Бехтарин ва сабуктарини онхо маскаи гов аст, ки аз саршир гирифта бошанд. Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва тар аст. Агар кухна шавад, гармтар мегардад, вале тариаш мекохад.
Хислатхои шифобахши он: хурдани маска дарунро мулоим мекунад, реш ва моддахои нодаркори чамъшударо мепазонад ва барои хорич шудан мухайё месозад, баданро фарбех мегардонад, гиреххои дар узвхо пайдо шударо мекушояд, дагалии халх ва рохи нафасро ислох мекунад, сурфаи хушкро ба ибро меоварад; варамхои дохили ва беруниро мегардонад ва моддахои нодаркорро аз бадан берун меронад; агар инро бо асал бихуранд, варами пардахои даруни сина ва варами шушро шифо мсбахшад, моддахои нодаркори даруни синаро мепазонад ва барои дафъ шудан мухайё месозад, инак, дафъ мекунад. Агар маскаро ба шакар бихуранд, баданро фарбех мекунад ва агар дар муддати ин тавр хурдан хам бар бадан бимоланд, суръати фарбехшавиро меафзояд. Агар инро бо магзи бодоми талх бихуранд, моддахои зиёдати ва нодаркорро аз даруни шуш дафъ мегардонад. Маскаро бо шарбати гули сурх биёшоманд, феъли давои мусхилро (исхоловарро) катъ мекунад; бо зардии тухми мурги нимпухта хамрох карда бихуранд, сузиши ахлотро ислох мекунад.
70 грамм маскаро бо 35 грамм шакар бихуранд, душвории шошиданро ислох мекунад. Маскаро бар бадан бимоланд, барои бадан гизо мешавад ва ин гуна гизо додани он ба воситаи ворид гаштан дар узвхои гизо нест, балки ба воситаи таъсир дар пусти бадан аст; молиданаш варамхо ва варами баногуш, каши рон ва дахонро мепазонад; инчунин решхоеро, ки бар бадан ва сари тифлон мебароянд, шифо мебахшад; барои захри мори афъи ва хазорпо тарёк мебошад.
Агар маскаро гарм карда, ба милки дандони кудакон бимоланд, баромадани дандони онхоро метезонад. Инчунин молидани маскаи нав шахшули ва дагалии пусти баданро ислох мекунад, бигузор он хох нав ва хох кухна шуда бошад. Агар маскаро бо чадвор даромехта бимоланд, гиреххои дар пардахои майна бударо мекушояд, асабхоро мулоим мегардонад; барои чарохати хичак, шукуфаи пуст, ширинчаи хушк ва кутур даво мешавад, хусусан, ки аввалан баданро бо оби хунук бишуянду баъд маскаро бимоланд ва баъд аз молидани маска бемор худро бояд дар курпа ё чомаи пахтагин бипечонад, то ки арак кунад, хамон руз аз иллатхои мазкур начот меёбад.
Маскаи кухнаро бо савринчони куфтаги хамир карда гузошта банданд, донаи бавосирро чудо ва дафъ мекунад, яъне меафтонад — дар ин бобат маска чи кадар кухнатар бошад, хамон кадар хубтар аст. Агар маскаи мазкурро яксаду як бор ё хеч набошад, чилуяк бор дар оби сард шуста бошанд, дар амали мазкур зудтар таъснр мекунад ва инчунин барои пок гардонидани захм аз рим, ба хам овардани дахани он ва руёнидани гушти солим дар онхо даво мебошад; низ бавосир ва сухтагии оташро шифо мебахшад.
Вале хурдани маскаи бисёр сари меъдаро суст мегардонад, иштихоро мебандад ва агар бисёр хуранд, дарунро меронад. Дар ин холат барои ислохи зарари он чизхои дарунро манъкунанда, шакар, канди сафед ва намак бояд бихуранд. Микдори як бор хурдан аз маскаи нав дар як руз то 100 грамм аст. Агар маска ёфт нашавад, ба чойи ин шири навдушидаро бичушонанд, то панчякаш бухор шуда равад, баъд биёшоманд, раво мебошад.