Конуни Чумхурии Точикистон
Дар бораи маърифати экологии ахоли
Конуни мазкур принсипхои хукуки, ташкили, молияви ва иктисодии сиёсати давлатиро дар сохаи маърифати экологии ахоли ба танзим медарорад.
БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– сиёсати давлати дар сохаи маърифати экологии ахоли – фаъолияти макомоти ваколатдори давлати, ки ба таъмини шароит барои амали намудани омузиши экологии ахоли ва хамохангсозии фаъолияти макомоти давлати, чамъияти ва шахсони вокеи чихати ташаккулёбии фарханги умуми ва тахассусии экологии шахс ва чомеа равона шудаанд;
– маърифати экологи – раванди таълим, ки максади он аз маърифати экологи бахравар кардан, дар рухи маърифати экологи таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарханги экологи, дуруст ва окилона муайян кардани тамоили донишандузи, нишон додани кобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алохида ва ахоли оид ба хифз ва истифодаи табиат иборат мебошад;
– фарханги экологи – кисми таркибии фарханги умумибашари ва миллиест, ки мачмуи муносибатхои ичтимои, арзишхои ахлоки, меъёр ва усулхои таъсири мутакобилаи чамъиятро бо мухити зист дар бар мегирад ва меросан барои ташаккулёбии дониш ва маърифати экологи дар шуур ва ахлоки чамъиятии одамон дар тули хаёт ва фаъолияти наслхо, ки ба хаёти солим, болоравии маънавиёти чамъият, рушди устувори ичтимоию иктисоди, бехатарии экологии кишвар ва хар фарди алохида, мусоидат менамояд;
– дониши экологи – бахши маърифати чамъиятиест, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини мухити зисти бехатар барои инсон равона шудааст;
– дониши экологии хадди акал – хачми камтарини донишхои зарури барои хар як узви чомеа, ки максад аз он истехсоли бехавф ва каммасраф, сарфаи захирахои табии ва энергия, баркарорсозии хочагидори ва дигар фаъолиятхо, инчунин мухити зист ва ташаккули муносибатхои эхтиёткорона ба он мебошад.
Моддаи 2. Принсипхои асосии сиёсати давлати оид ба маърифати экологии ахоли
Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи маърифати экологии ахоли инхоянд:
– кафолати давлатии таъмини омузиши хадди акали донишхои зарурии экологи барои шахрванд;
– хатми будани омузиши фанхои маърифати экологи дар хамаи зинахои системаи таълими;
– ворид намудани масъалахои маърифати экологи дар хамаи барномахои давлатии максаднок ва сохави;
– максаднокии маърифати экологи дар халли масъалахои хифзи мухити зист;
– амали намудани сиёсати давлати дар бахши маърифати экологи;
– ошкорбаёни дар масъалахои чори намудани сиёсати давлати дар бахши маърифати экологи;
– иштироки ташкилотхои чамъияти ва шахрвандон дар амалисозии сиёсати давлати дар бахши маърифати экологи.
Моддаи 3. Максад ва вазифахои Конуни мазкур
- Максади Конуни мазкур аз инхо иборат мебошад:
– фаро гирифтани шахрвандон ва ахли чомеа бо донишхои умумии экологи;
– мусоидат намудан ба ташаккули тарбия ва фарханги экологи, созгории таъсири мутакобилаи инсон, ахли чомеа ва мухити зист, ташаккули шахси хаматарафа инкишофёфта.
- Вазифахои Конуни мазкур чунинанд:
– таъмин ва химояи хукуки шахрвандон оид ба ривочу равнаки донишхои экологи;
– таъмини кафолати хукуки, ичтимоиву иктисоди, ташкили, психологи ва дигар кафолатхо барои ташаккул ва инкишофи таълим, тарбия ва фарханги экологии ахоли;
– таъмини механизмхои ичрои вазифахо дар сохторхои мавчудаи системаи иттилоот ва таълим.
Моддаи 4. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи маърифати экологии ахоли
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи маърифати экологии ахоли ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 5. Маърифати экологи ва фазои иттилооти
Фазои маърифати экологи ва иттилоотии давлати системаи воситахои ахбори омма, иншооти гуногуни сохахои фаъолияти инсон (истехсолот ва хизматрасони), фарханг ва фарогат, туризм ва варзиш, мачмаахои табии (мамнуъгоххо, ёдгорихои табии, богхои милли), инчунин мачмаахои таърихи – меъмори, мавзеъхои шахри ва дехотиро дар бар мегирад, ки дар якчояги бо шабакаи муассисахои таълими ба фарохам овардани шароити мувофик барои ташаккули фарханги экологии чамъияту шахс равона шудаанд.
Моддаи 6. Доираи татбики Конуни мазкур
Конуни мазкур тамоми сохторхои давлати, ташкилотхои чамъияти, муассисахои таълими ва истехсоли, воситахои ахбори омма, истифодабарандагони табиат, ахли чомеа ва шахрвандонро фаро мегирад.
БОБИ 2. СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АХОЛИ
Моддаи 7. Системаи маърифати экологии ахоли
Системаи маърифати экологи кисми таркибии системаи ягонаи тахсилоти Чумхурии Точикистон мебошад. Он мачмуи меъёрхои бо хам алокаманди давлатии тахсилот, барномахои таълимии зинаю самтхои гуногун буда хамгироии омузиш ва фаъолияти муассисахои таълими, макомоти идораи маорифро таъмин менамояд.
Моддаи 8. Сохтори системаи маърифати экологии ахоли
- Маърифати экологии ахоли зинахои зерин дорад:
– маърифат ва тарбияи экологии томактаби (маърифати экологи дар оила ва муассисахои томактаби);
– маърифати экологи дар тахсилоти умуми;
– маърифати экологи дар тахсилоти ибтидоии касби;
– маърифати экологи дар тахсилоти миёнаи касби;
– маърифати экологи дар тахсилоти олии касби;
– маърифати экологи дар тахсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълими;
– маърифати экологи дар тахсилоти махсус ва иловаги;
– маърифати экологии табакахои васеи ахоли, аз он чумла дар Куввахои Мусаллах.
- Таълими фанхои марбути экологияи хамаи зинахои тахсили системаи маориф бо риояи меъёрхои давлатии тахсилот ба рох монда мешаванд.
Моддаи 9. Барномахои давлатии маърифати экологии ахоли
- Асоси ташкилии сиёсати давлати дар сохаи маърифати экологи барномаи комплексии давлатии маърифати экологии ахоли мебошад.
- Маърифати экологи дар Чумхурии Точикистон мувофики барномахои давлати татбик мегардад. Барномахо аз чониби макомоти ваколатдори идораи давлати бо чалби ташкилотхои чамъияти тахия карда мешаванд. Салохияти ташкилотхои чамъиятиро конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд. Барномахо мутобики талаботи меъёрхои давлати тахия мешаванд.
Моддаи 10. Маблаггузории системаи маърифати экологии ахоли
Масъалахои татбик, маблаггузори ва сертификатсияи барномахои комплекси, максаднок, сохави ва махаллии Чумхурии Точикистон бо тартиби муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд. Ичрои барномахои давлатии маърифати экологии ахоли бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон маблаггузори карда мешавад.
БОБИ 3. ИДОРАИ СИСТЕМАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АХОЛИ
Моддаи 11. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи маърифати экологии ахоли
Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи маърифати экологии ахоли аз инхо иборат аст:
– муайян кардани самтхои асосии сиёсати давлати дар ин соха ва фарохам овардани шароит барои амали намудани онхо, ташкили системаи маърифати экологи дар сатхи чумхури;
– тахия ва амали намудани барномахои комплексии давлатии маърифати экологи ва дигар барномахои максаднок ва сохави, ки масъалахои маърифати экологиро дар бар мегиранд;
– иштирок дар тахияи барномахои байналмилалии таълимии экологи;
– мукаррар намудани тартиби сертификатсияи фаъолияти муассисахои таълими ва ташкилотхо оид ба масъалахои ташкили маърифати экологи ва бакайдгирии давлатии онхо;
– мукаррар намудани тартиби санчиши малакаи касби – экологии хизматчиёни давлати ва мутахассисоне, ки фаъолияташон ба расонидани таъсири зарарнок ба мухити зист ва саломатии инсон вобастаги дорад, инчунин ходимони сохахои маориф, хифзи саломати, илм ва фарханг;
– тайёр намудани мутахассисони эколог, кадрхои илмию педагоги ва хизматчиёни давлати барои сохаи маърифати экологи ва баланд бардоштани савияи дониши онхо;
– таъмини системаи маърифати экологи бо маводи илмию методи ва иттилооти.
Моддаи 12. Салохияти макомоти махаллии хокимияти давлати ва худидоракунии шахрак ва дехот
Ба салохияти макомоти махаллии хокимияти давлати ва худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи маърифати экологии ахоли инхо дохил мешаванд:
– ташкил ва таъмини системаи маърифати экологи дар сатхи махал;
– таъсиси комиссияи байниидоравии минтакави дар бахши маърифати экологи;
– иштирок дар тахия ва амали намудани барномахои давлати дар сохаи маърифати экологи;
– тахия ва амали намудани барномахои махалли дар сохаи маърифати экологи;
– таъмин намудани муассисахо, ташкилотхо ва макомоти идоракуние, ки ба фаъолият дар сохаи маърифати экологи машгуланд, бо маводи иттилооти ва илмию методи;
– санчиши малакаи касби – экологии хизматчиёни давлатии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки ба масъалахои маърифати экологи машгуланд;
– ташкили системаи тайёркуни ва такмили ихтисоси кадрхои педагоги ва идоракуни дар системаи маърифати экологи, мутахассисони эколог, кормандони воситахои ахбори омма, фарханг, рохбарон ва шахсони мансабдори макомоти махаллии хокимияти давлати, ташкилотхо, мутахассисон ва шахрвандоне, ки фаъолияташон ба мухити зист ва саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонад;
– назорат ва таъмини ичрои конунгузори дар сохаи маърифати экологи.
Моддаи 13. Иштироки ташкилотхои чамъияти ва шахрвандон дар маърифати экологи
- Дар сохаи маърифати экологии ахоли ташкилотхои чамъияти ва шахрвандон чунин хукукхо доранд:
– омода намудани пешниходхо чихати такмил ва амали сохтани сиёсати давлати дар сохаи маърифати экологи;
– ширкат дар озмунхо барои тахияи лоихахо оид ба маърифати экологи;
– ширкат дар омода намудани барномахои хамкорихои байналмилали дар сохаи маърифати экологи.
- Ташкилотхои чамъияти ва шахрвандон фаъолияти маърифати экологиро дар асоси сертификати давлатие амали менамоянд, ки тартиби гирифтани онро конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст.
- Ташкилотхо ва шахрвандоне, ки ба фаъолияти маърифати экологи машгуланд, хукуки ба макомоти дахлдор дархост пешниход намудан ва гирифтани маълумоти дакики экологиро доранд.
- Хар як шахрванд хукуки гирифтани дониши экологиро дорад.
- Падару модар ва шахсони ба онхо баробар кардашуда вазифадоранд, ки кудаконро дар рухияи муносибати гамхорона ва масъулиятшиноси нисбат ба мухити зист тарбия намоянд.
Моддаи 14. Хамохангсозии фаъолияти байниидорави оид ба маърифати экологии ахоли
- Барои тахияи пешниходхо оид ба масъалахои маърифати экологи ва хамохангсозии фаъолият байни макомоти ичроияи хокимияти давлати ва ташкилотхои манфиатдор дар сохаи маърифати экологи комиссияхои байниидорави таъсис дода мешаванд.
- Комиссияи байниидоравии давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон таъсис медихад.
- Комиссияи байниидоравии минтакавиро макомоти махаллии хокимияти давлати таъсис медиханд.
- Ба хайати комиссияи байниидоравии давлати намояндагони вазорату идорахои мутасаддии сохахои маориф, илм, фарханг, варзиш, иктисод, молия, тандурусти ва назорати санитарию эпидемиологи, мехнат, мудофиа, холатхои фавкулодда, корхои хоричи, хифзи мухити зист ва воситахои ахбори омма шомил карда мешаванд.
- Ба хайати комиссияи байниидоравии махалли намояндагони макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати шомил карда мешаванд.
Моддаи 15. Хамкории байналмилали дар сохаи маърифати экологии ахоли
Хамкории байналмилали дар сохаи маърифати экологии ахоли дар асоси конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, амали карда мешаванд.
БОБИ 4. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 16. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 17. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конун мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон
ш. Душанбе
29 декабри соли 2010,
№ 673