Главная / Илм / МУРДАЗОи

МУРДАЗОи

murdazoiМУРДАЗОи, фавтидани тифл дар давраи хомилаги (марги батнимодари) ё зодан (марги зоиши). Сабаби асосии М. беморихои сироятии модар (ангезанда ва захри он ба воситаи машима ба чанин таъсир мерасонад) ва токсикозхои хомилаги (хусусан нефропатия ва эклампсия), ки боиси гипоксияи кудак мешаванд, ба шумор мераванд. Хамчунин мумкин аст нукси дил, бемории гипертония, нефрит, камхуни, гиповитаминозхо, захролудии шадид ва музмин (мас., аз сурб, фосфор, симоб, шароб), зарбу лат низ боиси М. шаванд. Бисёр вакт номувофикатии хуни модар ва кудак аз руи резус-омил низ бо М. меанчомад. Дар давраи таваллуд кудак аз сабаби норасоии шадиди оксиген (дар натичаи бармахал кучидани машима рух медихад), дар гардан печидани банди ноф ё гирех задани он, суст будани дарди зоиш ва г. мефавтад. Хамчунин омилхои дигаре низ вучуд доранд, ки дар мавриди онхо тифл мумкин аст вафот ёбад (мас., эндометрит, омосхо, нодуруст чойгир будани бачадон, пеш чойгир будани машима, дароз ё кутох будани ноф, бисёр ё кам будани об ва г.).
Аломатхои фавти кудак дар давраи аввали хомилаги калон нагаштани бачадон ва ба мухлати хамл мувофикат накардани андозаи он, сахт шудани пистонхо ва г. мебошанд. Баъзан сустию бехоли, эхсоси гарони дар шикам ба мушохида мерасанд. Дар давраи дуюми хомилаги дар баробари нишонахои мазкур дигар аломатхои хос низ падид меоянд, мас., хангоми аускултатсия дигар шунида нашудани садои кори дил ва аз харакат мондани кудак. Нишонаи М. дар давраи таваллуд катъ шудани таппиши дили кудак аст.
Хангоми гумонбар шудан аз фавти тифл зани хомиларо зуд ба беморхона бурдан лозим аст. Дар ин чо ташхисоти гуногун гузаронда, барои берун овардани тифли фавтида тадбирхо меандешанд.
Бо максади пешгирии М. занхои хомила бояд зери назорати духтурони махалла ва машваратгохи тиббии бонувон бошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …