шуда, имконияти бештари мохипарвари мухайё мегардад. Бо ин, мардум бештар бо гушти мохи таъмин гашта, хазорхо чойхои нави кори пайдо мегардад.

Дар шароити кунуни комплекси саноати мохипарварии Чумхурии Точикистон он кадар рушди устувор касб накарда, он ба кишвархое, ки мисли мо захоири бои оби –биологи доранд, мукоисанашаванда аст. Вале мо имкони масалан бо Чопон, Корея, Эрон, Туркия ва якчанд кишвари аврупои баробар шуданро дорем. Ин дурнамо амалишаванда хам хаст ва сохаи мохипарвари, чуноне ки дар боло ишора рафт, бояд ба сохаи афзалиятноки кишвари мо табдил ёбад. Дар ин росто, баъзе иктисоддонхо ва мутахассисони соха ба ин назаранд, ки барои эхёи мучаддади ин соха, яъне хочагихои мохипарварии собик маблаггузории давлати зарур мебошад.

Албатта, ин дуруст аст, вале хадафи мо сари масъалаи самаранок истифода бурдани захирахои оби-биологии мамлакат аст. Дар чумхури заминаи рушди ин соха вучуд дорад, хочагихои алохидаи давлати ва фермери фаъоланд ва бозори истеъмоли моро то кадре бо гушти мохи таъмин менамоянд, аммо арзиши аслии он хеле кимат ва тамоми кишрхои чомеа имкони харидори ва истеъмолии онро хануз надоранд.

Аз руи маълумотхое, ки мо дар дар даст дорем, холо дар чумхури 12 зоти мохи парвариш меёбад, вале зотхои мохихои дарёхою кулхои табии пурра омухта нашуданд. Тадбирхои мушаххас бобати пешгирии касалихои сироятие, ки дар дарёхою обанборхо пахн гашта ва он боиси талафоти мохи ва тухми он шудааст, бояд рохандози шавад. Дар бозори мо асосан чор зоти мохи ба фуруш гузошта шудааст. Сайди мохи дар чумхури вобаста ба инкишофи биологии он ба эътибор гирифта намешавад. Кочоки мохи аз обанборхои бузурги мо хануз идома дошта, пеши рохи он пурра гирифта нашудааст. Рушди табиии мохипарвари дар обанборхо диккату эътибори чиддиро такозо мекунад.

Ба мушохида мерасад, ки обанборхои мо дар мавзехои обпартои турхои мухофизати надоранд, хангоми ба дарёхо сар додани об миллионхо мохичахо аз обанборхои шароиташон муътадил ба водихо сарозер шуда, аз инкишоф монда ва ё 80-90 дарсади онхо талаф меёбанд. Загорамохи дар обанборхою кулхои мо бештар ба чашм мерасад, чуноне мутахассисон мегуянд, ин мохии пурнасл соле 10 хазор тухм мегузорад, вале бо ин сабабхо 3-4 хазор тухми он боки мемонаду халос. Тадкикотхо нишон додаанд, ки дар болоби обанбори Бахри Точик, ба тагйири вазъи гидрогеологи хамасола тухми мохихои лаккамохи (сом) ва симмохи (леш) зери лойка монда, инкишофи табиии ин ду навъи мохи нигаронкунанда аст.

Ба маврид аст хотирнишон сохт, ки алъон миёни мохипарварони хочагихои алохида дар мавриди парвариши саноатии мохи ва ба бозор баровардани мохи ракобат дида мешавад. Дар аксар маврид дар парвариши саноатии мохи ва ба бозор баровардани мохи ракобат дида мешавад. Дар аксар маврид барои пушонидани харочотхо инкишофи биологии мохихо ба эътибор гирифта намешавад. Мохихои хануз вазнногирифтаро шикор карда, ба бозор пешкаш мекунанд, аз ин нигох 50 дарсади хочагихои мохипарвар нишондодхои пасти истехсоли доранд.

Ба мушохида мерасад, ки хатто дар хочагихои пешкадами мохипарвари аз хар гектар хавзхо 15-20 сентнери мохи истехсол мекунанд, яъне онхо технологияи анъанавии парвариши мохипарвариро аз даст дода, бештар аз усулхои бобогии мохипарвари кор мегиранд, ки он дар шароити технологияи рушдкунанда ба талабот чавобгу намебошад. Бо мавчудияти имконоти захирахои оби ва шароити мусоиди биологи мохипарварони мо имкон доранд, зотхои хеле сергушти мохиро ба парвариш гиранд. Холо дар чахон беш аз панчох зоти мохи маълум аст.

Дар чумхурии мо гулмохи хеле машхур буда, гушти он хеле лазиз мебошад. Парвариши онро хатто дар кулхои сунъи ба рох мондан мумкин, гулмохи камхур буда, бештар гиёххои гуногунро истеъмол мекунад. Андешидану ба рох мондани парвариши илмии бисёр зотхои мохихо, аз кабили амури сиёх, буффалои амрикои, суфимохи, карпи чарми, мохии сафеди чашмсурх, гурбамохи дар шароити обу иклими чумхурии мо хеле мусоид ва аз нигохи иктисоди хеле фоидаовар мебошанд.

Чумхурии мо бо шароити мусоиди иклими ва захирахои фаровони обие, ки дар ихтиёр дорад, метавонад дар оянда ба яке аз кишвархои содиркунандаи гушти мохи ва махсулоти мохи табдил ёбад. Махсулоте, ки аз мохи истехсол мешавад, дар тавлидоти аксар махсулотхои саноатии дигар истифода мегардад. Паррандапарвари бе орди мохи ва равгани он рушди устувор надорад. Махсулоти мохи дар тиб истифодаи фаровон дорад. Гушти он аз нигохи сифат аз гушти гов боло меистад. Махсулоти мохи дар мачмуъ ба саломатии одам фоидабахш буда, дар организм накши тачзиякунандагиро мебозад. Одамоне, ки доимо махсулоти мохиги истеъмол менамоянд, нури чашмро аз даст надода, доимо саломатанд.

Шароит ва замон такозо менамояд, ки мо бояд ин сохаи аз нигохи иктисоди фоидаоварро боз хам рушд дихем. Хануз хам мутахассисон ба ин назаранд, ки барои ба рох мондани истехсоли саноатии мохи заминаи хуроки нокифоя аст ва мохипарварон якчанд намуди гизохои зарурии ин сохаро бо нарххои баланд аз хорич ворид менамоянд. Хуроки асосии мохи дар хавзхо асосан сабус аст, агар дар чумхури заминхои корам самаранок истифода бурда шаванд, соле барои рушди мохипарвари сад-дусад хазор тонна галла басанда мебошад.

Тачрибаи аксар хочагихои мохипарварии собик, ки хешро бо галла ва дигар махсулотхои зарури таъмин менамунад, фаромуш нашудааст. Инчо факат хавасманди ва дастгирии мохипарварон метавонад ба пешрафти соха мусоидат намояд. Набояд фаромуш сохт, ки дар чумхури пахнои оби аз як дарсад бештар буда, дар аксар обхои равон мохи ва гизохои барои он зарури хеле каманд. Яъне имконоти бо рохи табии афзоиш додани ин соха хеле махдуд мебошад ва мохипарварони мо тачрибаи бо рохи сунъи зинда гардонидани тухми мохиро доранд. Дар обхои на он кадар сарди мо то бист зоти мохихоро парвариш кардан мумкин аст.

Бунёди корхонахои хурд-хурди истехсоли консерваи мохи ва дигар махсулотхои мохиги бояд як бахши барномаи рушди ин соха бошад. Мохихое, ки дар обанборхо парвариш меёбанд ва аз нигохи экологи бартарият доранд, ба консервакунони хеле хам мувофик ва дар бозори чахони ниёз ба онхо бештар аст. Таъсис додани корхонахои истехсоли орд ва равгани мохи ба максад мувофик мебошад. Ин ду намуди махсулот дар чахон аз гушти мохи дида киматтар аст. Дурнамои сохаи мохипарвари дар чумхури умедбахш буда, он руз дур нест, ки сокинони мамлакат бо гушти мохи ва махсулоти худии он таъмин мегарданд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …